Ғолибон қадрдонӣ шуданд

29-06-2018
Бо ибтикори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар як даври фарогирии кӯдакон ва наврасон ба истироҳат дар Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Файзи истиқлол» тибқи низомномаи тасдиқгардида озмуни «Китобхони беҳтарин» гузаронида мешавад. Аз ҷумла, 28-уми июни соли ҷорӣ дар даври ҷамъбастии басти аввал дар байни 400 нафар истироҳаткунандагон чунин озмун гузаронида шуд ва дар натиҷа маълум гардид, ки Ифтихор Носиралиев -хонандаи синфи 8-и мактаб-интернати №1-и ноҳияи Сино бо гирифтани ҷойи аввал ва Мубориз Ҷӯраев -хонандаи синфи 7-и гимназияи №1-и шаҳри Душанбе ва Исматулло Кароматуллоев - хонандаи мактаби №29-и ноҳияи Темурмалик ғолибони ҷойҳои баъдӣ дониста шуданд. Ба ғолибон мукофоти пулӣ мутаносибат бо маблағи 200, 150 ва 100 сомонӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон, бо ташаббуси маъмурияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Файзи истиқлол» бо се нафар фаъолони дигар - Муҳиба Ёраҳмадова - хонанда аз ноҳияи Восеъ, Қаландарова Оиша - хонанда аз шаҳри Душанбе ва Бобур Оқмирзоев - хонанда аз шаҳри Турсунзода низ  маблағи 50 сомонӣ ба ҳар кадом супорида шуданд.