«Тори анкабут»-и террористон

19-11-2018
Чандест, ки ҷомеаи ҷаҳониро масъалаи вусъат ёфтани амалҳои террористӣ дар саросари олам ба ташвиш овардааст.
Ифротгароён барои кирдорҳои зишту харобиовар ва фоҷеабори худ аз воситаҳои гуногун истифода мебаранд ва бештар ташвишовар он ҳолат мебошад, ки онҳо ҷонибдорону дастгирони хешро дарёфтаанд. Аз ҳастиву амалиёти террористон баъзе гурӯҳҳову созмонҳо манфиатҷӯӣ мекунанд. Дар саросари ҷаҳон мардумони ҳайрхоҳу тамаддунпарвар, ниҳодҳои башарпарвар бар зидди террористон садо баланд бинмудаву онҳоро ҷиддан ва қотеъона маҳкум мекунанд. Созмону неруҳои террористӣ байни ҷомеа даҳшатафканӣ мекунанд, ба тахрибкорӣ даст зада, сабабгори зарарёбии иншооти азим ва бадтар аз ҳама, боиси марги садҳо одами бегуноҳ мешаванд. Террористон дар тарҳрезии кирдорҳои манфури худ аз боварҳои мардум, калавиши ҷавонон, омилҳои динию мазҳабӣ, ихтилофоти байни давлатҳову қавму миллатҳо ва амсоли инҳо  хеле маккорона истифода мебаранд. Махсусан, ба доми фиребу фитна кашидани ҷавонон, ки камтаҷрибаву ноустуворанд, аз ҷониби террористон амали хеле хатарнок аст. Ҷавонон аз пайи ваъдаҳои назарфиребу пучи ифротгароён рафта, сахт пешпо мехӯранд ва ҳаёти хешро доғдор мекунанд. Террористон дар бисёр минтақаҳои олам сабабгори ғӯрамаргии ҷавонон гардидаанд. Як омили ба доми фиреби террористон дучор омадани ҷавонон маълумоти кофии сиёсӣ надоштани онҳост. Мутаассифона, чанде аз ҷавонони ҷумҳурии мо низ гирифтори тори анкабутони террорист шудаанд ва ҷавонии зебои худро бо шоми тор даромехтаанд. Гурӯҳе аз онҳо дертар бошад ҳам, хатои худро фаҳмиданд ва аз нимароҳи фано баргаштанд ва нафаре чанд қурбони сабукрафториашон гардиданд. Ин вазъ тақозо дорад, ки аз ҷумла, дар таълимгоҳҳо ба таълиму тарбия таваҷҷуҳи ҳар чӣ бештар зоҳир карда, бояд бар он кӯшид, ки ҷавонон дорои донишҳои кофии сиёсӣ ва ҷомеашиносӣ бошанд, ба воқеоти замон дуруст сарфаҳм раванд, боандешаву мулоҳизакор бошанд ва дар амали хеш маслиҳат бо волидон, устодон ва дӯстони ҳақиқии худ бикунанд. Чунонки мегӯянд, ҳеҷ кас аз модар террорист тавлид намешавад. Аз ин рӯ, аҳли ҷомеа вазифадоранд, ки ҳодисаҳои пайдоиши террористон ва ба онҳо ҳамроҳ шудани ашхоси сабукандешро пешгирӣ намоянд.
Муродбек Ибодов,
омӯзгори мактаби
№99-и ноҳияи Рашт