ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ: НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТ-2018 (6)

14-01-2019
Бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот дар доираи ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо бо истифода аз модулҳои таълимӣ аз оғози соли таҳсили 2018-2019 панҷ фанни таълимӣ: химия, физика, биология, география ва технологияи иттилоотӣ ба муносибати босалоҳият ба таълим гузаронида шуд. Ҳамзамон, зиёда аз 7,5 ҳазор омӯзгори фанҳои забонӣ аз курсҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки азхудкунии барномаи таълимӣ ва сифати таҳсилот нисбат ба соли таҳсили 2016-2017 таносубан 1,6% ва 0,4% баланд гардидааст, ки ин ҳанӯз қонеъкунанда нест.