Шоҳмот бозии манфиатбор аст

19-01-2018
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ иброз доштанд, ки мо бояд на танҳо аз марказҳои таҳсилоти иловагӣ самаранок истифода намоем, балки дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маҳфилҳои гуногуни эҷодиёти техникиву бадеӣ, санъати амаливу ороишӣ, варзишӣ, шоҳмотбозӣ, сайёҳиву кишваршиносӣ, биологиву экологӣ, гуманитарӣ ва монанди инҳоро ба роҳ монем...
Шоҳмот бозии машҳурест, ки дар сайқал додани хотираи одамон нақши муҳим мебозад. Дар тӯли таърих номи шоҳмот чандин бор тағйир ёфтааст, лекин дар бисёр забонҳо он бо вожаи тоҷикии “шоҳмот” иртиботмандӣ дорад. 
Шоҳмот ба қатори панҷ бозии асосии байналмилалии зеҳнӣ дохил карда шудааст. Имрӯзҳо Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФИДЕ) мусобиқаҳои гуногуни шоҳмотро роҳандозӣ менамояд. Комбинатсияҳои шоҳмот басо гуногун буда, барои ғолиб омадан ба ҳариф миқдори зиёди онҳоро аз худ кардан зарур аст. Ин хотираи инсонро қавӣ менамояд. Муайян шудааст, ки суръати кори мағзи сари шоҳмотбоз бештар аст, яъне миқдори зиёди амалҳоро дар як воҳиди вақт дар мағзи сари худ таҳлил менамояд. Аз ин ҷост, ки шоҳмотбозӣ дар равоншиносӣ барои санҷишҳои гуногуни равонӣ ва дар кибернетика барои омӯхтани машинаҳои ҳисоббарор истифода бурда мешавад. 
Шоҳмот дар арсаи таърих тавонист ба тамоми ҷаҳон, аз ҷумла, кишварҳои Ҷанубу Шарқии Осиё, Қафқоз ва Аврупо паҳн шавад. 
Баъди истилои арабҳо дар Эрону Осиёи Марказӣ муносибат ба бозии шоҳмот ба самти манфӣ тағйир ёфт. Хусусан, баъд аз асри X ин бозӣ рӯ ба таназзул ниҳод. Аз тарафи аксари рӯҳониёни исломӣ шоҳмотбозӣ ҳамчун бозии ба истилоҳ “ҳаром” иҷозат дода намешуд ва ё аз тарафи бархе аз онҳо номатлуб (макрӯҳ) дониста мешуд. 
Ин раванд, яъне иҷозат надодани бозии шоҳмот дар дигар динҳо низ ҷорӣ буд. Махсусан, дар асрҳои XV-XVI зиддият ба авҷи баланд расида буд. Пас аз раҳо гардидани Аврупо аз догматизм, яъне, ҷудо гардидани калисо аз сиёсат бозии шоҳмот инкишоф ёфта, аввалин иттиҳодҳои расмии шоҳмот ба вуҷуд омаданд. Дарсҳои соҳавӣ оид ба шоҳмот дар донишгоҳҳои бонуфуз ҷорӣ гардиданд. Имрӯзҳо шоҳмотбозӣ дар Аврупо ва дигар минтақаҳои ҷаҳон хеле маъмул мебошад.
Вақти он расидааст, ки барои пешрафту эҳёи шоҳмотбозӣ дар ҷумҳурии мо чораҳо андешида шаванд. Бояд дар муассисаҳои таълимии кишвар синфхонаҳои омӯзиши шоҳмот ва дар маҳаллаҳо ҷойҳои махсуси шоҳмотбозӣ ташкил карда шаванд. Шумораи клубҳои шоҳмотбозиро дар маҳаллаҳои аҳолинишин зиёд бояд намуд. Барои амалӣ намудани ин мақсадҳо мардуми тоҷик таҷриба доранд, зеро замони Шуравӣ дар мактабҳои миёна маҳфилҳои шоҳмотбозон фаъолият мекарданд ва аксари хонандагони он замон бозии шоҳмотро дар мактаби миёна меомӯхтанд. Умед аст, ки ин иқдом имрӯз ба таври густарда ба роҳ монда мешавад.
 
Қурбониён Меҳрдод Субҳонӣ