ТОҶИКИСТОНУ ИМА: ҲАМКОРИҲО ТАВСЕА МЕЁБАНД

24-04-2019
24-уми апрели соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Марк Поммершайм баргузор гашт. 
Зимни вохӯрӣ Нуриддин Саид аз ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Амрико дар соҳаи маориф ва илм изҳори хушнудӣ намуда, илова кард, ки сол то сол таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони англисӣ дар Тоҷикистон беҳтар гардида истодаст. 
Ҷаноби Ҷон Марк барои истиқбол ва пазироии самимона миннатдории худро баён намуда, изҳор дошт, ки Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон омодааст, ки барои идомаи ҳамкориҳои судманд дар соҳаи маориф ва илм тамоми чораҳоро андешад.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳо дар самтҳои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ИМА,  табодули олимону мутахассисон ва дар доираи лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» фаро гирифтани синфҳои 5-11 бо хониши иловагиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО