САҲМИ ИЛМИ ТОҶИК ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФИ МИЛЛӢ ОИД БА САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР

12-04-2019
12-уми апрели соли ҷорӣ дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Саҳми илми тоҷик дар татбиқи ҳадафи миллӣ оид ба саноатикунонии босуръати кишвар» баргузор гардид. Дар он Р.  Мирбобоев – муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти академияи таҳсилоти Тоҷикистон, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва кормандони муассисаҳои тобеи вазорат иштирок намуданд. 
Зимни сухани табрикотӣ Р.Мирбобоев қайд намуд, ки  бо эълон шудани ҳадафи чорум, расидан ба ҳадафи саноатикунонии кишвар, ки дар Паёми навбатии Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо, маорифчиёнро зарур аст, ки дар тайёр намудани мутахассисони мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат бештар камари ҳиммат бандем.
Дар рафти конференсия А. Раҳмонзода устоди Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар мавзӯи «Омилҳои асосии саноатикунонии кишвар ва таҷрибаи ҷаҳонӣ», Х. Иброгимов устоди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар мавзӯи «Рушди соҳаи саноати сабук ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар давраи саноатикунонии босуръати кишвар», О. Муртазоев устоди Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар мавзӯи «Масъалаҳои асосии дастгирии давлатии соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Э. Сафарзода сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм дар мавзӯи «Шинохти ҳувияти миллӣ дар эҷодиёти илмии устод Айнӣ» баромад намуданд.
Дар охири конфронс байни ҳозирин мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҳангомаи Искандар
Умедҷони Каримхон,
таҷрибаомӯз