НИШАСТИ ОНЛАЙНИИ МАОРИФИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ БЕЛОРУС БАРГУЗОР ШУД

19-06-2020
    18-уми июни соли ҷорӣ нахустин ҷаласаи муштараки онлайнии Гурӯҳи кории Тоҷикистону Белорус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология баргузор гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Д.Қодирзода, муовини раиси Кумитаи давлатии илм ва технологияи Ҷумҳурии Беларус С.Шербаков ва масъулини маориф ва илми кишарҳо ширкат варзиданд.
   Зимни нишаст ҷонибҳо вобаста ба вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои илмию техникии Ҷумҳурии Белорус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки илмию техникии ҳамкориҳо, эълони озмунҳои муштарак дар самти лоиҳаҳои илмию техникӣ барои соли 2021-2022, баргузор намудани ҳамоишҳои муштаракӣ илмӣ ва илмӣ-техникӣ, аз ҷумла конфронс, семинар, намоишгоҳ, ба роҳ мондани мубодилаи таҷрибаи олимону муҳаққиқон, рушди имкониятҳо дар самти мубодилаи иттилооти илмӣ-техникӣ ва чанде дигар мубодилаи афкор намуданд. 
   Ҳамчунин, аъзоёни Гурӯҳи кории Тоҷикистону Белорус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология ба мувофиқа расиданд, ки барои танзими фаъолияти минбаъда Низмономаи гурӯҳи корӣ ва Барномаи иҷрои ҳамкориҳои илмӣ, техникӣ ва инноватсионӣ барои солҳои 2020-2021 таҳия ва тасдиқ карда шавад.
 
Суннатуллоҳи МИРЗО