САФАРИ КОРИИ ВАЗИР БА НОҲИЯИ ФАРХОР

11-06-2020
 
   10-уми июни соли ҷорӣ бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз вазъи соҳаи маориф, рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти сохташаванда ва омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Имомзода ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод. 
   Зимни боздид аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия вазири маориф ва илм нахуст аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 дидан намуд. Дар рафти суҳбат бо ҳайати омӯзгорону кормандони муассиса иттилоъ дода шуд, ки бинои муассисаи мазкур соли 1969 сохта шуда, дар ҳолати на он қадар хуб қарор дорад. Вобаста ба вазъи ҷойдошта дар муассиса вазири маориф ва илм зикр кард, ки дар ҳолати пайдо шудани имконот мактаби мазкур азнавсозӣ мегардад. 
   Дар идомаи сафар, вазири маориф ва илм аз муассисаи таҳсилоти умумии №16-и ноҳия дидан намуд. Мактаби мазкур соли 1987 сохта шуда, аз ду ошёна иборат мебошад ва айни ҳол ба таъмир ниёз дорад. Баъд аз шиносоӣ бо ҳолати физикии мактаб вазири маориф ва илм бо омӯзгорону кормандони ин муассиса суҳбати гарму самимӣ анҷом дод. Зимни суҳбат иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ майдончаи варзишии болопӯшида сохта ба истифода дода шудааст, ки он барои бозии футбол ва дигар чорабиниҳои варзишӣ пешбинӣ гардидааст. 
   Сипас, дар ҷараёни сафар вазири маориф ва илм аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 дидан намуд. Муассисаи мазкур солҳои 50-уми асри гузашта сохта шудааст. Азбаски вазъи бинои мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, ин мактаб дар ҷойи дигар бо тарҳи замонавӣ ва иборат аз ду ошёна сохта ба истифода дода шудааст. Барои мақсаднок истифода бурдани замини мактаби куҳна вазири маориф ва илм бо раиси ноҳияи Фархор зимни суҳбат ба мувофиқа расиданд, ки дар заминаи мактаби мазкур сохтмони муассисаи таҳсилоти касбӣ ба нақша гирифта шавад. 
   Баъдан, вазир аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и деҳаи Иттифоқи ноҳияи Фархор дидан намуд. Бояд қайд намуд, ки омӯзгорон ва сокинони деҳаи мазкур ба унвонии вазири маориф ва илм бо ариза ҷиҳати сохмони мактаби наву замонавӣ муроҷиат намуда буданд. Мактаби мазкур соли 1949 сохта шуда, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Дар саҳни мактаб омӯзгорон ва фаъолони деҳа ҷамъ омада, бо вазири маориф ва илм М.Имомзода суҳбати гарму самимӣ анҷом доданд. Зимни вохӯрӣ вазир ва омӯзгорону фаъолони деҳа доир ба дастгирию таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи илм ва маориф, риояи дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар оид ба мусоидат намудан дар самти пешгирӣ ва паст кардани шиддати паҳншавии бемории COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ, инчунин, самаранок истифода бурдани замин ва захира намудани маводи хӯрока, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021», омодагии муассисаи таълимӣ ба соли нави таҳсил, ҳамкории волидайн бо мактабу омӯзгор ва чанде дигар мубодилаи афкор намуданд.
   Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки бинои мактаби мазкур дар ҳақиқат фарсуда буда, барои аз нав ва бо тарҳи замонавӣ сохтани он дар доираи имконот чораҳои зарурӣ андешида мешавад. 
   Дар идомаи сафар вазири маориф ва илм аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳия дидан намуд. Мактаби мазкур аз ҳисоби Фонди Саудӣ бо тарҳи замонавӣ ва иборат аз чор ошёна сохта шуда истодааст. Аз ҷониби пудратчиён иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол 90 фоизи корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур ба анҷом расонида шуда, дар назар аст, ки иншоот дар вақти муқарраргардида ба истифода дода мешавад. 
   Вазири маориф ва илм, инчунин, аз иншооти сохташуда дар маркази ноҳия дидан намуд. Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, барои ташкил намудани муассисаи таҳсилоти касбӣ пешбинӣ шудааст. 
   Дар доираи сафар, ҳамзамон, вазири маориф ва илм аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия боздид намуд. Муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Гадоев Хуршед сохта шуда, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар суҳбат омӯзгорон ва сохтмончиён аз ташрифи вазир изҳори хушнудӣ намуда, инчунин, барои таъмини мактаб бо мизу курсӣ ва дигар лавозимоти таълимӣ хоҳиш намуданд. Вазир ба рафти корҳои сохтмонӣ, ташкил ва сифати кор дар иншооти мазкур баҳои баланд дода, ба онҳо изҳори сипос намуд. 
   Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода дар суҳбат бо омӯзгорону кормандон ва фаъолони ноҳияи Фархор таъкид намуд, ки имрӯз моро зарур аст, ки бо дастгирӣ аз сиёсати давлату ҳукумат дар соҳаи маориф бояд рисолати омӯзгории хешро содиқона ва софдилона анҷом диҳем. Ҳамзамон, ба сохтмончиён ҷиҳати анҷоми босифати корҳо дар сохтмонҳои муассисаҳои таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. 
 
Суннатуллоҳи МИРЗО