НИЗОМИ АВТОМАТИКУНОНИИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ

28-10-2019
25-уми октябри соли ҷорӣ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Низоми автоматикунонии раванди таълим» баргузор гашт.
Дар семинар муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Давлатзода, ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Ғафурзода ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ширкат варзиданд. 
Зимни сухани ифтитоҳии худ С. Давлатзода иброз дошт, ки мақсади семинари имрӯза татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи маориф ва илм ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар идома М. Мавлоназаров-мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоот дар мавзӯи «Зарурияти истифодаи барномаи низоми автоматикунонии раванди таълим» ва М. Ибодуллоев-директори Фонди ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет оид ба низоми автоматикунонии раванди таълим ва амалияи кор тавассути он суханронӣ карданд.
Дар охир миёни иштирокчиён оид ба масъалаи баррасишаванда мубодилаи афкор сурат гирифт.
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО