08.12.2025
Дар шаҳри Манилаи Филиппин 11-умин Форуми байналмилалии таҳсилот ва маҳоратҳои Бонки Осиёии Рушд (БОР) таҳти унвони «Нигоҳи нав ба иқтидори сармояи инсонӣ» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода ва менеҷери лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои STEM» иштирок намуданд.
Форум аз муҳимтарин чорабиниҳои соҳавии БОР буда, сиёсатмадорон, роҳбарон, коршиносон ва мутахассисони пешсафи соҳаи маорифро аз мамлакатҳои гуногун гирд овард. Ҳадафи он мубодилаи таҷриба, баррасии тамоюлҳои ҷаҳонии таълим, истифодаи технологияҳои нав, рушди маҳоратҳои навбатии бозори меҳнат ва муайянсозии самтҳои афзалиятноки сармоягузории стратегӣ дар соҳаи маориф буд.
Дар доираи форуми макзур муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор мулоқотҳо анҷом дод. Аз ҷумла, муовини якуми вазир бо муовини директори БОР ҷаноби Йонг Йе мулоқот намуд. Дар меҳвари гуфтугӯҳо масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсил, таъмини дастрасии баробар ба маориф, рушди маҳорати ҷавон, мутобиқсозии таълим ба талаботи бозори меҳнат ва густариши ҳамкориҳои минбаъда қарор доштанд. Роҳбарияти БОР омодагии худро барои идомаи дастгирии лоиҳаҳои маорифӣ дар Тоҷикистон таъкид намуд.
Дар ҷараёни ҷаласаҳои интерактивӣ ва сессияҳои мавзуии форум намояндагони кишварҳо таҷрибаи худро оид ба амалисозии лоиҳаҳои БОР муаррифӣ карданд. Дар ин қисмат муовини якуми вазир суханронӣ намуда, зарурати ислоҳоти муассири таълим, ҷалби таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ ва нақши лоиҳаҳои БОР-ро дар рушди устувори кишварҳо муҳим арзёбӣ кард.
Ҳамчунин, менеҷери лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои STEM» А. Бобохон дар қисмати муаррифии лоиҳаҳои сармоягузории БОР баромад карда, оид ба ҷараёни татбиқи ду лоиҳаи калидӣ - «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои STEM» ва «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бо кор таъминшавӣ» маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Дар қисмати мубоҳисаҳои форум масъалаҳои марбут ба истифодаи энергияҳои сабз, зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи усулҳои инноватсионии омӯзиш мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Форум бо натиҷаҳои созанда, мубодилаи таҷрибаи муфид ва ташкили заминаҳои нав барои ҳамкорӣ ва рушди минбаъдаи лоиҳаҳои соҳаи маориф дар минтақа анҷом ёфт.