ДАСТОВАРДҲО НАЗАРРАСАНД

24-10-2019
23-юми октябри соли 2019 дар толори Иттифоқи касабаи Тоҷикистон маҷлиси Раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. 
Дар оғоз гузориши Р. Одиназода-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли 2019» шунида шуд.
Р. Одиназода иттилоъ дод, ки ҳифзи манфиатҳои иҷтимоӣ, меҳнатӣ ва касбию зеҳнии аъзоёни иттифоқи касаба яке аз ҳадафҳои асосии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар маҷмӯъ 135 адад муроҷиат ба  унвони раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12% муроҷиати шаҳрвандон коҳиш ёфтааст, ин шаҳодати он аст, ки муроҷиатҳои шаҳрвандон аз тарафи ташкилотҳои маъмурию ҳудудӣ саривақт баррасӣ гардида истодааст. 
Сипас, Қ.Раҳимов-мудири шуъбаи ташкилӣ, кор бо кадрҳо ва коргузорӣ дар бораи вазъи иҷрои талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқуқӣ ва низоми коргузорӣ дар кумитаҳои иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ВМБК, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав, Р. Содиқзода-мутахассиси шуъбаи робита бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалӣ доир ба вазъи иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, Ш. Расулов-сарнозири шуъбаи меҳнат ва ҳуқуқ оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №147 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» ва И. Хуҷаев-сардори раёсати молия, банақшагирӣ ва хоҷагидорӣ оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №103 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар соли 2019» гузориш доданд.
Дар кори маҷлис, инчунин масъалаҳои шомил намудани Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Муассисаи давлатии таълимии “Мактаб-интернати таҳсилоти умумии ҷумҳуриявии тамоюли варзишии ба номи Иброҳим Ҳасанов”-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар охир, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои раёсат, роҳбарони ташкилотҳои маъмурию ҳудудӣ супориш дод, ки ҷиҳати иҷрои босифати қарорҳои раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд.
Маркази матбуот