Сохтмон ва муҷаҳазгардонии мактабҳо

Маълумота оид ба рафти татбиқи Лоиҳа

Иҷрои барномаи давлатии сармоягузориҳо, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2015-2017

Сохтмони Муассисаи таҳсилотимиёнаи умумии №1 дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

 МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «МАРКАЗИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ
«СОХТМОН ВА МУҶАҲҲАЗГАРДОНИИ МАКТАБҲО»

 

 

Номи Лоиҳа:  Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо»

Директор:  Воҳидова Умеда Сафаровна

·            Ҳадаф ва вазифаҳои лоиҳа

Мақсади Лоиҳа рушд ва беҳтар намудани таҳсилоти умумӣ ва қонеъ гардонидани талаботи мамлакат ба низоми таҳсилот ва шумораи афзуншавандаи хонандагон тавассути сохтмон ва таҷҳизонидани якчанд мактабҳо дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон мебошад.

          Лоиҳаи мазкур имконияти ба ҷои нишаст фаро гирифтани зиёда аз 16000 мактаббачагонро дар ду баст доро мебошад.

Дар доираи амалишавии Лоиҳа иҷрои вазифаҳои зерин пешбинӣ шудааст:

a)     сохтмони 15 мактаби нави замонавӣ бо иқтидори лоиҳавӣ барои 340, 560, 660 ва 820 ҷойи нишаст бо назардошти кабинетҳои фаннӣ ва тамоми инфрасохтор, аз ҷумла:

- 4 мактаб бо иқтидори лоҳавӣ барои 340 ҷойи нишаст бо назардошти 3 кабинетҳои фаннӣ (физика, химия, компютерӣ), инчунин буғхона бо назардошти технологияи ҳозиразамон, ки дар фасли зимистон имкон дорад тамоми утоқҳои биноро бо ангишт гарм нигоҳ дорад;

- 11 мактаб бо иқтидории  лоҳавии 560, 660 ва 820 ҷойи нишаст бо назардошти 7 кабинетҳои фаннӣ (физика, химия, биология, лингафон, компютерӣ, таълими меҳнат (духтарона/писарона), толори варзишӣ, толори маҷлисгоҳ, ошхона, китобхона бо ҷойи нишаст, буғхона бо назардошти технологияи ҳозиразамон, ки дар фасли зимистон имкон дорад тамоми утоқҳои биноро бо ангишт гарм нигоҳ дорад;

b)     таъмин ва муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳо, кабинетҳои фаннӣ, толори варзишӣ, ошхона ва китобхона 

c)      хизматрасониҳои консалтингӣ, ки бо мақсади дастгирии МТЛ дар амалигардонии Лоиҳа, аз ҷумла ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, омода намудани лоиҳаҳо ва гузаронидани онҳо аз ташхиси давлатӣ, интихоби муҳандисон-машваратчиёни ноҳиявӣ, ки дар самти назорати иҷрои корҳои сохтмонӣ (сифат ба талабот ва тибқи МҚС ҷавобгӯй будани корҳои сохтмонӣ, пешниҳод намудани санади аслии иҷроиши корҳо), инчунин гузаронидани мониторинги ҳармоҳа ва пешниҳод намудани ҳисоботҳои моҳона оид ба рафти корҳои сохтмонӣ,  анҷом дода мешавад;

d)     маблағгузории ҳиссаи хароҷотҳо, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои иҷрокунандаи Лоиҳа (МД «МТЛ СММ») ба вуҷуд меоянд.

·            Самтҳои фаъолияти лоиҳа:

Лоиҳа аз самт (қисмат)-ҳо ва маблағҳои зерин иборат аст:

1) Корҳои сохтмонӣ, таъмин намудан бо мебел ва таҷҳизот

    (Қисми 1-и Лоиҳа)                                        24 001 110, 00 доллари ИМА

2) Хизматрасониҳои машваратӣ (консалтингӣ)

    (Қисми 2-и Лоиҳа)                                        998 890,00 доллари ИМА

3) Нигаҳдории Муассиса                                 750 000,00 доллари ИМА

·            Муҳлати татбиқи лоиҳа:

Оғози лоиҳа: аввали соли 2015.

Анҷоми лоиҳа: 30.11.2018с.

·            Сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва маблағи умумии лоиҳа:

Маблағи умумии Лоиҳа 25,750 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода,

аз ҷумла:

Фонди Саудии Рушд                                - 25,0 млн. доллари ИМА;

Саҳми Ҳукумати ҶТ                                - 0,75 млн. доллари ИМА

·            Азхудкунии маблағҳо аз оғози татбиқи лоиҳа:

Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудкардашуда аз оғози татбиқи лоиҳа ба 15 410 242,00 млн.доллари ИМА баробар аст, ки ин 60%-и нақшаи молиявии аз аввали татбиқи лоиҳа то 30 декабри соли 2016-ро ташкил медиҳад.

·            Ҳолати татбиқи Лоиҳа дар соли 2016.

Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» ҳамчун мақоми ваколатдор дар самти татбиқи лоиҳаи мазкур дар соли ҷорӣ асосан иҷроиши корҳои ҳаҷмиро ба роҳ монда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои буҷавӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла қарзӣ тамоми тадбирҳои амалиро андешид.

Боназардошти ин, фаъолияти Марказ дар асоси нақшаи корӣ, ки дар асоси талаботҳои Фонди Саудии Рушд таҳия ва мувофиқа гардидааст, дар давраи фаъолияти корӣ асосан иҷроиши  корҳои ҳаҷмиро ба роҳ мондааст.

-  Самти корҳои сохтмониву васлгарии иншоотҳо ва муҷаҳҳазгардонӣ бо мебелу таҷҳизот.

Баъд аз тасдиқи Шартномаҳои сохтмонӣ бо пудратчиён ва гирифтани ризоят оид ба оғоз намудани корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Фонди Саудии Рушд, новобаста аз сардии ҳаво ва мушкилиҳои молиявии ба миён омада корҳои сохтмонӣ дар понздаҳ иншоот аз аввали соли 2016 расман оғоз гардидаанд. Дар ин давра вобаста ба оғоз гардидани корҳои сохтмонӣ нақша чорабиниҳои Марказ барои соли 2016 таҳрезӣ гардида, мунтазам аз ҷониби роҳбарият ва сармуҳандиси Марказ аз рафти корҳои сохтмонии понздаҳ муассисаи сохташаванда мониторингҳо гузаронида шуда, ҷиҳати рафъи камбудиҳо ба сохтмончиён дастур ва тавсияҳо дода мешавад.

Қайд кардан зарур аст, ки корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкатҳои сохтмонӣ дар понздаҳ иншоот тибқи талаботи Фонди Саудии Рушд, МҚС (Меъёрҳою қоидаҳои сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва талаботҳои федератсияи байналмилалии муҳандисон-мушовирон (FIDIC) ба роҳ монда шудааст.

Барои роҳ надодан ба хатогиҳо дар сохтмони мактабҳои лоиҳавӣ, тибқи дастуру супоришҳои роҳбарият аз ҷониби намояндаҳои ширкати хизматрасонии мушовирии хориҷӣ ARH/BETS/PANASIA оид ба мутобиқати корҳои сохтмонӣ дар асоси лоиҳаи пешниҳод намудаи худи ширкат мониторингҳо гузаронида шуда, санади иҷроиши корҳои аслӣ ба Марказ барои мувофиқа пешниҳод карда мешавад.

Мутобиқи шартномаи ширкати хизматрасонии мушовирии хориҷӣ ARH/BETS/PANASIA, ширкати мазкур ҳисоботҳои моҳонаро оид ба рафти корҳои сохтмонӣ (сифат, мониторинг, ҳаҷми аслии иҷроиши корҳо) ба таври муфассал ба Марказ ва Фонди Саудии Рушд пешниҳод менамоянд.

Инчунин дар Марказ системаи ягонаи мутамарказ ба роҳ монда шуда, тибқи он аз ҷониби муҳандисони ноҳиявӣ ҳар даҳ рӯза ҳисобот оид ба рафти корҳои сохтмонӣ, мониторинг, сифати корҳои иҷрошуда, азхудкунии маблағҳо ва ҳаҷми иҷроиши корҳои аслӣ пешниҳод карда мешаванд.

Новобаста аз нақшаи тасдиқнамудаи Фонди Саудии Рушд оид ба оғоз ва анҷоми корҳои сохтмонӣ, аз ҷониби Марказ чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Дар партави супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Марказ тасмим гирифт, ки як қатор иншоотҳои сохташавандаро пеш аз муҳлат ба истифода диҳад.

- Санаи 3 октябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеро шаш моҳ пеш аз муҳлат мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Муассисаи мазкур бо назардошти ояндабинӣ таҳия гардида, оянда дар ин ҷо се бинои дигар, иборат аз толори варзишӣ, ошхона, толори маҷлисгоҳ, китобхона ва 8 синфхона ба нақша гирифта шуда, аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди иншооти иловагӣ расман оғоз бахшиданд.

Қайд кардан зарур аст, ки соли 1998 бо сабаби баланд шудани оби дарёи Ёхсӯ ва омадани сел бинои пешинаи мактаби рақами 51 пурра хароб гардида, солҳои зиёд хонандагон дар шароити наонқадар хуб таҳсил доштанд.

-  Моҳи майи соли 2016 дар ҷараёни сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Нораки вилояти Хатлон дастур дода шуд, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 деҳаи Тутқавули ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак то ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шавад.

Тибқи ин супориш санаи 28 августи соли ҷорӣ муассисаи мазкур нӯҳ моҳ пеш аз муҳлат ба истифода дода шуд, ки дар қабули он муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. Қайд кардан зарур аст, ки сохтмони муассисаи мазкур ҳанӯз аз даврони шуравӣ оғоз гардида, соли 1988 мавқуф гузошта шуд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаи мазкур ба барномаи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.08.2008,№436 оид ба сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо ва ба руйхати муассисаҳои сохташавандаи Марказ ворид гардид.

- Санаи 2 октябри соли ҷорӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 дар деҳаи Давлатободи ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб бо иштироки Вазири маориф ва илм, муовини Раиси вилояти Хатлон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб шаш моҳ пеш аз муҳлат ба истифода дода шуд.

- Аввали моҳи ноябри соли 2016 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32 дар деҳаи Курӯди ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ ва №61 дар деҳаи Моғиёни ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент бо иштироки муовини Сарвазири Чумхурии Точикистон, Вазири маориф ва илм, Раиси вилояти Суғд, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент шаш моҳ пеш аз муҳлат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, айни замон ҳуҷҷатгузории онҳо ба роҳ монда шуда истодааст.

Марказ дар фаъолияти кории худ дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.01.2016,№26/4-1 оид ба тақвият додани истеҳсолоти воридотивазкунанда ва мусоидат ба содирот барои харид ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, истифодаи масолеҳи сохтмонии истеҳсолкунандагони ватанӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонид.

-  Таъмин намудан бо мебелу таҷҳизот.

Дар давраи соли 2016 тибқи мактуби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи пешакии хариди мол ҷиҳати муҷаҳҳазгардонии 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои соли 2016 ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, ҳуҷҷатҳои тендерӣ, аз ҷумла дастурамал дар бораи иштирокчиёни тендер, хароҷотномаи ҳаҷми корҳо дар шакли байналхалқӣ (BOQ) ва таснифоти техникӣ таҳия гардида, санаи 12 апрели соли 2016,№18410 аз ҷониби Фонди Саудии Рушд тасдиқ карда шуд.

Дар асоси ин, Марказ мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №500 аз 2 октябри соли 2010 «Дар  бораи Қоидаҳо оид ба кушодани дархостҳои тендерӣ барои хариди мол, кор ва хизматрасонӣ тибқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо риояи талаботҳои Фонди Саудии Рушд ва бо назардошти мактуби кафолатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.05.2016,№5/5-22/417 ва мактуби Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.07.2016,№14667(22.4) ҷиҳати муҷаҳҳазгардонии понздаҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии марҳилаи III аз ҳисоби марҳилаи IV лоиҳа, баргузории тендерҳои байналхалқиро (Международные Конкурсные Торги) дар соли 2016 ба нақша гирифт.

Аз ҷумла, эълон барои муҷаҳҳазгардонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар деҳаи Тутқавули ҷамоати деҳоти Пули сангини шаҳри Норак, №51 дар деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ, №23 дар деҳаи Давлатободи ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб, №61 дар деҳаи Моғиёни ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент, №32 дар деҳаи Курӯди ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ, №61 дар шаҳраки Восеи ноҳияи Восеъ, №15 дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Фархор, №14 дар маркази ноҳияи М.С.А.Ҳамадонӣ, №57 дар деҳаи Зулмободи ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейни ноҳияи Ёвон, №16 дар деҳаи Роҳи Нави ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ, №9 дар деҳаи Сангтудаи ҷамоати деҳоти Сангтудаи ноҳияи Данғара, №1 дар маркази ноҳияи Ш.Шоҳин, №26 дар деҳаи Баҳори ноҳияи Носири Хусрав, №8 дар деҳаи Хуррамзамини ҷамоати деҳоти И.Шарифови ноҳияи Данғара ва №14 дар деҳаи Комсомоли ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос карда шуд.

Ҳисоботи арзёбии ҳуҷҷатҳои тендерӣ барои хариди мол ҷиҳати муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои мазкур бо пешниҳоди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 июни соли 2016,№1-2Д/1756, 26 июли соли 2016,№1-2д/2098, 19 августи соли 2016,№1-2Д/2388, 19 октябри соли 2016,№1-2Д/2906 ва 15 ноябри соли 2016,№1-2Д/3204 барои мувофиқа ва ризоят ба Фонди Саудии Рушд ирсол гардид.

Санаи 08.08.2016,№OD-2016/29197, 09.08.2016,№OD-2016/29067, 03.11.2016,№3350 ва 21.11.2016,№8093 аз ҷониби Фонди Саудии Рушд ризояти бастани шартномаҳо бо бортаъминкунандаҳо ҷиҳати муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои мазкур дода шуд.

Айни замон аз ҷониби Фонди Саудии Рушд тасдиқи чор шартнома, санаи 05.09.2016,№31681 ва 04.10.2016,№480 дода шудааст. 

Умуман дар давраи ҳисоботии соли 2016 панҷ муассисаи таълимӣ пеш аз муҳлат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, пурра бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ - мебел, аз ҷумла зиёда аз панҷову ҳафт синфхона бо мизу курсӣ ба миқдори 837 комплект, ҷевони китобмонӣ ва либоса ба миқдори 45 дона, миз барои муаллимон, синфхонаҳои компютерӣ ва китобхона ба миқдори 201 дона миз,  як ошхона ва чор ошхонаи хурд бо мизу курсӣ ба миқдори 32 комплект, синфхонаи таълими меҳнат-писарона ба миқдори 12 дона миз, синфхонаи биология ба миқдори 12 дона миз ва як ошхона пурра бо таҷҳизоти истеҳсоли ватанӣ таъмин карда шудаанд. Инчунин дар баробари таъмин намудан бо мебел, як синфхонаи инкишофи кӯдак, панҷ синфхонаҳои фаннӣ – физика, химия, як синфхонаи лингафон, як синфхонаи таълими меҳнати духтарона, толори маҷлисгоҳ ва варзишӣ,  ки қисми аз мебелу таҷҳизоти он маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мебошад, муҷаҳҳазгардонида шудаанд.

- Самти хизматрасониҳои машваратӣ (консалтингӣ)

Дар доираи ҳамкориҳо ба Қисмати хизматрасониҳои машваратии Созишномаи қарзӣ диққати ҷиддӣ дода, Марказ ҳамкориро бо мушовирони хориҷи ҷоннок намуда, дар доираи талаботҳои Фонди Саудии Рушд ҳамкориро ба роҳ мондааст.

- Самти нигаҳдории Муассиса.

-Нигаҳдории Марказ аз ҳисоби саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2014 амалӣ гардида, ба ҳолати 30 декабри соли 2016 маблағгузории он таъмин карда шудааст. Қайд кардан зарур аст, ки тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сарфа намудани маблағҳои буҷавӣ барои хароҷотҳои дуюмдараҷа, Марказ дар соли 2015 маблағи 247608,00 сомонӣ ва дар соли 2016 маблағи 114000,00 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 361608,00 сомонӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишора ба самаранок истифодабарӣ дар татбиқи лоиҳа барои солҳои минбаъда, баргардонида шуд.

- Лозим ба ёддоварист, ки дар давраи соли 2016 дар асоси мактубҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.05.2015, №2-3-19/938 ва 07.10.2015, №5/5.19/635 барои баробар намудани саҳми Фонди Саудии Рушд барои корҳои сохтмонӣ аз 90% ба 100% бо дарназардошти азнавтақсимкунии қисматҳо дар Ҷадвали 1-и Созишномаи қарзӣ, аз ҷониби Фонд ризоят ва тағйиротҳои зерин ворид карда шуд:

1. Мутобиқи банди 2.04. Созишномаи қарзии 8/595, Фонд санаи ба анҷомёбии Созишномаро 30.11.2018. муқаррар намуд;

2.  Бо дарназардошти азнавтақсимкунии қисматҳо дар Ҷадвали-1 банди А. - Созишномаи қарзӣ ва баробар намудани саҳми Фонди Саудии Рушд барои корҳои сохтмонӣ аз 90% ба 100%  тағйиротҳо ворид карда шуд.

·            Натиҷаи ташрифи миссияҳо.

Танҳо дар давраи соли 2016 ташрифи намояндагони Фонди Саудии Рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон чор бор - аз 24 то 26 феврал, аз 1 то 3 июн, аз 22 то 27 август ва аз 26 то 29 октябр дар ҳайати Абдуллоҳ М. Ал-Ховайтер-сармуҳандис, Сулаймон А.Ал-Ветайд-сармуҳандис/лоиҳакаш, Айман М. Алтулайҳи-муҳосиб, Муҳаммад С.Алмасъуд-муҳандис-сохтмончӣ ва Мешол А.Алнаҷоши-ҳуқуқшинос, баргузор гардидааст.

Мутобиқи нақшаи кории таҳрезигардида дар ҷараёни ташрифҳо вохӯрии намояндаҳои Фонд бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Марказ ва намояндаҳои ширкати хизматрасонии мушовирии хориҷӣ ARH/BETS/PANASIA баргузор гардидаанд.

Дар мулоқотҳои мазкур масоили ҳамкории судбахш, барои дастгириҳои пайваста аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос карда шуда, тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои дуҷониба густариш хоҳад ёфт.

Инчунин дар ҷараёни вохуриҳо оид ба рафти татбиқи лоиҳа ва иҷроиши корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои сохташаванда изҳорӣ қаноатмандӣ карда шуд.

 

Қайд кардан зарур аст, ки вобаста ба мактуби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалигардонии созишномаи қарзии марҳилаи IV дар ҳамкорӣ бо Марказ корбарӣ ба роҳ монда шуда, санаи 29 августи соли ҷорӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи созишнома пешниҳод карда шуд. 

·          Маълумот оид ба масъалаҳои кадрӣ дар Маркази татбиқи лоиҳа:

Дар Маркази татбиқи Лоиҳа 8 нафар корманди асосӣ ва 3 нафар ҳайати кормандони техникӣ, ҳамагӣ 11 нафар фаъолият доранд.

Дар асоси Шартномаи хизматрасонии мушовирии ба имзо расонидашуда бо ширкати ARH/BETS/PANASIA аз ҷониби ширкати мазкур дар давраи корҳои пеш аз сохтмонӣ 8 нафар мушовирони маҳаллӣ дар вазифаҳои гуногуни мавсимӣ ба монанди меъмор, муҳандис лоиҳакаш, нақшакаш, мутахассис оид ба омода намудани сметаҳои  хароҷотӣ, муҳандис-механик, геодезист, топограф ва ғайра ба кор ҷалб карда шуданд. Инчунин дар асоси Шартномаи хизматрасонӣ аз ҷониби ширкати мазкур барои назорати иҷрои корҳои сохтмонӣ 15 нафар муҳандис-мушовирони маҳаллӣ дар асоси озмун ба кор қабул карда шудаанд.

Айни ҳол дар понздаҳ мактаб зиёда аз 1050 нафар мутахассисони маҳаллӣ аз ҷониби ширкатҳои сохтмонӣ ба кор ҷалб гардидаанд, ки ин барои паст кардани сатҳи бекорӣ дар маҳаллҳо мусоидат менамояд.

 

·            Дигар маълумотҳо (дигар маълумотҳои муҳим оид ба рафти татбиқи лоиҳа, ки пешниҳоди онҳо зарур шуморида мешавад)

 

-Қайд кардан зарур аст, ки мутобиқи Ҷадвали корӣ ва нақшаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои Марказ ва ширкати хизматрасонии мушовирии хориҷӣ ARH/BETS/PANASIA, ки бо Фонди Саудии Рушд ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа гардидааст, корҳои сохтмониву васлгарӣ дар понздаҳ иншоот 5 (панҷ) моҳ пеш аз муҳлат оғоз гардидаанд.

-Дар соли ҳисоботӣ соли 2016 оид ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Нақшаи обуна ба рӯзномаю ҳафтаномаҳо аз ҷониби Марказ пурра таъмин гардид.

 

- Дар соли 2016 Марказ мукотиботро мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008,№585 “Дар бораи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар вазорату кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳ монда, ҷиҳати ҳамкории судманд тадбирҳои амалиро андешид.