НАХУСТИН ҶАЛАСАИ ИТТИФОҚИ РУШДИ БАХШИ ХУСУСИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР ГАШТ

10-07-2020
  9-уми июл дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири маориф ва илм Диловар Қодирзода нахустин ҷаласаи Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ баргузор гардид. 
   Дар кори ҷаласа намояндагон аз як қатор вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ ширкат намуда, аз дастовард ва муваффақиятҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат ва истеҳсолот ёдовар шуда, ҳамзамон проблемаву мушкилоти мавҷударо дар самти тайёр кардани мутахассисони соҳаи саноату истеҳсолот мавриди баррасӣ қарор доданд.
   Иштирокчиён, инчунин, дар мавриди дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳа, ҷалби грантҳо барои амалигардонии барномаҳои таълимӣ, барқарор кардани робитаи зичу мустаҳкам миёни корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ, фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мусоид барои анҷоми корҳо ва машѓулиятҳои амалии донишҷӯён дар муассисаҳои таълимӣ ва фазои муносиби гузаронидани давраи таҷрибаи истеҳолӣ дар коргоҳу корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ ибрози андеша намуданд. 
  Дар охир муовини вазири маориф ва илми кишвар аз иштирокчиёни ҷаласа даъват ба амал овард, ки барои дар сатҳи баланд ва ҳарчи зудтар дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат - аз кишвари аграрию индустриалӣ ба кишвари индустриалию аграрӣ табдил додани ҷумҳурӣ тамоми чораҳо андешида шавад. 
   Гуфта шуд, ки баргузории чунин ҷаласаҳои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон дар оянда ҳам ба нақша гирифта шудааст ва қарор аст, ки минбаъд дар кори ҷаласаҳо соҳибкорону роҳбарони коргоҳҳои хусусии кишвар, омӯзгорону донишҷӯёни соҳаи саноату истеҳолот ва алоқамандони дигар ҷалб карда шаванд.
Суннатуллоҳи МИРЗО