ОИД БА ЛОИҲАИ “БИЁ, ҲАМРОҲ ОМӮЗЕМ” ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСИД

02-08-2022
2-юми августи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба амалисозии лоиҳаи нави Агентии рушди байналмилалии ИМА дар Тоҷикистон (USAID) “Биё, ҳамроҳ омӯзем” доир гардид, ки Ёддошти тафоҳумро вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ва роҳбари ЮСАИД дар Тоҷикистон Питер Райли имзо намуданд. Дар маросими баимзорасонӣ муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Шукрулло Хайрзода, роҳбари лоиҳаи нави ЮСАИД “Биё, ҳамроҳ омӯзем” Филип Батерфил, муовини роҳбари лоиҳаи нави ЮСАИД “Биё, ҳамроҳ омӯзем” Накҳат Абдулафизов, мудири шуъбаи маорифи ЮСАИД дар Вашингтон Эвилин Ҷонс ва дигар намояндагони ҳарду ҷониб иштирок намуданд. 
Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи “Биё, ҳамроҳ омӯзем” як ҷузъи таркибии барномаи кумаки техникиву иқтисодии Ҳукумати ИМА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи лоиҳаи “Њамроњ бихонем” аст. Кумаки дар доираи лоиҳа пешниҳодгардида, дар маҷмуъ, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар расидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, аз ҷумла беҳтар намудани сифат ва аҳамияти таҳсилот ва тақвияти идоракунии низоми таҳсилот дар ҳамаи сатҳҳои низоми маориф дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки моњи июли соли 2017 оид ба фаъолият оѓоз намудани лоињаи “Њамроњ бихонем” Ёддошти тафоњум миёни вазорат ва ЮСАИД ба имзо расида буд ва мақсади асосии лоиҳаи мазкур тақвияти натиҷаҳои хониши хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии мақсадноки лоиҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Муҳлати лоиҳа панҷ сол буда, аз моҳи октябри соли 2016 то моҳи сентябри соли 2021 идома ёфта, дар самти зиёд намудани дастрасӣ ба маводи босифати хониш, такмили ихтисоси омӯзгорон оид ба таълими хониш ва арзёбии рушди малакаҳои хониш, пешниҳоди навовариҳо ва рушди ҳамкориҳо барои дастгирии дастовардҳои таълимии хониш, инчунин рушди дастгирии Ҳукумат дар самти тақвияти хониш фаъолият намуд.
Дар натиҷа, аз ҷониби лоиҳа дар мувофиқа бо вазорат, дар маҷмуъ, 179 номгӯй китоби бадеии кӯдакона ба теъдоди зиёда аз 1 300 000 нусха бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ барои синфҳои ибтидоӣ ба 3001 муассисаи таълимии такиягоҳии лоиҳа ба тариқи ройгон дастрас гардид. Ҳамчунин, дар ин замина, 16 номгӯй айёнияти таълимию методӣ низ ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шуд. 
Ҳамзамон, беш аз 7400 нафар омӯзгор ба омӯзишҳо аз рӯйи сохтори “Омӯзиши омехта” фаро гирифта шуд. Дар маҷмуъ, аз соли 2018 то моҳи апрели соли 2021 зиёда аз 27 500 омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, 2590 директор ва зиёда аз 3000 китобдори муассисаҳои таълимӣ бо мақсади тақвияти малакаҳои хониш, инчунин, банақшагирӣ ва гузаронидани чорабиниҳои беруназдарсӣ оид ба бедор намудани шавқи хондан ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. 
Таҳия ва озмоиши барномаи таълимӣ барои факултаҳои Методикаи таълим дар синфҳои ибтидоӣ бо дарназардошти педагогикаи муосир, ки дар самти такмили ихтисоси омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ равона карда шудааст, ба интиҳо расида, татбиқи амалии он дар 22 муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли таҳсили 2020-2021 татбиқ карда шуд. 
 
Бахтовар Сафаров