ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ВАЗОРАТ ДАР СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

25.09.2024

Аз 12 то 25 сентябр дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин семинари омӯзишӣ оид ба модернизатсия бо услуби чинӣ дар чаҳорчуби ташаббуси ҷаҳонӣ дар соҳаи рушд баргузор гардид.

 

Дар семинари мазкур дар қатори дигар намояндагон аз ҳайати Тоҷикистон, намояндаи Вазорати маориф ва илм, директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии вазорат Давлатзода Муяссара фаъолона иштирок намуд.

 

Семинари мазкур бо мақсади табодули афкор ва таҷрибаи давлати Чин баргузор гардида, дар рафти он иштирокчиён моделҳои навро вобаста ба рушди соҳаҳои хеш аз худ намуданд.

 

Дар доираи семинар иштироккунандагон аз корхонаҳои саноатӣ, соҳаи кишоварзӣ, фарматсевтӣ ва ҳамзамон Коллеҷи омӯзиши забони чинӣ барои хориҷиён, ки кор ва фаъолияташон дар шакли модернизатсия ба роҳ монда шудааст, дидан намуданд.

 

Бояд қайд намуд, ки дар семинари омӯзишӣ аз 10 кишвари дунё намояндагон иштирок карда, дар охир ба иштироккунандагон сертификат дода шуд.

  • ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ВАЗОРАТ ДАР СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН img
  • ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ВАЗОРАТ ДАР СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН img
  • ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ВАЗОРАТ ДАР СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРГУЗОРИИ ДАВРИИ НИҲОИИ ОЗМУНИ «МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ - ОЙИНИ ХУДШИНОСӢ» Барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 - «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шудааст. Бо ҳадафи тарғиб ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар сатҳи ҷумҳурӣ озмуни «Маърифати ҳуқуқӣ – ойини худшиносӣ» эълон гардида, имрӯз, 26-уми сентябр даври ҷумҳуриявии он дар Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо» - и шаҳри Душанбе оғоз гардид.   Дар озмун хонандагон аз муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру навоҳии кишвар ширкат варзида, байни ҳам донишозмоӣ намуданд.   Дар маросими ифтитоҳии он намояндагони маорифи кишвар, аз ҷумла, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода иштирок намуданд.   Зикр карда шуд, ки озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии наврасон ва ҷавонон, паст намудани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва боло бурдани донишҳои ҳуқуқии баргузор гардида истодааст.   Аз шумораи 402 иштирокчӣ дар даври сеюми озмуни мазкур 30 нафарашон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд.   Иштирокчиён ба ду гурӯҳи 15-нафарӣ тақсим шуда, дар ду рӯз сабқатозмоӣ менамоянд.

    13

    26.09.2024
  •  img
    ОҒОЗИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «ОМӮЗГОРИ СОЛ-2024» 26-уми сентябри соли 2024 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2024» оғоз гардид.   Дар маросими ифтитоҳи он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода, кумитаи тадорукоти озмун, аъзои ҳакамон, иштироккунандагони озмун ва намояндагони соҳаи маориф аз шаҳру ноҳияҳои гуногун иштирок намуданд.   Муовини вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳ иброз намуд, ки озмуни мазкур бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти эҷодии омӯзгорон, такмил додани раванди таҳсилот, дарёфт ва ҳавасмандгардонии омӯзгорони эъҷодкор, рушди касбии омӯзгорон, дастгирӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар раванди омӯзиш, муайян намудани самтҳои афзалиятноки таҳсилот дар соҳа, инчунин дарёфти кадрҳои боистеъдод ва ба вуҷуд овардани махзани кадрӣ гузаронида шуда, дар ин самт аз тарафи Вазорати маориф ва илм барои дар сатҳи баланд ва шаффоф доир намудани он тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.   Дар даври ниҳоии озмун 5 нафар аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеъи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ширкат варзида, аз рӯйи ҳафт шарт ҳунару маҳорати худро месанҷанд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    44

    26.09.2024
  •  img
    БОЗДИД АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МУРАББИИ СОЛ-2024» 25-уми сентябри соли 2024 муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода аз рафти баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии сол-2024» дидан намуд.   Зимни боздид муовини вазир иброз намуд, ки баргузории озмуни «Мураббии сол» яке аз роҳҳои такмили маҳорати касбии кормандони соҳа ба ҳисоб рафта, ҳадафи он дарёфти истеъдодҳои нав дар сатҳи ҷумҳурӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадам ва арҷгузорӣ ба мақоми мураббӣ дар ҷомеа маҳсуб меёбад.   Гуфта шуд, ки аз миёни зиёда аз 12 ҳазор мураббӣ то ба ин сатҳ омадан гувоҳи самаранокии фаъолият ва ғолибияти ҳар кадом иштирокчӣ аст.   Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур аз шаш шарт иборат буда, дар он иштирокчиён барои ба даст овардани ғолибият мебояд аз дониш ва маҳорати касбӣ бараъло истифода намуда, фаъолияти педагогии хешро муаррифӣ намоянд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    44

    25.09.2024