НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ГАНҶ”-И ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ 

14-01-2022
14-уми январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии “Ганҷ”-и Вазорати маориф ва илм баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён, муовинони вазири маориф ва илм, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода, намояндаи дастгоҳи марказии ҲХДТ Фарзӣ Файзизода, сардори шуъбаи тарғибот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур  Муҳаммад Вализода,  сардорони раёсату шуъбаи дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарон ва кормандони муассисаҳои тобеъ  иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ М. Саломиён-муовини якуми вазири маориф ва илм қайд намуд, ки таваҷҷуҳу ғамхории пайвастаи Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозад, ки барои рушди бемайлони соҳаи маориф, беҳтар гардонидани сифати таҳсилот, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва иҷрои тамоми дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат бо азму иродаи қавӣ фаъолият намуда, барои ояндаи дурахшони кишвари худ ҷаҳду талоши бештар намоем.
Сипас, муовини Раиси ташкилоти ибтидоии “Ганҷ”- и Вазорати маориф ва илм Гулчеҳра Ғанизода вобаста ба фаъолияти Ташкилоти ибтидоии “Ганҷ”-и Вазорати маориф ва илм дар соли 2021 ҳисобот дода, иброз дошт, ки ташкилоти ҳизбии “Ганҷ” фаъолияти худро дар доираи Оиннома ва Барномаи амали ҳизб ба роҳ монда, дар партави сиёсати Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомотҳои болоии ҳизб, аз ҷумла Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. 
Муовини вазири маориф ва илм илм Г.Ғанизода, инчунин, таъкид намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» фаъолият намуда, барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд.
Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, неруи зеҳнии қишрҳои фаъоли ҷомеа, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарияти олии ҳизб ва аъзоёни он дар соҳаи маориф ва илм маҳсуб мегардад.
Дар идомаи маърӯзаи ҳисоботӣ муовини вазири маориф ва илм фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Ганҷ” ва дар маҷмуъ, фаъолияти соҳа, аз ҷумла самтҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва баъдидипломӣ, илм ва инноватсия, маблағгузории соҳа ва таъминоти муассисаҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ, таъминоти муассисаҳо бо китобҳои дарсию бадеӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, сохтмону муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ ва дигар масъалаҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. 
Сардори шуъбаи сифати таҳсилот М. Давлатова ва сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак Ҷ. Бобоҷонов ба музокира баромада, пиромуни фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Ганҷ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андешаҳои судманд иброз намуда, фаъолияти ташкилоти номбурдаро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобиданд.
Ҳамзамон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки меҳвари асосии барномаи ҳизбӣ ва қувваи асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон соҳаи маориф аст. Ягон иқтидор ва неруе бузургтар аз иқтидори соҳаи маорифу илм нест. Аз ин ҷост, ки қисмати бахши рушди маориф ва илм дар барномаи пешазинтихоботии ҳизб дарҷ гардидааст ва ин барнома дар амал татбиқшаванда аст. 
Дар фарҷом, ба як қатор  кормандони Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва аз ҷониби Дастгоҳи марказии ҲХДТ ба кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ифтихорнома” ва “Сипоснома” тақдим гардид.
Зайнаб ҲУСЕЙНОВА