ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ  ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

10-12-2018
 
 Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ
Сармутахассиси раёсати муносибатҳои  байналмилалӣ
 -1 ҷой, маоши мансабӣ -1200 сомонӣ;
Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ
Сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ
 -1 ҷой, маоши мансабӣ - 1200 сомонӣ.
 
Талабот ба довталабон
 
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
 
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида; 
-варақаи баҳисобгирии кадрҳо;
-маълумотнома (объективка), хаттӣ ва электронӣ
-тарҷумаи (шарҳи) ҳол;
-4 дона расми 3х4;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ бо тасдиқи хадамоти кадрӣ;
-рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
-маълумотномаи аз ВКД (оид ба доғи судӣ надоштан);  
-тавсиянома;
-нусхаи санҷиши изи панҷаҳои даст (дактилоскопӣ);
-нусхаи рақами суғуртаи иҷтимоии давлатӣ (РИС/СИН)
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
 
Талаботҳои тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансабҳои 
холии маъмурии хизмати давлатӣ 
 
  1.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ - таҳсилоти олии касбӣ ё  ихтисоси ба  мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;
-малакаи кор  бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).
2.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси гуманитарӣ ё  ихтисоси ба  мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
-малакаи кор  бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).
 
        Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад-13А, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  то 9 январи соли 2019 (ҳар рӯз аз соати 14:00 то 17:00)  дар раёсати кадрҳо ва корҳои махсус  - утоқи кории 400, 412, сомона: www.maorif.tj ва суроғаи почтаҳои электронӣ: mort@maorif.tj  ва kadr@maorif.tj, телефон: 227-67-07, 
факс: 221-70-25 
Озмун  рӯзи 16 январи соли 2019  соати 10:00  баргузор мегардад.