Шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди сохтории дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ», Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мемонад.

Мақсади фаъолияти шуъба аз ҷустуҷў, ҷамъоварӣ, мураттабсозӣ, гурўҳбандии ахбороти оморӣ аз рўйи моҳият ва сифат, таҳлил, коркарди пешниҳод ва ирсоли он ба истифодабарандагон дар асоси шартнома дар мувофиқа бо вазири маориф ва илм мебошад.

 

Сардори шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм - Нурулло Убайдуллозода

Тел.: 227.04.90

Почтаи электронӣ: omor@maorif.tj

 

Ҳуҷҷатҳои муфид