НИШАСТИ МАТБУОТИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДОИР ГАРДИД

17-07-2020
   17-уми июли соли равон тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои олӣ, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2020 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри 2011, №АП-1729 дар толори маҷлисгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии Вазорати маориф  ва илм бо иштироки вазири маориф ва илм М. Имомзода, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ва намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид.
   Дар нишаст 61 намояндаи расонаҳои иттилоотии дохиливу хориҷии кишвар, аз ҷумла шабакаҳои телевизионии «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», «Душанбе», радиоҳои «Ховар»,  «Радиои Тоҷикистон», «Садои Душанбе», «Овози тоҷик», рӯзномаҳои «Садои мардум», «Народная газета», «Халқ овози», «Минбари халқ»,  «Омӯзгор», «Ҳомии омӯзгор», «Баҳори Аҷам» «Мароми пойтахт», «Паёми Душанбе», «Тоҷикистон», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Пайёми донишҷӯ», «СССР», «Азия плюс», «Вечёрка», «Фараж», «Дайджест-пресс», маҷаллаҳои «Бонувони Тоҷикистон», «Тоҷикистон», «Маорифи Тоҷикистон», «Маърифати омӯзгор», «Русский язык и литература в школах Таджикистана», «Ҳарфи омор», оҷонсиҳои иттилоотӣ ва хабаргузориҳои «Ховар», «Авесто», «Озодӣ», «Спутник», «ВВС», «ИТАР-ТАСС», «Мир», «Интерфакс», «Рейтер», «РИА Новости», «Россия сегодня», намояндагони Ассосиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон иштирок намуданд. 
   Сараввал вазири маориф ва илми кишвар М. Имомзода зимни сухани ифтитоҳӣ иттилоъ дод, ки вобаста ба самтҳои муҳими соҳа ва фаъолияти вазорат дар шашмоҳаи якуми соли 2020 Варақаи иттилоотӣ таҳия шуда, се рӯз қабл аз нишасти матбуотӣ расман ба 32 нашрия, 4 оҷонсӣ, 10 телевизион, 9 радио ва беш аз 150 нафар рӯзноманигору намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ирсол гардида, дар рафти нишаст нусхаи чопии он дастраси иштирокдорони аҳли нишаст гардонида шуд.
   Ҳамзамон, аз ҷониби рӯзноманигорон як қатор саволҳо вобаста ба оғози соли хониши 2020-2021 дар муассисаҳои таълимӣ ва омодагии муассисаҳо ба соли нави таҳсил, вазъи донишҷӯёни тоҷики дар хориҷи кишвар қарордошта, сохтмони 5 мактаб аз ҷониби Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини муассисаҳои таълимӣ барои ақаллиятҳои миллӣ бо омӯзгорон ва китобҳои дарсӣ, норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ,  қабули кӯдакон ба синфи 1 ва чанде дигар пешниҳод гардид, ки аз ҷониби вазири маориф ва илм М. Имомзода, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ посухҳои мушаххас гардонида шуд. 

Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон