Таълимӣ томактабӣ

Раёсати таҳсилоти томактабӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2024, №63 таъсис дода шуда, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумњурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, амру фармонњои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии муассисаи таълимии томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Вазорати маориф ва илм ва Низомномаи раёсат фаъолият менамояд.

 

Вазифаҳои раёсат:

  • -бо тартиби муқарраргардида таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намудани Барномаҳои давлатии барои низоми таҳсилоти томактабӣ пешбинигардида;
  • -таҳия ва барои қабул пешниҳод намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба таҳсилоти томактабӣ;
  • -пешниҳоди масъалаҳо ба нақшаи кории Вазорати маориф ва илм;
  • -пешниҳод намудани маълумотнома ва ҳисобот ба вазири маориф ва илм ва дар мушовараҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • -таҳлили мунтазами фаъолияти кормандони раёсат ва андешидани тадбирҳо барои баланд бардоштани натиҷаҳои он;
  • -мустаҳкам намудани интизоми меҳнат, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ дар раёсат;
  • -баррасии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва ҷавоби саривақтии онҳо;
  • -ташкил ва пешбурди махзани ягонаи маълумот оид ба низоми таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • -назорати вазъи тарбия ва таълим дар муасисаҳои таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • -назорати иҷрои талаботи қонунҳо вобаста ба низоми тањсилоти томактабӣ дар раёсату шуъба ва бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои томактабӣ;
  • -назорати иҷрои талаботи Барномаҳои давлатии барои низоми таҳсилоти томактабӣ пешбинигардида дар раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;
  • -баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон дар доираи вазифаҳои ба зиммаи раёсат вогузоргардида;
  • -амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;
  • -ҷиҳати пешниҳоди маълумот оид ба фаъолияти низоми таҳсилоти томактабии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • -иҷрои мунтазами супоришҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 717 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, 104921 нафар кўдаки синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Ҳамзамон, бо мақсади фарогирии ҳарчи бештари кўдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия, алњол 2381 Маркази инкишофи кўдак бо фарогирии 96546 нафар кўдакони синни томактабӣ фаъолият менамояд.

Айни замон, дар маҷмуъ 201467 нафар кўдаки синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 20,2 %-ро ташкил медиҳад.

 

 

Муовини сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ - Қутбиддин Муҳиддинзода

Тел.: 227-84-82

Почтаи электронӣ: mort@maorif.tj

slider images

Ҳуҷҷатҳои муфид

  • Низомномаи намунавии муассисаи таълимии томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Низомномаи намунавии муассисаи таълимии томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

    19.06.2024