ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ-РУШДИ ҶОМЕА

08-04-2019
8-уми апрели соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия вохӯрии намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ректорону директорон, раисони комиссияи аттестатсияи хатм ва котибони масъули комиссияи қабули муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ баргузор гашт.
Дар оғози чорабинӣ Нуриддин Саид-вазири маориф ва илм баромад намуда, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкурро аз пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ ва аз байн бурдани ин омили номатлуб зимни қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ арзёбӣ намуд. Сипас, Н. Муқимӣ-сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори оммаи сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия доир ба пешгирии содир шудани амалҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф баромад намуд. Ҳамзамон, дар рафти суханронӣ диққати иштирокчиён ба қонунгузории кишвар дар самти мубориза бар зидди коррупсия, вазъи содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ, хавфҳои коррупсионӣ, оқибатҳои зараровари коррупсия ва ба роҳ мондани пешгирии коррупсия ҷалб карда шуд.
Дар идома У.Каримзода-намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, доир ба рафти татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар самти коррупсия ва мусоидат намудан дар самти пешигирӣ аз ҳолатҳои коррупсионӣ ибрози андеша намуд.
Дар охир Нуриддин Саид-вазири маориф ва илм ба ректорону директорон, раисони комиссияи аттестатсияи хатм ва котибони масъули комиссияи қабули муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ як қатор дастуру супоришҳо дода, аз ҷумла таъкид кард, ки зимни баргузории аттестатсияи хатм ва қабули имтиҳоноти давлатӣ, қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ҳангоми шомилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҷиҳатӣ роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ чораҳои судманд андешанд.
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО