ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ

11-03-2020
11-уми марти соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, муовинони вазир, сардорони раёсат ва шуъбаҳо, сармуҳаррирон ва кормандони нашрияҳои соҳавӣ ва роҳбарони муассисаҳои табъу нашри вазорат иштирок намуданд.
Дар ифтитоҳ М. Имомзода иштирокдорони чорабинӣ ва дар шахсияти онҳо тамоми намояндагони воситаҳои ахбори оммаро бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, ки аз рӯзи чопи аввалин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф» маншаъ мегирад, муборакбод намуд. Инчунин, қайд кард, ки рӯзноманигорон дар баробари мактабу омӯзгор дар тарбия ва ташаккули насли наврас саҳми арзанда дошта, дар раванди ҷомеаи пуртазоди муосир ҳимоятгари арзишҳои миллӣ мебошанд.
Дар идома таъкид кардид, ки ҳамасола бо пешниҳоди Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм дар ин рӯз як қатор рӯзноманигорон барои саҳми арзанда дар соҳаи маориф ва илм ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ мегарданд. Дар чорабинии мазкур низ 6 нафар бо нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 2 нафар бо «Ифтихорнома»-и Вазортаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Инчунин, ба Муассисаи нашриявии «Маориф», КВД «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе», Матбааи вазорат, ҳафтаномаҳои «Омӯзгор» ва «Пайрав» ва маҷаллаҳои «Маорифи Тоҷикистон», «Маърифати омӯзгор», «Русский язык и литература в школах Таджикистана», «Масъалаҳои методикаи таълим», ҳафтаномаҳои «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, «Омӯзгори ҷавон»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, «Паёми донишҷӯ»-и Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, «Молия ва иқтисод»-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон «Сипоснома»-и Вазорати маориф ва илм тақдим карда шуд. Дар баробари ин, таъкид карда шуд, ки як қатор рӯзноманигорон-кормандони нашрияҳои соҳавӣ дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илм сарфароз гардонида мешаванд.
Мукофотҳоро дар фазои тантанавӣ вазири маориф ва илм, академик М.Имомзода ба иштирокдорон тақдим намуд.













Саймуҳаммади Изатулло