Вазорат

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ ва батанзимдарории меъёрҳои ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи маориф масъул аст. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Вазифаҳои асосӣ

  • Фароҳам овардани фазои меъёрӣ - ҳуқуқӣ барои фаъолияти муназзами муассисаҳои таълимӣ;
  • таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи маориф;
  • ба таҳсил фаро гирифтани бачагони синни мактабӣ.

Таърих

14 декабри соли 1924 Комиссариати маорифи халқи ҶХШС Тоҷикистон ташкил гардид, ки он 11 феврали соли 1925 дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд. Комиссариати маорифи халқ баъд ба Вазорати маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1946-1978: 1988-1992), Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси ҶШС Тоҷикистон (1978-88) табдили ном кард. Соли 1992 Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ном гирифт. 19 ноябри соли 2013 Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд ва муқаррар гардид, ки вазифаҳои пешбурди сиёсати илм аз доираи ваколатҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, ба Вазорати мазкур вогузор гарданд.

Роҳбарони собиқи вазорат:

Аббос Алиев (1924-1927), Нисор Муҳаммад (1927-1929, 1930-1932), Муҳаммадҷон Масаидов (1929-1930), Саид Носиров (1932-1934), Кулӣ Абдинов (1934-1936), Сироҷуддин Ҳасанов (1936-1937), Муҳаммадамир Ниёзов (1937-1938), Тоҳир Пӯлодов (1938-1942, 1954-1962), Ҳотам Солеҳбоев (1942-1943), Ҳошим Содиқов (1943-1947), Ҳабибулло Неъматуллоев (1947-1954), Муҳаммад Осимӣ (1962-1963), Рустамбек Юсуфбеков (1963-1974), Рауф Додобоев (1974-1986), Хушқадам Давлатқадамов (1978-1984), Абдулбашир Рашидов (1986-1988), Талбак Назаров (1988-1989), Исмоил Давлатов (1990-1992), Зокир Вазиров (1992), Бозгул Додхудоева (1992-1994), Мунира Иноятова (1994-2000), Сафаралӣ Раҷабов (2000-2005), Абдуҷаббор Раҳмонов (2005-2012), Нуриддин Саидов (2012-2020), Муҳаммадюсуф Имомзода (2020-2022), Раҳим Саидзода (аз соли 2022).

slider images slider images

Ҳуҷҷатҳои муфид

  • Пайдоиш ва инкишофи мактабҳо то зуҳури ислом

    Пайдоиш ва инкишофи мактабҳо то зуҳури ислом

    15.08.2024

  • Таълиму тарбия дар давраи ғуломдорӣ

    Таълиму тарбия дар давраи ғуломдорӣ (дар давлатҳои Бохтар, Порт, Ҳахоманишҳо, Ашкониён ва Сосониён)

    15.08.2024

  • Таълиму тарбияи халқи тоҷик дар давраи истилои араб

    Таълиму тарбияи халқи тоҷик дар давраи истилои араб

    15.08.2024

  • Мактаб ва ақидаҳои педагогии халқи тоҷик дар қарнҳои IX-XVI

    Мактаб ва ақидаҳои педагогии халқи тоҷик дар қарнҳои IX-XVI

    15.08.2024

  • Мактабу маорифи тоҷик аз қарнҳои XVII то ибтидои қарни XX

    Мактабу маорифи тоҷик аз қарнҳои XVII то ибтидои қарни XX (то даврони Инқилоби Октябр)

    15.08.2024

  • Инқилоби Октябр ва таҳаввули соҳаи маориф (солҳои 1917-1940)

    Инқилоби Октябр ва таҳаввули соҳаи маориф (солҳои 1917-1940)

    15.08.2024

  • Маориф дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъд аз он (1941-1958)

    Маориф дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъд аз он (1941-1958)

    15.08.2024

  • Инқилоби Октябр ва таҳаввули соҳаи маориф (солҳои 1917-1940)

    Инқилоби Октябр ва таҳаввули соҳаи маориф (солҳои 1917-1940)

    15.08.2024

  • Маориф дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъд аз он (1941-1958)

    Маориф дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъд аз он (1941-1958)

    15.08.2024

  • Маориф дар солҳои 1958-1991 (То истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

    Маориф дар солҳои 1958-1991 (То истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

    15.08.2024

  • Рушди маориф ва илм дар даврони истиқлолияти давлатӣ (1991-2016)

    Рушди маориф ва илм дар даврони истиқлолияти давлатӣ (1991-2016)

    15.08.2024