Сифати таҳсилот

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2020, №629 дар дастгоҳи марказии вазорати маориф ва илм 4 воҳиди корӣ ҷудо карда шуд ва бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2020, №2540 шуъбаи сифати таҳсилот таъсис дода шуд, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар низоми доимии ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва паҳнкунии иттилоот оид ба таҳсилот, ки таъмини раванди идоракунии тањсилот дар муассисањои таълимиро ба танзим медарорад, фаъолият менамояд. Соли 2021 аз ҷониби шуъбаи сифати таҳсилот лоиҳаи “Барномаи меъёрҳои санҷиши идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва лоиҳаи “Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ва “Барномаи меъёрҳои санҷиши идоракунии  сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия шуда, бо қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм пешниҳод шуд ва аз 27.09.2021, №13/4-5 тасдиқ карда шуд. Шуъбаи сифати таҳсилот дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои МТОК, Сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти асосӣ гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот ташкил намудааст, ки пайваста сатҳи дониши таълимгирандагон ва сифати таълимро назорат карда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи сифати таълим кӯмак мерасонанд.