Ҳифзи ҳуқуқи кӯдак

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2019 №634 ба сохтори вазорат тағйирот ворид карда шуда, раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ҳамчун ниҳоди нав ташкил карда шуд. Фаъолияти раёсат дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак нав буда, дар ин самт амалигардонии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»«Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон»«Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон», «Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон», «Барномаи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ», «Барномаи ислоњоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон», Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда, Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шурои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти шарҳи универсалии даврӣ (даври сеюм), Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, Нақшаи миллии амалҳо оид ба иҷрои Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид, Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон, Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба қатъномаҳои №1325 ва №2242 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид баҳри амалӣ намудани онҳо корҳои муайянеро ба анҷом расонида истодааст.

 

Сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак -  Маъруфҷон Давлатзода

Тел.: 223.20.87

Почтаи электронӣ: huquqi-kudak@maorif.tj

 

slider images

Ҳуҷҷатҳои муфид

  • Низомномаи комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак

    24.07.2024