БА ТАВАҶҶУҲИ ДОВТАЛАБОН!!!

06-03-2020
Ба таваҷҷуҳи довталабон мерасонем, ки  Донишгоҳи миллии Сеул (Seoul National University) – и Ҷумҳурии Корея қабули довталабонро дар зинаи PhD аз рӯи ихтисосҳои муҳандисӣ, тандурустӣ, илми тиб, кишоварзӣ, бахши иҷтимоӣ ва кореяшиносӣ тибқи барномаи «SNU President Felowship» эълон намудааст.  
-Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 26 марти соли 2020 буда, тариқи онлайн бояд хонапурӣ карда шавад;
-Номзад бояд корманд ё омӯзгорӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бошад ва унвони дараҷаи PhD надошта бошад;
-Натиҷаи қабули ҳуҷҷатҳои номзадон ба барномаи мазкур санаи 05.06.2020 муайян мегардад;
-Суҳбат (интервю) ҷиҳати қабул ва натиҷаи он - июли 2020;
 
Ҳуҷҷатҳои лозима барои барномаи болозикр:

-Намунаи анкетаи муқаррар шуда барои нимсолаи тирамоҳи 2020 ва нақшаи таҳсил (study plan);
-Маълумотнома аз ҷойи кор;
-Тавсиянома;
-Нусхаи баҳо;
-Номзад бояд дар бораи тадқиқот, дастовардҳои омӯзгорӣ, нақшаи таълим ва мақсадҳо баъди хатм, навори видеоӣ омода намуда, пешниҳод намояд.
Маълумоти муфассалро вобаста ба талаботҳои  барнома ҷиҳати пешниҳоди номзад ба зинаи PhD метавонед тариқи сомонаҳои: http://oia.snu.ac.kr/page/scholarships-SPF.php;
http:/admission.snu.ac.kr/file_down/2020fall_graduate_eng.pdf;
дастрас намоед.
Телефон барои тамос:(+992) 221-30-33