27.11.2025

 img

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии маҷозии муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода бо намояндагони Донишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир баргузор гардид.

 

Дар вохӯрӣ ректор ва муовинони ректорони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштирок доштанд.

 

Аз ҷониби Британияи Кабир дар вохӯрӣ раиси бахши омӯзиши форсӣ дар Донишгоҳи Оксфорд профессор Эдмунд Ҳерзиг, омӯзгорони забони форсӣ доктор Фарнияз Закер ва хонум Ани Бейт Мовссес, инчунин омӯзгори адабиёти форсӣ Камила Ахмеджанова ҳузур доштанд.

 

Муовини вазири маориф ва илм аз таърихи равобити судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Британияи Кабир дар самти маориф ёдовар шуда, таъкид намуд, ки рушди робитаҳои дуҷониба бо муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии ҷаҳон, аз ҷумла бо Донишгоҳи Оксфорд, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва табодули дониш аҳамияти хосса дорад.

 

Профессор Эдмунд Ҳерзиг аз омодагии Донишгоҳи Оксфорд ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо сухан ронда, имкониятҳои густариши равобитро дар самти таҳсилоти олии касбӣ, табодули донишҷӯёну устодон ва ҷалби мутахассисон барои барномаҳои омӯзишӣ муҳим арзёбӣ кард.

 

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ташкили ҳамкориҳои дуҷониба миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва Донишгоҳи Оксфорд, сафарбар намудани мутахассисони Британияи Кабир барои гузаронидани тренингҳо ва семинарҳои омӯзишӣ, омода намудани тренерони касбӣ барои омӯзиши забони англисӣ дар курсҳои такмили ихтисос, таҳияи барномаҳои муштарак оид ба таълими забони англисӣ, баланд бардоштани маҳоратҳои касбии омӯзгорон, табодули таҷриба ва дониш миёни донишҷӯёну устодони ду кишвар ва мусоидат ба иштирок дар симпозиуму конференсияҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ВОХӮРИИ МАҶОЗӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ ОКСФОРДИ БРИТАНИЯИ КАБИР img
  • ВОХӮРИИ МАҶОЗӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ ОКСФОРДИ БРИТАНИЯИ КАБИР img
  • ВОХӮРИИ МАҶОЗӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ ОКСФОРДИ БРИТАНИЯИ КАБИР img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО РАИСИ ШУРОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ТУРКИЯ 1 декабри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо раиси Шурои таҳсилоти олии Туркия Эрол Озвар баргузор гардид.   Зимни мулоқот тарафҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таҳсилоти олӣ, рушди инфрасохтори таълимӣ, табодули таҷрибаи илмӣ, инчунин густариши равобити академӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.   Вазири маориф ва илм аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилоти олӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки ҳамкориҳои дуҷониба барои рушди устувори низоми таҳсилоти олӣ аҳаммияти хос доранд.   Зикр шуд, ки дар доираи ҳамкориҳои амалкунанда як қатор лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла ташкили барномаҳои таҳсилоти муштарак (Turkish Scholarship), табодули донишҷӯён дар ҳоли рушд қарор дорад, ки ин иқдомҳо ба таҳкими робитаҳои илмӣ, рушди салоҳиятҳои касбӣ ва боло бурдани сатҳи таҳсил мусоидат менамоянд.   Дар навбати худ Эрол Озвар ба зарурати густариши ҳамкорӣ дар самти рушди ихтисосҳои тиббӣ, фаъолсозии лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои технологияи инноватсионӣ, зеҳни сунъӣ ва рақамисозии таълим таъкид намуд. Ӯ изҳор дошт, ки ҷониби Туркия омода аст, барои афзоиши иқтидори кадрӣ ва рушди ихтисосҳои афзалиятнок барномаҳои навро роҳандозӣ намояд.   Ҳамчунин, Эрол Озвар омодагии Шурои таҳсилоти олии Туркияро ҷиҳати дастгирии азнавсозии заминаи техникии донишгоҳҳои техникӣ, ҷудо намудани бурсияҳо барои таҳсил дар зинаҳои магистратура ва докторантура, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои ҷалби омӯзгорони тоҷик ба курсҳои такмили ихтисос ва барномаҳои омӯзиши касбӣ иброз дошт.   Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими робитаҳои минбаъда ва густариши иқдомҳои муштарак дар самти рушди устувори таҳсилоти олӣ таъкид намуданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    68

    01.12.2025
  •  img
    АНДЕШАҲО ДОИР БА ТАҶРИБАИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» Тайи чанд солест, ки бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Дар давоми ин солҳо тадқиқот ва таҷрибаҳо нишон доданд, ки сол то сол сафи хоҳишмандони ширкат дар ин озмун иштирок мекарда меафзояд, чунки доираи синнусолии иштирок дар он васеъ гардонида шудааст ва намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа имконияти дар он иштирок намудан пайдо кардаанд. Аз ҷониби одимони илмии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҳамарӯза пайваста бо истифода аз методҳои илмии таҳқиқ ба монанди мушоҳида, таҳлил, саволу ҷавоб ва ғайра, раванди баргузории онро мавриди омӯзиш қарор дода истодааст. Аз ҷумла, соли ҷорӣ иштирокчии соли аввали озмун дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон Холзода Меҳриддин Равшан – сардори Раёсати байналмилалии Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, номзади илмҳои педагогӣ дар раванди таҳқиқот ба пурсишҳо ҷавоб гардонида, таассуроти худро оид ба он изҳор дошт.    - Чӣ омилхо сабаб шуд, ки Шумо барои иштирок дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намудед?   Барои иштирок дар озмун сабаби асосӣ омӯзгори забони англисӣ будан ва шиносоӣ доштан бо адабиёти хориҷӣ, шавқу завқи шинос шудан бо фарҳангу маданияти ҷаҳониён мебошад. Омили дигар ин шукргузорӣ ва дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Инчунин, омӯхтани адабиёти ҷаҳон дар доираи фаррох мебошад.   - Ҷиҳати расидан ба мақсад барои иштирок дар озмун барои Шумо чӣ душвориҳо пеш омаданд?   Дар давраи омодагӣ ба озмун душвориҳо низ буданд, ба монанди омодагӣ ба ҳимояи диссертатсияи номзадӣ, дар баробари таълиму тарбия ва омӯзиши илм фурсат ёфтан барои хондани асарҳои бадеӣ.    - Душвориҳои пешомадаро чи гуна бартараф намудед?   Дар муддати рухсатии меҳнатӣ, як соат пеш аз кор ва ду-се соат пас аз кор вақт ҷудо намуда, китоб мехондам. Ҳамин тавр, малакаи як повестро дар ду рӯз хондан пайдо гардид. Гузашта аз ин, ба омехта нашудани фикрҳои фаъолияти корӣ, фарзандон ва сюжети асарҳо низ бояд таваҷҷуҳ намуд.   - Барои татбиқ намудани донишҳои гирифта дар ҳаёт дар оянда Шумо  чӣ мақсадҳо доред?   Новобаста аз чӣ гуна ҷамъбаст гардидани озмун дар оянда маводи хондашуда ба шогирдон таълим дода мешавад. Инчунин, барои иштирок дар озмун донишҷӯёнро омода месозам. Дар раванди корҳои илмӣ бошад, фарҳангу маданияти миллати худро дар муқоиса бо адабиёти ҷаҳон мавриди тадқиқ қарор медиҳам.    - Пас аз мутолиаи асарҳо кадоме аз онҳо ба Шумо бештар писанд омад?    Бештар асарҳои адабиёти неоклассикӣ ва тахайюлӣ шавқовар буданд. Масалан, асари нависандаи колумбӣ Габриэл Гарсиа Маркес “Сад соли танҳоӣ” оид ба эътироф намудани қобилиятҳои фитрии инсон ва эҳтироми меҳнату заҳмати аҷдодон аст, ки ҷиҳатҳои қавии тарбиявӣ дорад.    Ҳамин тавр, озмоишҳое, ки аз ҷониби ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон амалӣ гардида истодаанд, нишон медиҳанд, ки баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” омили кушодани дарҳои дониш, васеъ шудани ҷаҳонбинии насли наврас ва ҷавон, муҳаррики фатҳ намудани қуллаҳои нави фарҳангу маданият дар ҷомеа гашта метавонад.    Дар ин самт рушди зеҳнии насли наврас ва ҷавон, мукаммал гардидани донишҳои шахсони синну соли болоӣ, ки дар шохаи илми педагогика – андрагогика тадқиқ намуда мешавад ва ҷанбаҳои гуногуни тадқиқ нагардидаи таълимию тарбиявӣ дар раванди баргузории  озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” маводи мукаммали илмиро мунтазиранд.   Шаҳлои Абдуализодаи Тоҳириён – номзади илмҳои филология, ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳ.

    32

    29.11.2025
  •  img
    Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин Дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар шаҳри Бишкек Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд.   Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.   Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ҳамкории Тоҷикистону Русия дар заминаи  шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мунтазам рушд меёбад.   Таваҷҷуҳи зиёд ба таҳкими ҳамкорӣ дар муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мисли терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои фаромарзии вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ зоҳир гардид.   Зарурати густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва робитаҳои миёни минтақаҳои ду кишвар низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.   Аҳамияти тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳои башарӣ таъкид гардид.   Ҳамчунин, доир ба мавзӯъҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавию байналмилалӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

    166

    27.11.2025