Ҷавоб ба мақолаи “Омӯзгори ҷавон ояндаи миллат нест?”, ҳафтаномаи “СССР”

16-02-2021
Дар асоси талаботи Фармони Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма” шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод мақолаи нашргардида дар ҳафтаномаи “СССР”-ро, ки аз ҷониби Мирзо Рамазониев-омӯзгори фанни ҷуғрофияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи академик Б.Ғафуров зери унвони «Омӯзгори ҷавон ояндаи миллат нест?» ба табъ расидааст, мавриди муҳокима қарор дод.
Вобаста ба ваҷҳҳои дар мақола зикршуда бояд қайд кард, ки бо фармони мудири шуъбаи маорифи ноҳия аз 25.12.2019, №369 оид ба ташкил ва гузаронидани озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон -2020” дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.12.2019, таҳти №14868 “Дар бораи тасдиқи Тартиби баргузории озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон аз фаннҳои таълимии таърих ва ҳуқуқ, забон ва адабиёти тоҷик, забони давлатӣ, забони русӣ, забони хориҷӣ, математика, физика, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, технология (таълими меҳнат) ва синфҳои ибтидоӣ”, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.10.2019, №15/32 тасдиқ гардидааст, озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2020” дар ду давра- мактабӣ ва ноҳиявӣ гузаронида шуд.
Даври ноҳиявии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2020” дар давоми моҳҳои феврал ва март дар МТМУ №20 доир гардида, шарти охирини озмун (“Муаррифии фаъолияти корӣ ба тариқи намоиши слайд бо истифода аз проэктор ё тахтаи электронӣ”) моҳи март дар МТМУ №20 гузаронда шуд, ки дар он аз фаннҳои гуногун 21 нафар омӯзгор ширкат варзида, 7 нафар ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд. Рӯйхати 7 нафар ғолибони даври ноҳиявӣ бо дархости директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи ноҳия З.Шорасулова санаи 10.06.2020, №06 ба унвонии деректори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди раёсати маорифи вилояти Суғд Исмоилова Д.Ё. ирсол гардидааст.
Дар асоси фармоиши сардори раёсати маорифи вилояти Суғд аз 30.10.2020, №263 даври вилоятии озмуни “Омӯзгори соли Товикистон” санаҳои 17, 20 ва 27 ноябри соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронида шуд. 
Аз ҷониби шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои қарори ҷаласаи назоратии назди сардори раёсати маорифи вилояти Суғд аз 3 ноябри соли 2020, инчунин бо мақсади пешгирии бемории Коронавирус ва хулосаи раиси комиссияи ҳакомони озмун ва аъзоёни он бо дархости директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи ноҳия ба унвони директори Маркази дарёфт ва рушди истеҳдодҳои назди раёсати маорифи вилояти Суғд Турсунов Аҳлиддин-омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи муассисаи миёнаи умумии №12, ки холи баландро нисбат ба дигар иштирокчиёни озмун сазовор гардидааст, барои иштирок ба даври вилоятии озмун пешниҳод карда шудааст.
Бояд зикр намуд, ки Турсунов Аҳлиддин дар даври вилоятии озмун фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойи сеюм гардид.
Ваҷҳи овардани муаллиф Мирзо Рамазониев нисбати корҳои эҷодӣ, мақолаҳои илми-методӣ, ки дар давраи фаъолияташ рӯйи чоп овардааст, дар ҳақиқат дуруст буда, аз мадди назари шуъбаи маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дур намондааст. Номбурда дар чандин чорабиниҳоии ноҳиявӣ ширкат варзида бо тӯҳфа ва сипосномаҳо сазовор гардонида шудааст.
 
 
Д.Ниёзқулов-
мудири шуъбаи маорифи 
ноҳияи Зафаробод