Таҳсилоти миёнаи умумӣ

Раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ

      Раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ воҳиди сохтории Вазорати маориф ва илми Ҷумњурии Тоҷикистон буда, мувофиқи ҷадвали корӣ дар раёсат 8 нафар корманд, аз ҷумла сардори раёсат, муовини сардори раёсат, 5 нафар самутахассис ва 1 нафар мутахассис фаъолият мекунад.

       Раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ раванди фаъолияти таълимию тарбиявиро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ назорат намуда, санадҳои меъёрию ҳуқуқии ин зинаи таҳсилотро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод менамояд. 

         Раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ дар навбати худ фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мактабҳои президентӣ барои хонандагони болаёқат, литсейҳо, гимназияҳо, муассисаҳои таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ, муассисаҳои давлатии таълимии буҷетии  Россия – Тоҷикистон бо омўзиши амиқи фанҳои алоҳида, муассисаҳои назди муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва мактаб-интернатҳоро пайгирӣ ва назорат менамояд. Инчунин, дар муассисаҳои таълимии мазкур рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии ТоҷикистонНизомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатии соҳавӣ, қарорҳо ва амру фармонҳои Пррезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаро назорат менамояд.Таҳсилоти умумӣ аз зинаҳои асосии таҳсилот ба ҳисоб рафта, давраи ташаккулёбии кўдакону наврасон маҳсуб меёбад ва ҷиҳати рушди ин зинаи таҳсилот таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

 

  • Сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ - Асомиддинзода Шарофиддин
  • Тел.: 221.36.11
  • Почтаи электронӣ: m.umumi@maorif.tj

 

slider images