Лагерҳои тобистона дар Бадахшон ба қабули 2 ҳазор нафар истироҳаткунанда омода ҳастанд

04-07-2018
Дар мавсими имсола дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 2 ҳазор нафар кӯдакону наврасон дар лагерҳои тобистона дам мегиранд.
Муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Алигавҳар Алигавҳаров ба хабарнигори АМИТ “Ховар” гуфт, ки «дар ҳудуди вилоят 10 лагери тобистона мавҷуданд ва онҳо ҳамасола қабл аз қабули хонандагон мавриди санҷиши ҳайати комиссияи махсус, иборат аз кормандони соҳаи маориф, хадамоти оташнишонӣ, маркази санитарию эпедимологӣ қарор мегиранд. Барои як қисми ин ин лагерҳо шуъбаҳои маориф ва қисми дигар, кумитаи иттифоқҳои касаба, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо маблағ ҷудо кардаанд. Санҷиш нишон дод, ки лагерҳои «Саодат»-и ноҳияи Шуғнон, «Сағирдашт»-и ноҳияи Дарвоз, «Зинг»-и ноҳияи Ванҷ ва «Маърифат»-и ноҳияи Рӯшон ба мавсими имсола омодагии бештар дидаанд».
Мутобиқи нақша, кӯдакону наврасон дар баробари истироҳат ва сайру саёҳат, ҳамчунин ба дарсҳои «Ахлоқу маърифат» ҷалб карда мешаванд. Дар ин дарсҳо ба онҳо тарзи дурусти баҳсу мунозира оид ба ин ё он мавзӯъ, муомилаву муошират бо калонсолон, аҳамияти донишомӯзиро ёд медиҳанд. Ин гуна дарсҳоро бо кӯдакону наврасон  донишҷӯёни донишгоҳҳои олии мамлакат  мегузаронанд.
Ба гуфтаи муовини сардори Раёсати маорифи вилоят, як гурӯҳ кӯдакону наврасон бо кумаки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар лагерҳои шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дигари мамлакат истироҳат мекунанд.