Мақсадҳо ва вазифаҳо

Муқаррароти умумӣ

1. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм буда, сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи маориф ва илм, таълиму тарбия, фаъолияти илмию техникӣ, васояту парасторӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак, дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии таълимгирандагон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимӣ амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2019 No 634).

2. Вазорат ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва илмиро бевосита ва тавассути мақомоти давлатии идоракунии соҳаи маориф дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ месозад.

3. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз аз 31.07.2018 No 362).

4. Вазорат ва муассисаҳои зерсохтори он, раёсату шўъбаҳои маорифи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таълимии дар сохтори дигар вазорату идораҳо воқеъбуда, инчунин дигар муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳаи маориф ва илм сохтори ягонаи низоми маорифро ташкил медиҳанд.

5. Вазорат сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла таълиму тарбияи томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз

муассисаи олии таълимӣ, таҳсилоти иловагӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак ва фаъолияти илмию тадқиқотӣ татбиқ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2019 No 634).

6. Муносибатҳои мутақобилаи Вазорат ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ тибқи созишнома ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

2. Ваколатҳо 7. Ба ваколатҳои Вазорат дохил мешаванд:

  • - амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ва ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2019 No 634);
  • - таъмини риояи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон дар соҳаи маориф ва илм;
  • - таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак дар доираи ваколатҳои худ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.11.2020 No 629);
  • - ҳамоҳанг намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак;
  • - таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намудани барномаҳои давлатӣ ва маҳаллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак бо тартиби муқарраргардида;
  • - пешниҳод намудани ҳисоботи солона ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак;
  • - гузаронидани мониторинги меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоии нишондиҳандаҳои ҳаёти кўдакон;
  • - пешниҳод намудани иттилоот оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак ба воситаҳои ахбори омма, ҷомеа ва мақомоте, ки ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак машғуланд;
  • - ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак;
  • - ташкил ва пешбурди махзани ягонаи давлатии маълумот оид ба кўдакони маъюб,
  •  ятим ва бепарастор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • - дар доираи ваколатҳои худ амалӣ намудани назорати таъминоти моддӣ ва иҷтимоии пурраи давлатии кўдакони ятим ва бепарастор (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.11.2020 No 629);
  • - назорати раванди таълим дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ;
  • - ба имзо расонидани шартнома ва дигар санадҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
  • - таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи маориф ва илм, пешниҳод намудани онҳо барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • - таҳия ва тасдиқи Низомномаи тақсимот ва ба ҷои кор таъмин намудани муттахассисони ҷавон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 No 66).
  • а) Дар бахши таҳсилоти касбӣ:
  • - тайёр кардан, бозомўзии кадрҳо ва роҳбарии методӣ дар зинаи таҳсилоти касбӣ;
  • - муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди низоми таҳсилоти касбӣ ва гузаронидани ислоҳоти маориф дар самти мазкур;
  • - тайёр кардани кадрҳои баландихтисос бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат дар заминаи муассисаҳои илмию таълимӣ аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои инноватсионӣ ва афзалиятнок;
  • - мусоидат ба ҷорӣ намудани маблағгузории бисёршабакавии низоми таҳсилоти касбӣ, рушди фаъолияти истеҳсолӣ ва таълими пулакӣ дар муассиасиҳои таълимӣ;
  • - амалӣ намудани роҳбарии ташкилӣ ва методии омўзиши касбии аҳолӣ, тайёр намудан, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси онҳо;
  • хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.11.2020 No 629)
  •   - таҳия ва тасдиқи стандартҳои фаннӣ барои муассисаҳои таълимӣ;
  • - тасдиқи нақша ва барномаҳои таълимии намунавӣ барои муассисаҳои таълимӣ дар
  • асоси стандартҳои давлатии таҳсилот;
  • - муайян кардани теъдоди нашри адабиёти таълимӣ, тасдиқи нашри китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ ва маводи таълимию методӣ тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот;
  • - баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои таъмин ва ҷобаҷогузории мутахассисон, муайян кардани мазмун, тартиби гузаштани такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф;
  • - дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба таъминоти заминаҳои моддию техникӣ, низоми молиявӣ, меъёрҳои маблағгузорӣ, меъёри музди меҳнат ва маоши вазифавии омўзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намудани онҳо;
  •  
  • - дар мувофиқа бо мақомоти давлатии дахлдор муайян намудани андозаи маблағи таҳсил, аз ҷумла маблағи таълими пулакӣ барои муассисаҳои таълимӣ;
  • - гузаронидани аттестатсияи омўзгорон бо мақсади муайян намудани дараҷаи тахассус ва такмили маҳорати касбии мутахассисон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
  • хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.11.2020 No 629)
  • - тасдиқ кардани меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таълимӣ;
  • - дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳо ба роҳ мондани омўзиш, такмили ихтисос ва бозомўзии мутахассисон ва кормандон барои корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ;
  • - таъсиси вазифаи ходимони илмӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.11.2020 No 629);
  • - дар мувофиқа бо мақомоти давлатии дахлдор амалӣ намудани таҳсили шаҳрвандони
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ;
  • - ташкил кардани такмили ихтисос, бозомўзӣ ва таҳсилоти иловагии омўзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф;
  •   - бо мақсади истифодаи самараноки маҳорати касбӣ ва пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ тасдиқ намудани қоидаҳои ҷойивазкунии роҳбарони муассиса ва воҳидҳои зерсохтор;
  • - таъмини фаъолияти ҳамоҳанги мақомоти идоракунии маориф ва муассисаҳои таълимӣ; - таъмин ва назорати фаъолияти муассисаҳои таълиму тарбияи соҳаи маориф оид ба
  • маблағгузории онҳо аз ҳисоби маблағи дар ихтиёрашон буда;
  • - бо тартиби муқарраргардида дар асоси созишномаҳои дутарафа амалӣ намудани ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла ҷиҳати дастгирии моддию молиявии ислоҳоти соҳаи маориф, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, гузаронидани чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ.
  •     б) Дар бахши илм:
  • - андешидани тадбирҳо ҷиҳати таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба илму техника;
  • - муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди илму техника;
  • - ташкил ва татбиқи барнома ва лоиҳаҳои соҳаи илму техника;
  • - пешниҳод намудани таклифҳо оид ба ташкили сохторҳои илмӣ ҷиҳати рушди илм ва техника;
  • - таъмини эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ бо кадрҳои дараҷаи илмидошта, новобаста аз тобеияти идоравиашон;
  • - тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дорои дониши мукаммали назариявӣ ва амалӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва илмӣ мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилот;
  • - ҷиҳати таъсиси муассисаҳои давлатии илмӣ, фондҳо ва ҷумҳуриявӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод мекунад;
  • - тасдиқи оинномаҳои муассисаҳои таълимӣ ва илмии зер сохтори худ;
  •  - иштирок дар кори шўроҳои илмӣ ва комиссияҳои илмию методӣ ва рафти қабул ба магистратураву аспирантура, ординатура, докторантура ва докторантура аз рўи ихтисос;
  • - назорати иҷрои саривақтии мавзўъҳои тасдиқшудаи фармоишии аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ маблағгузоришаванда;
  • - мусоидат ба коромўзиву бозомўзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷи кишвар ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ;
  • - амалисозии ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаҳои генералӣ оид ба соҳаи илм;
  • - амалӣ намудани дигар ваколатҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • 8. Вазорат тибқи ваколатҳои дар доираи фаъолияташ муқарраргардида ҳуқуқ дорад:
  •  
  • - механизми муосири идоракунӣ ва маблағгузории муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, хизматрасонии пулакии таълим, мустақилияти молиявии таълимгоҳҳо, истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ, сармоягузории дохилию хориҷиро таъмин намояд ва ба рушди муассисаҳои таълимию илмии хусусӣ мусоидат кунад;
  • - фаъолияти муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳаи маориф ва илмро ҳамоҳанг созад;
  • - дар ҳамкорӣ ва якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои ташкили таълиму тарбияи кўдакони душвортарбия ва дорои имконияти маҳдуд ҳамкорӣ намуда, ба онҳо кўмаки молиявӣ, таълимӣ, тарбиявӣ ва методӣ расонад;
  • - бо мақомоти маорифи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти васоят ва парасторӣ дар масъалаҳои бақайдгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кўдакони ятиму бепарастор ва бесарпаноҳ ҳамкорӣ намояд;
  • - оид ба масъалаҳои маориф ва илм тибқи тартиби муқарраргардида конференсия, семинар, симпозиум, анҷуман ва маҷлисҳои машваратӣ гузаронида, дар кори муассиса ва ташкилотҳои байнидавлатии таълимӣ, комиссия, кумита, форум, симпозиум, намоишгоҳ ва
  •  озмунҳои байналмилалӣ ширкат варзад;
  • - ҳифзи сирри давлатиро дар доираи ваколатҳои худ таъмин созад;
  • - раисони комиссияҳои аттесттсияи давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбиро сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон тасдиқ намояд;
  • - бо пешниҳоди ректорони муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ масъалаҳои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани муовинони аввал ва муовинони онҳо, инчунин роҳбарони муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, мактаб - интернатҳои дорои мақоми ҷумҳуриявӣ ва дигар муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсуси сохтори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маорифро ҳал намояд;
  • - низомномаҳое, ки фаъолияти таълимро дар муассисаҳои таълимӣ ба танзим медароранд тасдиқ намояд;
  • - консепсия ва барномаҳои дурнамои кўтоҳмўҳлат, миёнамўҳлат ва дарозмўҳлати рушди соҳаи маориф ва илмро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намояд;
  • - номгўи адабиёти таълимиву методиро барои муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ муайян карда, эҳтиёҷот ба нашр, хариди адабиёти таълимию методӣ, воситаҳои техникии таълимиро муқаррар намуда, тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таълимӣ муқаррар намояд;
  • - фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва илмиро новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравиашон ҷиҳати муайян кардани теъдод, сохтор, равия, ихтисос ва сифати тайёр кардани мутахассисон ба низом дарорад;
  • - қоидаҳои гузаронидани таълимгирандагонро аз як равия ба равияи дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як муассиса ба муассисаи дигари таълимӣ тасдиқ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.11.2020 No 629);
  • - тасдиқ намудани тартиби таъсис ва барҳам додани ихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ,
  •  муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ва назорати иҷрои онҳо;
  • - тасдиқ намудани тартиби хориҷ, барқарор ва гузариши хонандагону донишҷўёни
  • муассисаҳои таълимӣ ва назорати иҷрои он;
  • - таъмини сифати таҳсилот ва риояи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.11.2020 No 629);
  • - якҷоя бо мақомоти дахлдори давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон номгўи равияҳо, ихтисосҳо ва харҷномаҳоро аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои тайёр кардани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ муайян намуда, ташкили таҳсили шаҳрвандони ҷумҳуриро дар хориҷи кишвар ва шаҳрвандони хориҷиро дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад;
  •  
  • - намунаи ҳуҷҷатҳои давлатиро оид ба дараҷаи таҳсилот таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
  • - мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби додан, нигоҳдорӣ, бақайдгирӣ, супоридан ва пур намудани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатиро дар бораи таҳсилот муқаррар намояд;
  • хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.11.2020 No 629)
  • - тартиби қабули шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро ба муассисаҳои
  • таълимӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намояд;
  • - феҳристи мансабҳои кормандони роҳбарикунандаи соҳаи маориф ва илмро муайян
  • намояд;
  • - якҷоя бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии кўдакону таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ шароит фароҳам орад;
  • - маълумоти омориро оид ба рушди соҳаи маориф ва илм ҷамъоварӣ ва таҳлил намуда,
  •  тибқи тартиби муқарраргардида ба мақомоти дахлдор пешниҳод намояд ва дар навбати худ аз мақомоти давлатӣ дар соҳаи омор (ҳамзамон аз муассисаҳои таълимӣ) маълумот гирад;
  • - бо дархости муассисаҳои илмӣ корҳои илмию тадқиқотиро дар ҷаласаи мушовара баррасӣ намуда, маблағгузорӣ намояд;
  • - иттилоотикунонии соҳаи маориф ва илмро таъмин ва корҳои табъу нашриявиро ба роҳ монад;
  • - оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм таклифҳо пешниҳод намояд;
  • - бо мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ тибқи тартиби муқарраршуда ҳамкориро дар соҳаи маориф ва илм ба роҳ монда, иҷрои ўҳдадориҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнисоҳавиро дар соҳаи маориф ва илм таъмин намояд;
  • - оид ба масъалаҳои соҳаи маориф ва илм тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ намояндагӣ намояд ва шартнома ба имзо расонад;
  • - тартиби гузаронидани озмунҳои (олимпиадаҳои) ҷумҳуриявиро таҳия ва тасдиқ намояд;
  • - оид ба тарбияи варзишии хонандагон ва донишҷўёни муассисаҳои таълимии кишвар бо мақомоти давлатии дахлдор ҳамкорӣ намуда, тартиби гузаронидани чорабиниҳои варзиширо дар муассисаҳои таълимӣ таҳия ва тасдиқ намояд;
  • - барои омода намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар самти таълиму тарбияи ҳарбӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ ҳамкорӣ намуда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шартномаҳо ба имзо расонад;
  • - бо мақсади баланд бардоштани тарбияи ҳуқуқии хонандагон ва донишҷўёни муассисаҳои таълимӣ бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин дигар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ
  •  ва ғайридавлатӣ ҳамкорӣ намояд;
  • - барои иҷрои корҳо, хизматрасонӣ, дастрас намудани маводи зарурӣ шартномаҳо
  • бандад;
  • - мутобиқи тартиби муқарраргардида мақомоти ҳамоҳангсоз ва машваратӣ (шўро,
  • комиссия ва гурўҳҳо) ташкил диҳад;
  • - тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро иҷро
  • намояд;
  • - барои таъсис додани намояндагиҳои Вазорат оид ба соҳаи маориф ва илм дар хориҷи кишвар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.2015 No 381);
  • - барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони намояндагиҳои Вазорат дар хориҷи кишвар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.2015 No 381);
  • - кормандони намояндагиҳои Вазоратро дар хориҷи кишвар ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.2015 No 381).

slider images

Ҳуҷҷатҳои муфид

  • Низомнома

    Низомномаи Вазораи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    22.07.2024