Тарбия вазифаи ҳамагон аст

05-03-2018
Тарбия барои ҳама як хел аст, вале маҳорату тарзи қабули онҳо гуногун аст. Саъдии бузург фармудааст: «Тарбият яксон аст, валекин истеъдод мухталиф».
Падару модароне низ ҳастанд, ки оид ба тарбияи фарзанд ақида, фаҳмиш ва муносибати гуногун доранд. Бо падару модари хонандагоне, ки савияи дониши паст доранд, суҳбат гузаронидан мувофиқи мақсад аст.
Дар навбати худ роҳбарияти муассиса ва омӯзгоронро зарур аст, ки волидайни хонандагонро ба муассиса ҷалб намуда, робитаро бо онҳо мустаҳкам намоянд. 
Падару модароне ҳастанд, ки барои донистани савияи дониш ва одоби фарзандони хеш зуд-зуд ба муассиса омада, дар ҳамкорӣ бо муаллимон дар раванди таълиму тарбия ҳиссаи худро мегузоранд. Ҳамчунин, падару модароне низ ҳастанд, ки фарзанди худро нозпарвар ба воя расонида мехоҳанд, ки фарзандашон «беозор» ба воя расад. Дар маҷлису ҷамъомадҳо гоҳ - гоҳ ширкат меварзанд, маслиҳати омӯзгоронро қабул надоранд. 
Дар муассисае, ки фаъолият дорам, корҳои таълиму тарбия хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Дар муассиса сари вақт маҷлиси падару модарон, чорабиниҳо бо иштироки онҳо гузаронида мешаванд. Бо волидайни хонандагон мунтазам суҳбатҳо гузаронида шуда, масъалаҳои ҳалталаб дар ҳамкории тарафайн муҳокима мегарданд. Дар муассисаи мо  баҳри баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, тарбияи ҳаматарафаи онҳо, ҷалб намудани волидайни хонандагон чораҳои судманд андешида мешаванд. 
Марҳабо Давлатова,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики  
мактаби №1- и  ноҳияи Деваштич