Ифтитоҳи VIII-умин намоишгоҳи байналмилалии «Таҳсилот дар Россия. Душанбе-2019»

11-04-2019
11-уми апрели соли 2019 дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия VIII-умин намоишгоҳи байналмилалии «Таҳсилот дар Федератсияи Россия. Душанбе-2019» баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи мазкур Лутфия Абдухолиқзода – сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳматулло Мирбобоев – муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лякин-Фролов Игор Семёнович – Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Павел Шевтсов – муовини сардори Маркази илмию фарҳангии Россия  “Россотрудничество”, Михаил Вождаев – сардори Маркази илмию фарҳангии Россия “Россотрудничество” дар Тоҷикистон, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россияву ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хонандагону валидон ширкат варзиданд. Дар намоишгоҳи мазкур 53 муассисаи таҳсилоти олии Федератсияи Россия иштирок намуда, дастовард ва имконоту шароитро дар муассисаҳо муаррифӣ мекунанд.
Зулфия Абдухолиқзода дар маросими ифтитоҳии намоишгоҳ қайд кард, ки аз қадим илму дониш дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи махсусро касб менамояд ва тамоми дунё донишмандонро новобаста аз миллаташон арҷгузорӣ мекунанд. Намоишгоҳи мазкур ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи намояндагони Федератсияи Россия гузаронида мешавад, ки яке аз мавқеъҳои калидиро дар самти рушди ҳамкорӣ ва густариши муносибатҳои тарафайн касб менамояд.
Раҳматулло Мирбобоев иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф диққати махсус зоҳир намуда, барои инкишофи соҳа чораҳои заруриро роҳандозӣ намудааст. Дар намоишгоҳи мазкур ба ғайр аз шиносоии довталабон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия, инчунин намояндагони муассисаҳои мазкур метавонанд бо донишгоҳҳои олии қаламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон шарномаҳои ҳамкорӣ банданд.
-То имрӯз ҳазорҳо шаҳрванд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба Федератсияи Россия рафта, дониш ва касбҳои талаботи замонро аз худ намудаанд. Соли аввал дар намоишгоҳи мазкур ҳамагӣ 5 донишгоҳи олии Федератсияи Россия иштирок намуд ва имрӯз ин шумора ба 53 расидааст. Ин барои ҳарду кишвар дастоварди хуб ба шумор меравад, – таъкид намуд, Лякин-Фролов Игор Семёнович.
Намоишгоҳи мазкур то 13-уми апрели соли ҷорӣ идома хоҳад кард, ки довталабон ва хоҳишмандон метавонанд ширкат намоянд ва ин имконияти хубест барои довталабон баҳри дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳои Федератсияи Россия.




Аҳмадшоҳи Масъуд