ХАТМКАРДАҲОИ МУАССИСАҲОИ ТИББИРО ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ БО ҶОИ КОР ТАЪМИН МЕКУНАД

18-02-2021
Ҷавоб ба мақолаи “Вазоратҳо ба кӣ роҳхат медиҳанд?”-и Ҳакималӣ Назаралиев аз шаҳри Ҳисор, ки 6-уми январи соли 2021 дар сомонаи “СССР” ба нашр расидааст.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи муаллиф Ҳакималӣ Назаралиевро мавриди баррасӣ қарор дода, ба самъи муаллиф мерасонад, ки дар асоси банди 2-и “Тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” (27.05.2017, №262) тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавони равияҳои омӯзгорӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро хатм намудаанд, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Тақсимот, роҳхат додан ва бо ҷои кор таъмин намудани хатмкунандагони дигар самту равия ва ихтисосҳоро мақоми давлатие, ки муассисаи таълимӣ дар тобеияти он мебошад, роҳандозӣ мекунад. Яъне, тақсимот, роҳхат додан ва бо ҷои кор таъмин намудани хатмкардаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии тиббӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассисаҳои таълимии тиббии кишвар дар тобеияти он мебошад, ба роҳ монда мешавад. 
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон