Омӯзиши забонҳои хориҷӣ масъулият мехоҳад

09-01-2019
Мусаллам аст, ки  омӯ-зиши забонҳои хориҷӣ дар ҷаҳони муосир ба хонанда  имкон медиҳад, ки оид ба тамоми мавзӯъҳо маълумоти бештар ба даст орад. Барои ҷалб намудани хонандагон ба омӯзиши забон аз роҳу методҳои гуногун истифода намудан зарур аст.  
Барои шавқманд ва ҷалб намудани хонандагон дар муассисаи мо озмунҳои гуногун ва ҳафтаҳои фаннӣ гузаронида мешаванд. Дар ин гуна озмунҳо хонандагон аз сатҳи дониши хеш огоҳ мегарданд ва кӯшиш менамоянд, ки барои омӯхтани забон кӯшиши бештар намоянд. Дарс ҳамон вақт шавқовар мегузарад, ки омӯзгор аз методу усулҳои нав ба нав ва технологияҳои муосир самаранок истифода намояд. 
Дарсҳои забони англисӣ бо истифода аз аёният нутқи хонандагонро бурро менамоянд. Омӯзгори забони англисиро мебояд дар гузаронидани машғулиятҳо кӯшиш намояд, бештар аз луғатҳои нав истифода барад. Дар  дарсҳо навиштани калимаҳои мушкилфаҳм дар дафтарҳои алоҳида ва азёд намудани луғатҳо фонди луғавии хонандагонро ғанӣ мегардонад. Ҳар хонанда чӣ қадар бештар калимаҳои англисиро донад, ҳамон қадар дар вақти гуфтугӯ бо забони англисӣ бемушкилӣ суҳбат менамояд ва забони англисиро зуд азбар мекунад.
Бояд хотирнишон сохт, ки ҳанӯз 4 апрели соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон «Дар хусуси такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида буд. Инак, боз барои такомули  омӯзиши забонҳои зикргардида «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020» рӯйи кор аст. Бовар ҳаст, ки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва устодони ин фанҳо тибқи ин барнома ва нишондодҳои Паём амал намуда, шогирдонро ба азхуд кардани забонҳои русӣ ва англисӣ раҳнамоӣ мекунанд.   
Дилбар ХУДОЙНАЗАРОВА, 
директори мактаби рақами 54,  ба номи Л. Шералии ноҳияи Сино