ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ»
-
Ба истифода додани мактаби №27-и ноҳияи Ёвон 26 августи соли 2026 бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27, воқеъ дар деҳаи Калфи Сабади ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон, дар доираи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» (LEARN) аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Муассиса дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шуда, барои 240 хонанда пешбинӣ шудааст. Бинои дуошёна дорои синфхонаҳои муосир, лабораторияҳо, синфхонаи компютерӣ, китобхона, ошхона ва дигар шароити зарурӣ мебошад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани мактаб 37 ҷойи кори доимӣ фароҳам гардид. Сохтмони мактаби нав дар доираи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» (LEARN) дар роҳи беҳтар намудани муҳити таълим ва шароити таҳсилу таълим барои хонандагону омӯзгорони деҳа саҳми муҳим мегузорад.163
28.08.2026
-
МУАРРИФИИ НАТИҶАҲОИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ» 5 майи соли 2026 мулоқоти ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Наврӯз Мирзозода бо ҳайати Миссияи кории Бонки умумиҷаҳонӣ ва намояндагони лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо аз раванди татбиқи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» дар Донишкада, баргузории рафти омӯзишҳо дар асоси маҷмӯи маводи таълимии курсҳои такмили ихтисос дар шакли модулӣ аз наздик шинос шуданд. Ҳайати миссияро намояндагони лоиҳа ва Бонки умумиҷаҳонӣ Тигран Шмис, Саураф Дев Бхатта, Алмира Закиева ҳамроҳӣ намуданд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз татбиқи самараноки бандҳои "Харитаи роҳ", азхудкунии маводи таълимӣ аз ҷониби шунавандагон, раванди омӯзишҳо ва омодагии тренеронро натиҷагирӣ намуда, самтҳои минбаъдаи рушди ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд.520
05.05.2026
-
ТАЪМИНИ МУҲИТИ БЕХАТАР ВА БЕТАВАҚҚУФИ ТАЪЛИМ ДАР ШАРОИТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ: ТАҶРИБАИ МУВАФФАҚИ МТМУ №22 НОҲИЯИ ВОСЕЪ Дар доираи амалигардонии лоиҳаи «Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат» таъмиру азнавсозии бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 дар деҳаи Нонҷемаси Ҷамоати деҳоти Худоёр Назаров ноҳияи Восеъ барои 640 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ соли 2025 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2026 ба анҷом мерасанд. Дар муассисаи мазкур 1695 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, бо дарназардошти зарурати таъмини идомаи бетаваққуфи раванди таълим ва мавҷуд набудани ҷойи мувофиқ барои кӯчонидани хонандагон, бо дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ шаш синфхонаи муваққатии модулӣ насб карда шуданд, ки барои 358 хонанда шароити бехатару мувофиқи таҳсил фароҳам оварданд. Корҳои таъмиру таҷдид дар муассиса бо усули марҳилавӣ ба роҳ монда шуда, имкон медиҳад, ки 1 337 хонанда таҳсили худро дар ду баст идома диҳанд. Ҳамзамон, зимни арзёбии муштараки намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ ва гурӯҳи кории лоиҳа ба масъалаҳои бехатарӣ, дастрасӣ ва коҳиши хавфҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, зӯроварии гендерӣ ва ҷинсӣ диққати махсус зоҳир гардид. Татбиқи чунин тадбирҳо намунаи муваффақи таъмини муҳити устувор, бехатар ва фарогири таълимӣ дар шароити корҳои сохтмонӣ ба ҳисоб меравад. Синфхонаҳои модулӣ қисми муҳимми нақшаи таъмиру таҷдиди марҳилавии мактаб ба ҳисоб рафта, ба коҳиши халалдоршавии раванди таълим, пешгирии истифодаи ҷойҳои хавфнок барои ҳар як хонанда мусоидат менамоянд. Ин намунаи амалӣ нишон медиҳад, ки чӣ гуна метавон муҳити таълимии устувор, ба иқлим мутобиқ ва бехатарро дар шароити иҷрои корҳои сохтмонӣ таъмин намуд. Таҷрибаи мазкур ҳамчун намунаи беҳтарини ҷаҳонӣ аз ҷониби созмони маблағгузор арзёбӣ гардида, метавонад дар дигар кишварҳо низ ҳамчун модели муассири ташкили раванди таълим дар шароити корҳои сохтмонӣ истифода бурда шавад.632
20.03.2026