Эълони Агентии федералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

13-11-2019
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталабон мерасонад, ки Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Россия ҷиҳати иштироки донишҷӯён дар лоиҳаи нави рушди саводнокии рақамии донишҷӯён бо истифодаи барномаҳои таҳсили фосилавӣ, ки бо дастгирии Агентии федералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанон дар хориҷа ва ҳамкориҳои байналмилалии гуманитарӣ (Россотрудничество) амалӣ карда мешавад, даъват ба амал овардааст.
        Доир ба иштирок дар чорабинии мазкур довталабон метавонанд  аз   суроғаи электронии aazizova@fa.ru маълумоти муфассалро дарёфт намоянд.