
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
-
МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ "LEADERS OF CHANGE FOUNDATION” ВА МУДИРИ БАРНОМАИ СТИПЕНДИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ "LANE KIRKLAND" 16 октябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо Президенти "Leaders of Change Foundation" хонум Агата Вержбовска ва мудири Барномаи стипендияи байналмилалии "Lane Kirkland" хонум Уршула Собетскаи аз Ҷумҳурии Лаҳистон баргузор гардид. Дар оғози мулоқот муовини якуми вазир хонум Агата Вержбовска ва хонум Уршула Собетскаро хайрамақдам гуфта, аз номи ҳайати роҳбарии Вазорати маориф ва илм барои ташрифи онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд. Зимни суханронӣ муовини якуми вазир таъкид дошт, ки ҳамкориҳои миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лаҳистон сол аз сол рушд ёфта, дар самтҳои мубодилаи устодону донишҷӯён, ташкил ва иштирок дар конфронсу семинарҳои илмӣ ва барномаҳои муштараки таълимӣ густариш меёбанд. Аз ҷумла, ҳамкории самарабахш миёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Пависланскии Лаҳистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ ва Донишгоҳи кишоварзии Краков, инчунин, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Гданск зикр гардид. Муовини якуми вазир иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша омодаи тавсеаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии Лаҳистон буда, барои ташкили вохӯриҳо, гуфтугӯҳо ва барномаҳои муштарак дар ҳама вақт изҳори омодагӣ менамояд. Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими робитаҳои дуҷониба дар соҳаи маориф иброз дошта, изҳори умед карданд, ки ин дидор ба таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Лаҳистон дар самти таҳсилоти олӣ ва барномаҳои стипендиявӣ такони тоза мебахшад. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
18
16.10.2025
-
ВАЗЪИ АМАЛИШАВИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2044 15 октябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илм ҷаласаи корӣ вобаста ба вазъи иҷрои бандҳои Нақшаи амали Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Ҷаласа бо шунидани ҳисоботи А.Холиқзода, сардори шуъбаи сифати таҳсилот, оғоз ёфт. Дар ҳисобот оид ба ҷараёни татбиқи марҳилаи навбатии нақшаи амал, дастовардҳо, мушкилоти ҷойдошта ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъда дар самти арзёбии сифати таҳсилот маълумот дода шуд. Таъкид гардид, ки иҷрои самараноки нақшаи амал ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълим, таҳкими механизмҳои мониторинг ва арзёбии мунтазами натиҷаҳои таълимӣ мусоидат менамояд. Муовини якуми вазири маориф ва илм зарурати таҳким бахшидани ҳамкорӣ миёни сохторҳои дахлдори вазоратро дар самти татбиқи саривақтии стратегия таъкид намуда, ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Дар интиҳои ҷаласа миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, масъалаҳои мубрам оид ба амалисозии мақсадноки Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
48
15.10.2025
-
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР КОНГРЕССИ ЯКУМИ ҶАҲОНӢ ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИР ДАР ШАҲРИ АЛМАТО Дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон Конгресси якуми ҷаҳонӣ оид ба таҳсилоти фарогир бо иштироки вазирони маориф ва илми як қатор давлатҳо, коршиносони байналмилалӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ баргузор гардид. Имрӯз, 15 октябри соли 2025 қабл аз ифтитоҳи расмии кори конгресс таҳти унвони “Тамоюлҳои ҷаҳонӣ дар таҳсилоти фарогир: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо” мизи мудаввар баргузор гардид. Зимни баргузории мизи мудаввар вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода вобаста ба таҷрибаи рушди таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани муҳити мусоид барои таҳсил ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон суханронӣ намуд. Сипас, Конгресси якуми ҷаҳонӣ оид ба таҳсилоти фарогир кори худро расман оғоз намуда, дар қисмати пленарии он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Вазири маориф ва илм дар суханронии худ қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими асоси ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм, бахусус дар самти таҳсилоти фарогир, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Гуфта шуд, ки имрӯз дар кишвари мо дар доираи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ” ислоҳоте татбиқ мешавад, ки ҳадафи онҳо таъмини дастрасии бештари кӯдакон ба таҳсилот, аз ҷумла, кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус, мебошад. Ҳамзамон, дар доираи Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030 тадбирҳои мушаххас барои густариши таҳсилоти фарогир, аз ҷумла, рушди инфрасохтор, навсозии барномаҳои таълимӣ, таҳияи китобҳои насли нав ва таҳкими нақши омӯзгорон, пешбинӣ шуда, давра ба давра амалӣ шуда истодаанд. Дар доираи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои амалии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо дар самти беҳтарсозии омодагии кӯдакон ба мактаб, навсозии барномаҳои томактабӣ бо дарназардошти ниёзҳои кӯдакони маъюб аз ақаллиятҳои миллӣ, таҷҳизонидани муассисаҳои томактабӣ, боло бурдани савияи тахассусии кормандони соҳа, ҷалби волидон ва ҷомеа идома дорад. Вазири маориф ва илм дар идома иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз рӯйи таҳия ва нашри китобҳо барои намояндагони ақаллиятҳои миллӣ мавқеи пешсафро соҳиб аст, ки ин нишондиҳандаи муҳимми пешрафт дар соҳаи таҳсилоти фарогир мебошад. Дар фароварди суханронии худ вазир иброз намуд, ин ҳамоиши байналмилалӣ ба таҳкими муносибатҳои устувор дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм мусоидат намуда, бешак дӯстӣ ва эътимод байни кишварҳоро боз ҳам мустаҳкамтар месозад. Дар идомаи чорабинӣ вазирони маорифи дигар давлатҳо, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои давлатӣ бо гузоришҳои худ баромад намуданд. Дар анҷом иштирокчиён Декларатсияи Алмато оид ба таҳсилоти фарогирро муҳокима намуданд, ки ҳадафи он таҳкими ҳамкорӣ миёни кишварҳо барои фароҳам овардани таҳсилоти босифат ва баробар барои тамоми кӯдакон мебошад. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
102
15.10.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
16.10.2025
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Бештар - 30.09.2025 Бештар
-
22.09.2025
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор