27.11.2025
Фатҳиев Фатҳиддин чеҳраи ҷавони мутолиагар ва иштирокчии даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
“Китоб аст, ки бо нури донишу маърифат роҳи мардумро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст” —маҳз ин дастури ҳидоятомӯз ва таъкид ба арзишҳои маънавии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати аз аҳли китобро имрӯз сарҷамъ намудаву дар Озмуни овозадори «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як тан намуд.
Барҳақ, тӯли чанд сол аст, ки «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба пуле табдил ёфтаст, ки ҷавонон ва калонсолонро аз ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон ба китобхона, маҳфилҳои фарҳангӣ ва гурӯҳҳои китобдӯстон фаро мекашад.
Имрӯз бо сарфарозӣ мегўем, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо маънавият ва донишу тафаккур дар иртибот аст ва ҳамин чизҳост, ки боиси шукуфоии миллатҳо мешавад. Китоб инсонро комил мекунад, тарбият менамояд, ва ба ӯ неруву тавон ва заковат мебахшад, ки ҳаргиз заволпазир нест.
Дар фазои маърифатҷӯйи кишвар ҳамасола истеъдодҳои тоза рӯ ба мезананд. Яке аз чунин чеҳраҳои ҷавону китобдӯст - Фатҳиев Фатҳиддин Аслиддинович, равоншиноси МТМУ-и №14-и шаҳри Гулистон аст, ки соли равон бо маҳорати баланд то даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳ ёфт ва худро дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик нишон дод.
Фатҳиев Фатҳиддин Аслиддинович намунаи ҷавони китобдӯст, мутолиагар ва заҳматкаши замони мост. Таҷрибаи ӯ нишон медиҳад, ки китоб метавонад роҳи зиндагиро дигар созад, тафаккурро парвариш диҳад ва инсонро ба камол бирасонад.
- Фатҳиддин, лутфан аз қадамҳои аввалини худ дар ин озмун қисса кунед.
- Соли 2021, замоне ки донишҷӯйи курси дуюми факултети психология ва таҳсилоти томактабии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров будам, бо тавсияи устодам, мудири кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ Зайтметов Ҳусайн Авасхонович бори аввал ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳ ёфтам. Дар муддати кӯтоҳ то даври ниҳоии озмун баромада, ҷойи ифтихориро соҳиб шудам.
Зиндагӣ маро ба маркази зеҳнии «Заковат» бурд, ки маҳз он ҷо усули зудбахотиргирӣ ва роҳҳои самараноки китобомӯзиро омӯхтам. Ин таҷриба дар озмун ба ман қувват, маҳорат ва малакаи бештар бахшид.
Соли дуюм аз даври сеюм нагузаштам. Сипас, солҳои 2023–2024 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ хизмат намудам. Пас аз бозгашт ба мутолиа ҷиддӣ машғул шудам: соли 2024–2025 шабу рӯз мутобиқан ба нақшае, ки худам тартиб дода будам, машғули хондан будам.
- Шумо чанд китоб ва кадом навъи адабиётро бештар мутолиа кардед?
- То имрӯз зиёда аз 200 китоб мутолиа кардаам. Аз ин шумора бештар аз 100-тои онҳо осори бадеии адибони муосири тоҷиканд.
100 ғазал, 130 рубоӣ ва дубайтӣ, 150 байт аз достонҳо ва 180 байти дигар навъҳои шеъриро ҳифз намудаам.
100 ҳикоя ва новелла, 40 повест, 20 роман, 10 драма, 10 очерк ва 6 китобҳои ёддоштиро мутолиа намудам.
- Имсол натиҷаҳо чӣ гуна буданд?
- Бо омодагии комил ба озмун баргаштам. Дар даврҳои I ва II — ҷойи 1, дар даври III — ҷойи 2, ва дар даври ниҳоӣ бо оромиву итминон баромад кардам ва ба саволҳо ҷавоби равшан додам. Аз кори худ пурра розӣ ҳастам ва умедворам, ки натиҷаи шоиста ба даст овардаам.
- Кӣ дар ин роҳ ба шумо такягоҳ буд?
- Пеш аз ҳама ҷомеаи меҳнатии муассиса, роҳбари он - Норматова Садоқат Муҳаммадҷоновна, инчунин роҳбари маҳфил Саидов Исмоил. Дастгирии маънавии онҳо барои ман неру ва бовар бахшид.
- Китоб ва мутолиа дар зиндагии шумо имрӯз чӣ ҷойгоҳ дорад?
- Китоб акнун ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагии ман аст. Ман эҳсос мекунам, ки оромӣ, покии фикр ва осудагии зеҳни ман дар китобхонаст. Ҳар китоб қаҳрамоне дорад, ки бо заҳмат ба мақсад мерасад, ҳамин маро ҳам ба пойдорӣ ва ҷустуҷӯйи роҳи дуруст водор мекунад. Яъне, мутолиа тафаккурро васеъ мекунад ва ахлоқро тарбия. Китоб агар чизе ба инсон наомӯзад, хониш маъно намеёбад.
- Ба назари шумо, китоб метавонад тақдири инсонро дигар кунад?
- Бале. Шахсе, ки роҳи худро дар зиндагӣ намеёбад, метавонад онро дар китоб пайдо кунад. Китоб ба одам неру, андеша, сабақ ва роҳ нишон медиҳад.
- Ба андешаи шумо, имрӯз ҷавонон чӣ гуна ба китоб ҷалб мешаванд?
- Бештари вақт китоб ба касоне таъсир мегузорад, ки аз он баҳра бурдаанд. Агар мо натиҷаҳои китобхониро нақл кунем, шумораи хондагиҳоямонро баён намоем, ҷавонон низ таваҷҷуҳ пайдо мекунанд.
Ҳоло шабакаҳои иҷтимоӣ роҳи зудрасанд. Агар дар онҳо китобро тарғиб кунем, метавонем ба афзоиши маънавиёти ҷавонон саҳм гузорем.
- Фатҳиддин бигӯед, ки минбаъд роҳи илмро пеша мекунед?
Албатта, дар оянда нақшаҳои зиёде дар худтакмилдиҳиву худинкишофдиҳӣ дорам, мехоҳам зинаҳои илмиро низ фатҳ кунаму дар илм саҳмгузор бошам.
- Ба фикри Шумо он китобҳое, ки то имрӯз мутолиа намудед, дар оянда ба Шумо кӯмак мекунанд?
Бешак, ман, ки равоншиносии амалиро пеша кардаам, асарҳои саромадони насри муосири тоҷик чун устод Айнӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ ва Фазлиддин Муҳаммадиев барои огоҳ шудан аз равандҳои психологии шахсиятҳо ва амали онҳо дар ҷомеа намунаанд ва касро тез ба худ ҷалб менамоянд, зеро онҳо “набзи ҷомеа” ва равони шахсро нозукона дарк намуда ба шахси мутолиакунанда бевосита ҳаловат мебахшад.
-Ба Шумо барор мехоҳем!
Ташаккур!
Шарифиён М. Х. – ходими пешбари шуъбаи муассисаҳои томактабӣ,
ибтидоӣ, бознигариву такмили стандарт, барномаҳои таълимӣ
ва китобҳои дарсии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф
ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.