ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

16-11-2019
1-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд. Дар он вазири маориф ва илм Нурридин Саид ва доираи васеи кормандони соҳа иштирок намуданд.
Зимни оғози чорабинӣ зикр гардид, ки ба сари қудрат омадани роҳбарияти олии мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои бисёр ҳассоси таърихӣ басо рамзӣ буд. Мақсад аз рӯзи ид эълон намудани 16-уми ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии Президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихоб ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.  Қайд карда шуд, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулпарвар, сарҷамкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи ҳадафҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯ ва ободии ватану шуроити арзанда барои мардуми кишвар ва ташаббускорӣ дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷоҳониён шинохта шудааст.
Дар идомаи чорабинӣ маърӯзачиён дар мавзӯъҳои «Мактаби давлатсозӣ ва давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» ва Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» баромад намуданд.
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО