- Ба истиқболи Рӯзи дониш ва Истиқлоли давлатӣ -  ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ БАВУСЪАТИ  МАОРИФ ВА ИЛМИ КИШВАР

30-08-2022
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро соҳаи афзалияткон эълон намуда, баҳри рушду инкишоф ва пешрафти соҳа мунтазам тадбирҳои судманд меандешанд. Дар баробари ин, мактабу маориф, омӯзгору хонанда ҳамеша зери таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллат қарор дошта, ислоҳоти соҳа ва раванди таҷдиду азнавсозӣ дар ҳама самтҳо бавусъат идома дорад. 
Пешвои миллат барҳақ маорифро омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд. Ба ҳамин далел Ҳукумати кишвар ба рушди бемайлони соҳаи маориф ва илм, сатҳу сифати донишандӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, тайёр кардани мутахассисони ҳирфаӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. 
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд таҳия ва тасдиқ гардида, ба пешрафти соҳаҳои маориф ва илм такони ҷиддӣ бахшиданд.
Дар ин замина Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро бо мақсади таҳкими ҳадафҳои аслии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – бунёди ҷомеаи мутамаддини демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, дорои иқтисоди пешрафта, тарбияи худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандии хонандагону донишҷӯён, ташаккули шахсияти онҳо, таъмини амнияти иттилоотӣ ва рушди зеҳнии ҷавонон ба роҳ монда, баҳри ташкил ва танзими низоми таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, тарбияи кадрҳои илмию омӯзгорӣ ва мутахассисони рақобатпазир ба бозори меҳнат ба роҳ монда, корҳои зиёдеро ба сомон расонд.
Боиси ифтихор аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ мақому манзалат ва мартабаи омӯзгор мунтазам боло меравад. Ин ҳама аз дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат ва боварию эътимод ба кормандони соҳаи маориф шаҳодат медиҳанд. Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд: «Давлату Ҳукумат ба шумо эътимоди комил дорад, зеро инсоният ба омӯзгор ҳамеша ниёз дошту дорад. Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст, ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеч гоҳ ба ягон мартаба намерасад».
Шоистаи таъкид аст, ки рушду пешрафти соҳа, пеш аз ҳама, ба маблағгузории он вобастагии амиқ дорад. Маҳз ҳамин аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузорӣ ба соҳаи маориф ба таври чашмрас афзоиш ёфт. Ин нуктаро метавон бо далелу арқом тасдиқ намуд. Масалан, агар соли 2000 ба соҳаи маориф 37 миллиону 425 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2022 ба 6 миллиарду 304 миллиону 25 ҳазор сомонӣ расид. Яъне, маблағузорӣ ба ин соҳаи ҳаётан муҳим дар соли ҷорӣ нисбат ба ММД 6 фоиз ва нисбат ба хароҷоти буҷет 18,6 фоизро дар бар мегирад. 
Бояд гуфт, ки дар ҳамаи самтҳои соҳаи маориф истилоҳот ҷараён дорад. Татбиқи маблағгузории сарикасӣ (меъёрӣ) дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҷумлаи қадамҳои устувор дар рушди соҳа маҳсуб меёбад. Ин омил имкон фароҳам овард, ки мактабҳо бо мустақилияти молиявии бештар таъмин гарданд ва фаъолияти онҳо дар доираи имконот ва масъулият густариш ёбад. Инчунин, роҳбари муассиса мустақилона самти афзалиятноки истифодаи маблағҳоро муайян намуда, онҳоро ҳадафмандонаву самаранок баҳри пешрафти кор истифода мекунад.
Дар баробари таваҷҷуҳ ба рушди маблағгузорӣ дар соҳаи маориф таҳсилоти томактабию умумӣ низ ҳамчун зинаи муҳим мавқеи асосӣ доранд. Дар ин самт солҳои соҳибистиқлолӣ доир ба мазмуну муҳтаво ва моҳияти таълим, ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот ва шаклгирии мактаби миллӣ корҳои зиёд анҷом дода шуд. Дар ин замина, бунёди муассисаҳои таълимӣ бештар гардида, фарогирӣ ба кӯдакистонҳо тадриҷан зиёд мешавад. Мо шоҳидем, ки Пешвои миллат дар сафарҳои кории хеш ба шаҳру навоҳии мамлакт ҳатман чандин муассисаҳои нави таълимиро бо тамоми таҷҳизот мавриди истифода қарор медиҳанд. Ба таври муқоиса метавон сохтмони муассисаҳои томактабиро мавриди таҳлил қарор дод. Масалан, дар ҷумҳурӣ соли 2000-ум 523 адад кӯдакистон ва соли 2015-ум 578 адад амал мекард, ин шумора соли ҷорӣ ба 696 адад расидааст ва дар онҳо 101 170 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар ин самт, бо мақсади бештар фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ шакли алтернативӣ - марказҳои инкишофи кӯдак созмон дода шуд. Шумораи марказҳои мазкур соли 2013 1031 ададро ташкил медод ва ин теъдод имрӯз ба 1810 расида, дар онҳо 51265 кӯдак ҷалб гардидаанд. Тадриҷан дар ин зинаи таҳсилот норасоии кадрию адабиёти таълимӣ бартараф гардида, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо мутахассисони ҳирфаӣ ва адабиёти таълимию бадеӣ пурра таъминанд.
Мусаллам аст, ки кӯдак асосан дар мактаб ба камол расида, соҳиби донишу малака ва ҷаҳонбинии васеъ мегардад. Аз ин ҷост, ки дар моддаи 41-и Конститутсияи кишвар таълими умумии асосиро ҳатмӣ шуморидааст: “Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун, дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад.”
Баҳри фарогири шаҳрвандони кишвар ба муассисаҳоти таълимӣ ва фароҳам овардани шароит барои омӯзиш пайваста шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Ҳамин аст, ки сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар ҷумҳурӣ густариш ёфта, ҳамасола даҳҳо муассисаи нави таълимӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Таъкид кардан бамаврид аст, ки дар кишвар соли таҳсили 1991-1992 3229 мактаб бо фарогирии 1325400 хонанда, соли таҳсили 1999-2000 3591 мактаб бо фарогирии 1479300 хонанда, соли таҳсили 2013-2014 3836 муассиса бо фарогирии 1717063 хонанда фаъолият дошт ва ҳоло дар 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ 2195619 хонанда таҳсил мекунанд, ки ба онҳо 128827 нафар омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд.
Ҳамчунин, бо мақсади таҳким бахшидани заминаи моддиву техникӣ ва бо технологияи муосир таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ “Барномаи давлатии татбиқи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” қабул гардидааст. Дар асоси барномаи мазкур омӯзиши технологияи иттилоотӣ аз синфи 5 пешбинӣ шуда, муассисаҳои таълимӣ бо технологияи замонавӣ ҷиҳозонида мешаванд. Агар соли 2014 дар муассисаҳои таълимӣ 48125 компютер ва 8008 принтер мавҷуд буд, имрӯз дар макотиби шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 79012 адад компютер, 12247 принтер ва 3706 тахтаи электронӣ мавриди истифода қарор доранд.
Баҳри баланд бардоштани сифати таҳсилот аз соли 2016 инҷониб дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ муносибати босалоҳият ба таълим оғоз ёфт. Дар доираи он маводи зарурӣ (стандарт, барнома, замима ба китобҳои дарсӣ ва роҳнамои омӯзгор) омода гардид ва омӯзгорони ҳамаи фанҳои таълимӣ аз курсҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти пурбор дар шароити ҳамбастагии фазои таҳсилот дарёфт ва дастгирии хонандагони болаёқату соҳибистиъдод мебошад. Боиси ифтихор аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон толибилмони боистеъдод ҳамеша дастгириву қадрдонӣ мегарданд. Дар ин ҷода “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020” қабул гардида буд, ки дар шинохту муаррифии хонандагони лаёқатманди шаҳру ноҳияҳои кишвар такони ҷиддӣ бахшид. Ин барнома имкон фароҳам овард, ки барои дарёфти хонандагони эҷодкор ва омода намудани онҳо ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, алалхусус, дар мактабҳои Президентӣ, гимназия ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат гомҳои устувор гузошта шавад. 
Дар ин раванд, дар ҷумҳурӣ вобаста ба иҷрои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» низ миёни хонандагон якчанд олимпиадаи фаннӣ баргузор мешаванд, ки ба дарёфт ва ҷалби бештари наврасону ҷавонони болаёқат ба илмҳои бунёдӣ ва ҳаракати олимпӣ мусоидат менамоянд.
Ҳадаф аз ин тадбирҳои судманд ҷалби бештари толибилмони болаёқат, ихтироъкор ва боистеъдод ҷиҳати азхуд кардани дастовардҳои навтарини илмию техникӣ, ба таври фарогир омӯхтани фанҳои алоҳида, пурра ошноӣ пайдо кардан ба технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, ихтироъкорӣ, инчунин, омодагӣ ба озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ ва вусъат бахшидан ба ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Ҳамин аст, ки дастоварди хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ назаррас аст. Солҳои 2013-2020 хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ дар Федератсияи Россия, Қазоқистон, Туркия, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Беларус, Ҳолланд, Ҳиндустон, Индонезия, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Руминия, Булғористон, Кореяи Ҷанубӣ, Ветнам, Тайланд, Дания, Африқои Ҷанубӣ, Куба, Аргентина, Бразилия, Молдова, Латвия, Ӯзбекистон, Малайзия, Фаронса, Англия, Маҷористон, Ҷопон, Словакия ва Чехия сазовори 1216 ҷойи ифтихорӣ (248 ҷойи якум, 366 ҷойи дуюм ва 602 ҷойи сеюм) гардиданд. Аз аввали соли 2022 то имрӯз бошад, хонандагони тоҷик дар 16 олимпиадаи байналмилалӣ ширкат варзида, 1004 ҷойи ифтихорӣ ба даст оварданд. Гузашта аз ин, дар шашмоҳаи соли ҷорӣ 8419 нафар хонандаи тоҷик дар 11 олимпиадаи байналмилалӣ мустақиман ва тариқи фосилавӣ аз фанҳои математика, физика, химия, табиатшиносӣ ва забони англисӣ дар давлатҳои Амрико, Венгрия, Италия, Словения, Босния-Герсеговения, Қазоқистон ва Ӯзбекистон иштирок намуда, сазовори 1058 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 140 медали тилло, 368 медали нуқра ва 550 медали биринҷӣ гардиданд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ дар таълифи барномаву китобҳои дарсӣ ва мураттабу омодасозии дастуру воситаҳои ёрирасони таълим тадбирҳои судманд амалӣ кардааст. Зеро асоси ҳама гуна ислоҳоту навгонӣ дар соҳаи маориф ва беҳтар шудани сифати таҳсилот ба таҳияи китобҳои дарсии ба талаботи стандарт мутобиқ вобаста аст. Дар шароите, ки Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба илму маориф ва таълиму тарбия ҳамчун пояи муҳимми давлатдорӣ ва манбаи ташаккули захираҳои инсонӣ таваҷҷуҳи махсус дорад, таъмини муҳассилин бо китобҳои дарсӣ ва омӯзгорон бо маводи методӣ муҳимтарин омили пешрафти ин соҳа ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар умум, 175 номгӯйи китоби дарсӣ (бо иловаи нашрҳои такрорӣ) барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, инчунин, барои муассисаҳои таълимии таҳсилашон ба забонҳои ақаллиятҳои миллӣ (русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ ва туркманӣ) бо теъдоди 48 млн 890 ҳазору 907 нусха ба нашр расидааст ва ин раванд вобаста ба рушду пешрафти ҷомеа мунтазам такмилу вусъат меёбад. Алъон нашрҳои сеюм ва чоруми китобҳои мазкур бо дарназардошти ислоҳоти соҳаи маориф аз нигоҳи мазмуну муҳтаво ва мундариҷа такмил ва нашр мегарданд. Дар баробари ин, адабиёти таълимӣ бо дигаргониву таҳаввулот ва навгониҳои илмӣ таҳия шуда, дар мазмуну муҳтавои ин асарҳо бештар дар рӯҳияи худогоҳиву шинохти асолати миллӣ ва дарку маърифати таърихи пурифтихори хеш ба камол расидани хонандагон таваҷҷуҳ карда шудааст. 
Барои беҳтар шудани фаъолияти китобдорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» (аз 26-уми июли соли 2014, №1122) қабул гардид ва он ба рушду инкишофи соҳа мусоидат кард. Санади мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба таҳия ва нашри адабиёти таълимӣ, ҳамчунин, кафолат ва талаботи давлатӣ ба адабиёти таълимиро танзим мекунад. Инчунин, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи мазмуну муҳтавои адабиёти таълимии дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Низомномаи намунавӣ оид ба таҳия, экспертиза ва нашри адабиёти таълимӣ» қабул шуд, ки таҳкимбахши фаъолияти соҳа дар ин самт ба ҳисоб меравад.
Фаъолияти муассисаҳои таълимӣ бе таъмини омӯзгорони тахассусманд ва эҷодкору навовар самараовар нахоҳад буд. Ба ин масъала Вазорати маориф ва илми кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва баҳри бартараф намудани эҳтиёҷоти кадрӣ талошҳои самаровар анҷом медиҳад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки муассисаҳои таълимӣ бештар ба омӯзгорони фанҳои математика, таърих ва ҳуқуқ, забонҳои русию англисӣ, химияю биология, физикаю география эҳтиёҷманданд. Дар 6 соли охир (солҳои 2016-2021), дар маҷмуъ, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ наздики 50 ҳазор омӯзгор эҳтиёҷи кадрӣ мавҷуд буд. Аз ин рӯ, дар ин муддат Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илм муассисаҳои таҳсилоти умумиро бо 68227 омӯзгор таъмин намудааст.
Дар баробари ин, бо мақсади ҷалби бештари омӯзгорони ҷавон ба таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор имтиёзҳоро пешбинӣ кардааст. Оид ба дастгирии ҷавонон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 03.05.2006, №197) «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» қабул шудааст, ки дар ҷалби бештари омӯзгорони ҷавон ба раванди таълиму тарбия ва баланд гардидани вазъи иҷтимоиву маишии онҳо мусоидати амиқ намуд. Дарвоқеъ, солҳои 2007-2019 41 ҳазору 409 омӯзгори ҷавон дар муассисаҳои таълимӣ ба ҷойи кор ҳозир шудаанд ва аз тарафи мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 6 ҳазору 718 нафар (аз ин шумора 3 ҳазору 571 нафар бо замини наздиҳавлигӣ, 786 нафар бо замини полезкорӣ ва боғдорӣ ва 2327 нафар бо қарзи имтиёзок)-и онҳо бо имтиёз таъмин гардиданд. Соли 2020 бошад, 46 нафар бо замини наздиҳавлигӣ, 5 нафар бо замини полезкорӣ ва боғдорӣ ва 317 нафар бо қарзи имтиёзок ва соли 2021 85 нафар бо замини наздиҳавлигӣ, 21 нафар бо замини полезкорӣ ва боғдорӣ ва 335 нафар бо қарзи имтиёзок бархӯрдор шудаанд.
Дар марҳилаи пешрафти ҷаҳони муосир талабот ба ҷавонони соҳикасб бештар гардидааст. Дар ин замина нақши таҳсилоти миёнаи касбӣ муассир аст ва дар кишвар ба ҷалби муҳассилин ба ин зинаи таҳсил шароити мусоид вуҷуд дорад. Дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таъсис додани муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ва соҳибмаълумот намудани ҷавононе, ки рағбат ба гирифтани маълумоти касбӣ доранд, натиҷаҳои дилхоҳро ба бор овард. Дар ҷумҳурӣ шумораи муассисаҳои таълимии касбии ғайридавлатӣ 23 адад буда, дар онҳо донишҷӯёни зиёде аз рӯйи 5 самт – тиббӣ, омӯзгорӣ, техникӣ, технологӣ ва фарҳанг ҷалб гардидаанд.
Дар мамлакат 82 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият менамояд, ки нисбат ба соли 1991 39 адад (52%) зиёд аст. Дар муассисаҳои мазкур аз рӯйи 8 равия (тиббӣ, омӯзгорӣ, аграрӣ, фaрҳанг, техникӣ, технологӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқ) ва 203 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд ва дар онҳо дар соли таҳсили 2021-2022 93531 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. 
Гузариш ба низоми кредитии таҳсилот тақозои замон ва талаботи соҳаи таълиму тарбия мебошад. Аз соли таҳсили 2013-2014 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба таври заминавӣ (пилотӣ) як ё ду ихтисосро ба низоми кредитии таҳсил ҷорӣ намуданд. Алҳол дар муассисаҳои мазкур ин низоми таҳсил ба таври фарогир амалӣ мегардад ва ба баланд гардидани сатҳу сифати таълим мусоидат намуд. Дар ин миён заминаи моддию техникии ин муассисаҳо тадриҷан бо воситаҳои техникии замонавӣ, тахтаҳои электронӣ, компютеру проектор, кабинетҳои лингофонӣ ва ҳуҷраҳои озмоишӣ таъмин гардиданд. 
Воқеан ҳам, дар ин зинаи таҳсил шаҳрвандон баъди хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ ҳуқуқи таҳсилро доранд. Шаҳрвандоне, ки таҳсилоти умумии асосӣ доранд, дар ин муассисаҳо баробари таҳсилоти миёнаи касбӣ номаи камоли хатми таҳсилоти миёнаи умумиро низ ба даст меоранд. Дар баробари ин, он нафароне, ки зинаи таҳсилоти миёнаи касбиро хатм мекунанд, имкони идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро мувофиқи ихтисос ба даст меоранд. 
Зинаи таҳсилоти олии касбӣ замина асосии неруи илмии кишвар ба ҳисоб меравад. Маҳз дар мактабҳои олии кишвар мутахассисони ҳирфаӣ ва ҷавобгӯ ба бозори ҷаҳонии меҳнат омода карда мешаванд. Боиси хушнудист, ки дар замони соҳбистиқлолӣ зинаи таҳсилоти олии касбии кишвар тадриҷан рушду инкишоф меёбад ва ҳам аз ҷиҳати теъдод зиёд ва ҳам аз ҷиҳати сифат баланд мегардад. Ба таври мисол, дар ҷумҳурӣ соли таҳсили 1991-1992 13 мактабӣ олӣ фаъолият мекард ва ҳоло дар 42 муассисаи олӣ беш аз 234 ҳазор донишҷӯ ба омӯзиши донишҳои замонавӣ ҷалб гардидаанд.
Маҳз бо ғамхориву дастгирии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ муассисаҳои олии касбии нави таълимӣ, аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ ва Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияҳои Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳамзамон, бо иштироки Пешвои миллат бинои нави таълимии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҳамчунин, сохтмони бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бомаром идома дошта, дар наздиктарин фурсат ба истифода дода мешаванд.
Яке аз дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ гузариш ба низоми кредитии таҳсил ба ҳисоб меравад. Айни замон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ пурра ба ин низом гузаштаанд. Қабули довталабон ба мактабҳои олии кишвар тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастворадҳои дигари аҳли маорифи кишвар мебошад. 
Дар сиёсати давлатӣ ба рушди илму технология, фаъолияти инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани навгониҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишварамон таваҷҷуҳи бештар зоҳир шудааст. Фаъолияти илмию инноватсионӣ дар асоси талаботи ҷаҳони муосир ба роҳ монда шуда, натиҷаҳои самаровар ба даст омадааст. Дар ин самт ба тарбияи кадрҳои илмию педагогӣ такяи бештар гардидааст. Дар нимсолаи аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 18 шурои диссертатсионӣ, ки дар Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба қайд гирифта шудаанд, 68 нафар рисолаҳои илмӣ (аз ин шумора 13 рисолаи докторӣ ва 55 рисолаи номзадӣ) дифоъ кардаанд. Айни замон дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ 37 шурои диссертатсионӣ, ки дар назди Комиссияи олии аттестатсионӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, аз рӯи 145 ихтисос фаъолият менамоянд. Дар шуроҳои мазкур дар шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ 105 нафар рисолаҳои илмӣ (5 нафар рисолаи докторӣ, 12 нафар докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) ва 88 нафар рисолаи номзадӣ) дифоъ бинмудаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвар ва ташкилотҳои хориҷӣ 130 созишнома ва барномаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаи маориф, илм ва техникаро ба имзо расонидааст. Дар асоси санадҳои мазкур зиёда аз 40 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои барои иқтисодиёти миллии кишвар зарур дар 38 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунанд. Ҳамасола дар доираи ҳамкориҳо аз ҷониби Федератсияи Россия, Беларус, Қазоқистон, Малайзия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Япония, Венгрия, Руминия, Сербия, Тайланд... барои шаҳрвандони мамлакат бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо мегардад. 
Бояд қайд кард, ки соли 2008 дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази барномаҳои байналмилалӣ таъсис ёфт. Дар заминаи маркази мазкур, бо мақсади тайёр намудани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ аз рӯи он ихтисосҳое, ки дар кишвар омода карда намешаванд ва рушди иқтисодиёти мамлакат ба онҳо ниёз дорад, соли 2009 Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Дурахшандагон» созмон дода шуд, ки то имрӯз аз ҳисоби стипендияи мазкур беш аз 400 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода шудаанд. 
Ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои аъзои ИДМ ва СҲШ таҳким ёфт ва дар доираи созмонҳои мазкур Донишгоҳи шабакавии СҲШ ва Донишгоҳи шабакавии ИДМ фаъолият менамоянд, ки 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар аъзои Донишгоҳи шабакавии СҲШ ва 3 муассиса аъзои Донишгоҳи шабакавии ИДМ мебошанд. 
Дар ҷумҳурӣ се филиали муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, як филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва як донишгоҳи муштарак бо Федератсияи Россия (ДСРТ) фаъолият менамоянд. 
Табиист, ки бо дарназардошти торафт беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва суръати афзоиши аҳолии кишвар пайваста зарурати азнавсозии мактабҳои мавҷуда ва сохтмони муассисаҳои таълимии нав, хусусан, дар деҳаву шаҳракҳои навбунёд ба миён меояд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 3200 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимӣ сохта ба истифода дода шуд. 
Боиси ифтихори мо, кормандони соҳаи маориф аст, ки соли равон низ дар ифтитоҳи аксари муассисаҳои нави таълимии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. Пешвои миллат ҳамасола дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ (1 сентябр) бо ширкати васеи хонандагону омӯзгорон суханронӣ мекунанд. Дар суханрониҳои хеш ҳамеша ба масъалаҳои умдаи замони имрӯз таваҷҷуҳ намуда, хонандагону донишҷӯёнро ба омӯзиши амиқи илмҳои муосир, расидан ба қадри сулҳу субот ва дар рушди пешрафти бештари кишвар саҳм гузоштан ҳидоят менамоянд. 
Истиқлол ва сулҳу ваҳдати миллӣ ифтихору сарбаландии ҳар фарди ватандӯст, бахусус, кормандони соҳаи маориф ва илм, хонандагону донишҷӯён ва наврасону ҷавонон мебошад. Бинобар ин, бояд ба қадри ин неъматҳои бебаҳо бирасем ва дар таҳкими сулҳу субот ва ҳифзи амнияти миллӣ саҳм бигузорем. Зеро маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сулҳу Ваҳдати миллӣ ва ғамхориву дастгирии пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои маориф ва илми кишвар ба таври чашмрас ва назаррас рушду инкишоф ёфтанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар иҷрои вазифаҳои хеш боз ҳам масъулияти бештар эҳсос намуда, наврасону ҷавононро ба омӯзиши васеи илмҳои бунёдӣ роҳнамоӣ карда, дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ба камол бирасонем. 
 

Эҳсон САФАРЗОДА-
сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои филологӣ