ХАМКОРИҲО ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

01-04-2019
1-уми апрели соли ҷорӣ дар бинои Иттифоқҳои касаба вохӯрии аъзоёни раёсати Иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзоёни раёсати Иттифоқи касабаи маориф ва тадқиқоти илмии Миср баргузор гашт.  Дар он Р. Одиназода-раиси Иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷаноби Ҳошим Абдулазиз Ҳасан Радван ва аъзои раёсати Иттифоқи касабаи маориф ва тадқиқоти илмии Миср иштирок доштанд. Вохӯрӣ бо пешвозгирии самимона ва меҳмонавозии тоҷикона шурӯъ шуда, сипас, дар толори Иттифоқи касаба ҷаласа бо иштироки ҳозирин доир гашт.  Дар оғози ҷалласа Р. Одиназода иброз дошт, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мисрро созишномаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Миср дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва техникию илмӣ ташкил намуда, дар заминаи созишномаҳое, ки миёни ду кишвар дар соҳаи маориф ба имзо расидаанд, бо истифода аз бурсияҳои давлатӣ табодули муҳассилин вуҷуд дорад ва даҳҳо донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Қоҳира ва Айни Шамс дар Миср ва теъдоди зиёди донишҷӯён ва аспирантҳои мисрӣ дар Тоҷикистон таҳсил карда, ба ватани хеш баргаштанд. 
Зимнан Ҷаноби Ҳошим Абдулазиз Ҳасан Радван барои пазироии самимона изҳори сипос намуда, қайд кард, ки вохӯрии мазкур заминаи хубе барои густариш ва идомаи ҳамкориҳои судманд дар соҳаи маориф ва илми ду кишвар хоҳад шуд. 
Дар қисмати дуюми рӯз меҳмонон ба факултети забонҳои Аврупо ва Осиёи Донишгоҳи милли Тоҷикистон ташриф оварда, бо устодон ва дониҷӯёни ин боргоҳ суҳбати самимӣ оростанд.
Саймуҳаммади ИЗАТТУЛЛО