Муносибатҳои байналмилалӣ
Муносибатҳои байналмиллалӣ
Хабарҳо
Хабарҳо
-
Тавре иттилоъ дода будем, дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Таиланд муносибатҳои гуногунсамтаи Тоҷикистон ба марказҳои илмию таълимии Шоҳигарии Таиланд ба роҳ монда шудааст. Дар заминаи ин ҳамкориҳо раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба вижа ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин рушди ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳро бо марказҳои илмию таълимии Шоҳигарии Таиланд муҳим арзёбӣ намудааст. Ҳамин аст, ки устодони Донишгоҳ - дотсент Мирализода Эмомалӣ ва Азимов Сунатулло дар сафари корӣ ва омӯзишии марказҳои илмию таълимии ин давлат қарор дорад. Идомаи сафари кории устодон ҷанбаҳои омӯзишӣ ва тарғиботию ташвиқотӣ дорад. Боздид ва муаррифии Донишгоҳи миллӣ дар факултетҳои Донишгоҳи Валайлаки Шоҳигарии Таиланд, марказҳои илмӣ, таълимӣ, варзишӣ ва тиббии он сурат гирифтааст. Зимни боздид аз Донишгоҳи Валайлак таъкид шудааст, ки Донишгоҳи Валалайк яке аз марказҳои бузурги илмию таълимӣ ва истеҳсолии Шоҳигарии Таиланд ба шумор рафта, беш аз 700 устоду корманд ва зиёда аз 13000 донишҷӯро ба таҳсил фаро гирифтааст. Дар сохтори Донишгоҳи Валайлак 14 факултет: тиббӣ, ҳуқуқшиносӣ, дорусозӣ, сиёсатшиносӣ ва идоракунии давлатӣ, баҳисобгирӣ ва молиявӣ, технологияҳои кишоварзӣ ва хӯрока, забонҳо, тибби иҷтимоӣ, бойторӣ, архитектура ва дизайн, муҳандисӣ, информатика, момодоягӣ ва менеҷмент, ҳамзамон, марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тиббӣ-иҷтимоӣ ва варзишию фароғатӣ амал менамоянд. Зимни суҳбату вохӯриҳо бо намояндагони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Валайлак дар самти омӯзиши масъалаҳои мубрами илми ҳуқуқшиносӣ, омода намудани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ва таҳия намудани таълифоти илмии муштарак сурат гирифт. Дар ҷараёни боздид ҷалби муҳассилин ба самти ихтисоси ҳуқуқшиносии байналмилалӣ ва забондон сурат гирифт. Ҳамзамон, шиносоии намояндагони Донишгоҳ аз фаъолияти Клиникаи ҳуқуқӣ ва машғулиятҳои дарсӣ сурат гирифт. Боздиди дигар аз Маркази саломатӣ ва ё бунгоҳи тиббии Донишгоҳи мазкур ҷараён гирифт. Таҷрибаи пешқадами илми тиб, ҷалби мутахассисони соҳибкасб, табодули устодону донишҷӯён, амали намудани корҳои илмию таҳқиқотӣ, имконияти васеъ баҳри донишҷӯёну муҳаққиқони ҷавон, татбиқи илм дар амалия аз ҷумлаи масъалаҳои омӯзишӣ дар маркази мазкур буданд. Гуфта шуд, ки Марази мазкур дар якҷоягӣ бо факултети тиббии Донишгоҳи Валайлак баҳри омӯзиши масъалаҳои тиббӣ, тарбияи мутахассисони соҳа, таҷрибаомӯзии ҷавонон ва табобати беморони муроҷиаткунанда шароити мусоидро фароҳам овардааст. Ёдрас мешавем, ки сафари кории устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома дошта, дар самти омӯзиш, муаррифӣ ва баррасии масъалаҳои мубрами илмию таълимӣ, инчунин, баҳри рушди робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллӣ бо марказҳои илмию таълимии Шоҳигарии Таиланд мусоидат хоҳат кард.
5278
22.08.2024