Барномаи ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: 2022-2027

-
Дар шаҳри Душанбе марҳилаи интихобии озмуни “Беҳтарин ошпази мактабӣ – 2025” баргузор гардид 5 августи соли 2025, Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Институти ғизои соҳавии Русия марҳилаи интихобии озмуни “Беҳтарин ошпази мактабӣ – 2025”- ро дар шаҳри Душанбе баргузор намуд. Дар озмун чор ошпази ботаҷриба аз муассисаҳои таълимии пойтахт иштирок карданд. Ҳар кадом маҳорати баланди ошпазӣ ва садоқати худро ба касб ва ғизои солими мактабӣ нишон доданд. Ошпазҳо бо истифода аз маҳсулоти ҳаррӯзаи мактаб ва Китоби «Маҷмӯаи дастурҳои ғизои мактабӣ»таомҳои мактабӣ, болаззат ва серғизо омода намуданд, аз ҷумла сэт, ки дар он хӯрокҳои зерин: якум шӯрбо бо ярмаи марҷумак; палав бо гӯшти гов в лӯбии сурх; хӯриш аз картошка ва ҷуворимакка; панкейк ва полуда аз ҷемро манзур намуданд. Ин таомҳо нишон доданд, ки маҳсулоти оддӣ ва дастрас дар сатҳи маҳаллӣ метавонанд асоси ғизои мутавозинро ташкил диҳанд, ки ба саломатӣ ва рушди кӯдакон мусоидат намояд. Баъд аз чашидани таомҳо ва гузоштани баҳо, ҳайати ҳакамон ду финалистро интихоб намуд. Онҳо моҳи сентябри соли ҷорӣ дар якҷоягӣ бо финалистони дигар минтақаҳои кишвар барои ҷоизаи «Беҳтарин ошпази мактаб – 2025», ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мубориза хоҳанд кард. Ҳамаи иштирокчиён барои садоқат ба касб ва саҳмгузорӣ дар рушди ғизои мактабӣ дар саросари кишвар бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
719
05.08.2025
-
ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ВА БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНӢ 25 июли соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишномаи кумаки техникӣ миёни Вазорати маориф ва илм ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) баргузор гардид. Созишномаи мазкур ба хотири мусоидат ба интиқоли устувор ва ҳамвораи низоми ғизои мактабӣ ба моликияти миллӣ ва таҳкими иқтидори идоракунии ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ ба имзо расонида шуд. Созишномаро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ва аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон директори он Адҳам Мусаллам ба имзо расониданд. Дар оғози маросим вазири маориф ва илм суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бо дастгирии БОҶ дар Тоҷикистон наздик ба 2000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо маҳсулоти ғизоии хушсифат таъмин гардида, кӯдакони синфҳои ибтидоӣ аз ғизои солим баҳраманд мешаванд. Зикр шуд, ки соҳаи ғизои мактабӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо ҳадафи беҳтар намудани вазъи ғизои хонандагон Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2027 таҳия ва мавриди амал қарор дорад. Дар навбати худ, директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон зимни суханронии худ қайд намуд, ки аз ҳамкориҳои самарабахши худ бо Вазорати маориф ва илм қаноатманд ҳастем ва созишномаи имрӯза қадами устуворе дар роҳи таъмин намудани ғизои солим ба кӯдакон аст. Ёдовар мешавем, ки Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ яке аз шарикони муҳими стратегӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, ғизои мактабӣ, нақши намоён дорад. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
774
25.07.2025
-
БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ: ҲАМКОРИИ МУСТАҲКАМИ ВАЗОРАТ БО БОҶ 2 майи соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода бо директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам баргузор гардид. Муовини вазири маориф ва илм зимни вохӯрӣ зикр намуд, ки соҳаи ғизои мактабӣ аз самтҳои муҳимми иҷтимоии кишвар ба ҳисоб рафта, барои беҳбудии саломатии кӯдакон ва рушди неруи зеҳнии онҳо мусоидат мекунад. Таъкид шуд, ки Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022–2027 бо мақсади баланд бардоштани сифати ғизои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ амалӣ шуда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории муассир бо БОҶ натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст. Директори БОҶ дар Тоҷикистон дар навбати худ аз ҳамкории судманди Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ бо Вазорати маориф ва илм изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки дар доираи марҳилаи нав (2025–2028) барнома боз ҳам тавсеа меёбад. Ба гуфтаи ӯ, соли 2025 наздики 50 мактаб бо таҷҳизоти зарурии ошхона таъмин мегарданд ва 40 мактаб бо фаъолияти тавлиди даромад, аз ҷумла гармхона ва занбӯрпарварӣ дастгирӣ хоҳанд ёфт. Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши бештари барнома дар саросари кишвар ва таҳкими иқтидори маҳаллӣ дар самти ғизои мактабӣ изҳор намуданд. Ҳамзамон, зарурати саҳми фаъолонаи мақомоти маҳаллӣ ва волидайн дар татбиқи муваффақонаи лоиҳа махсус таъкид гардид. Ҳадаф аз мулоқот тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва таъмини шароити беҳтари ғизои солим барои хонандагони мактабҳои кишвар арзёбӣ шуд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
3075
02.05.2025