ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ»
Дар бораи лоиҳа
- ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ»
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағи грантӣ барои татбиқи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» дар давоми солҳои 2023-2029 дарёфт намуд. Лоиҳа аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВМИ) дар ҳамоҳангсозӣ бо Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм (АНСМИ) амалӣ мегардад.
- Ҳадафи рушди лоиҳа (ҲРЛ) ин беҳтар кардани сифати муҳити таълим ва омўзиш дар муассисањои тањсилоти миёнаи умумии интихобшуда ба шумор меравад. "Муҳити таълим ва омӯзиш" дар ин лоиҳа ба зермавзуҳои ҷисмонӣ, иҷтимоӣ ва педагогӣ дахл дорад, ки дар он раванди омӯзиш дар назар аст. Муҳити таълим ва омӯзиш дар лоиҳаи мазкур ҳамчун малакаҳо ва салоҳиятҳои омӯзгорон ва фазои омӯзиши ҷисмонӣ, ки дар он таълиму тарбия сурат мегирад, муайян карда шудааст. Он муҳити муассисаи таълимӣ (на танҳо синфхонаҳо) ва мавзуҳое мебошанд, ки дар онҳо хонандагон таҳсил мекунанд ва омӯзгорон дар бинои муассисаи таълимӣ дарс медиҳанд.
- Нишондиҳандаҳои сатҳии ҳадафи рушди лоиҳа:
- 1. Чаҳорчӯби миллӣ барои муҳити таълиму тарбия, сифат ва самаранокии муассисаҳои таълимӣ қабул гардида, дар мактабҳои интихобшудаи лоиҳа татбиқ карда мешавад;
- 2. Ҳиссаи мактабҳои лоиҳа, ки ба стандартҳои ҳадди ақали сифат барои муҳити таълим тибқи Чаҳорчӯбаи таҳияшуда мувофиқат мекунанд – тақсимот аз рӯйи деҳот ва шаҳрҳо ҷудо карда шудаанд;
- 3. Таносуби синфхонаҳое, ки аз ҷониби лоиҳа дастгирӣ мешаванд, сифати беҳтари амалияи таълимро нишон медиҳанд (бо истифода аз воситаи мушоҳидаи дарс бо номи TEACH муайян карда шудааст) - аз рӯи минтақаҳои деҳот ва шаҳр тақсим карда шудааст.
- Қисматҳои лоиҳа
- Лоиҳа се қисматро дар бар мегирад. Қисмати аввал нигаронида шудааст ба (i) баррасии стандартҳову таҷрибаҳои мавҷудаи таълим ва омӯзиш, ки ба таҳияи чаҳорчӯби нав дар сатҳи миллӣ қабул гардида, дар мактабҳои лоиҳа амалӣ карда мешавад (муасссисаҳои таълимии лоиҳа дар доираи Қисмати 2 интихоб карда мешавад); (ii) равандҳои мониторинг ва арзёбии таълим ва омӯзиш дар сатҳи миллӣ баррасӣ ва бознигарӣ мегардад, то муассисаҳои таълимӣ масъулият эҳсос кунанд ва фаъолияти худро беҳтар кунанд; iii) баланд бардоштани сифати таълим ва омӯзиш дар синфхонаҳо тавассути такмили ихтисоси омӯзгорон ва бо назардошти чаҳорчӯби нави миллӣ. Қисмати дуюм мактабҳои интихобшударо дар самтҳои зерин дастгирӣ хоҳад кард: (i) аз нав сохтани инфрасохтори физикӣ, ки ба стандартҳои ҳадди ақали таълим ва омӯзиш, ки дар чаҳорчӯбаи нави миллӣ муайян шудаанд, мувофиқат мекунад ва ҳамзамон ба кам кардани басти омӯзиш ва зиёд кардани вақти таълиму омӯзиш мусоидат мекунад; (ii) навсозӣ бо мақсади беҳтар намудани сифати таълиму омӯзиш ва суръат бахшидани ҳамкорӣ бо дигар донорҳо. Қисмати сеюм иқтидори Вазорати маориф ва илмро рушд дода, баргузории баҳодиҳии омӯзишро дастгирӣ мекунад.
- ҚИСМАТИ 1: Таҳияи чаҳорчӯби миллии муҳити таълим ва омӯзиш барои беҳтар кардани таҷрибаи таълим ва омӯзиш
- Ҳадафҳои ин қисмат таҳия ва татбиқи чаҳорчӯби нави миллии муҳити таълим ва омӯзиш ва такмил додани таҷрибаи таълим дар синфҳо мебошад. Чаҳорчӯби миллӣ такмили усулҳои таълимро, ки бо муҳити таълим алоқаманданд, қоидаҳои такмилшуда ва аз нав дида баромадашудаи муҳити таълим дар мактабҳо, нақшаи маблағгузории татбиқи чаҳорчӯба дар сатҳи миллӣ ва механизмҳои кафолати сифат ва мониторингро барои таъмини татбиқи он дар бар мегирад. Омӯзгорон ва мутахассисони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи самараноки чаҳорчӯбаи нави миллӣ аз омӯзиш мегузаранд. Қисмати мазкур аз се зерқисмат иборат аст, ки дар зер оварда шудааст:
- Зерқисмати 1.1. Таҳияи чаҳорчӯби нави миллӣ барои муҳити таълим ва омӯзиш;
- Зерқисмати 1.2. Кор бо АНДСМ ва ВМИ барои рушди амалия ва тавонмандии мониторингу арзёбии муҳити таълим ва омӯзиш;
- Зерқисмати 1.3. Такмили амалия доир ба методҳои омӯзиш дар синф.
- ҚИСМАТИ 2: Баланд бардоштани сифат ва устувории муҳити таълим ва омӯзиш
- Мақсади ин қисмат беҳтар намудани муҳити таълим ва омӯзиш дар асоси чаҳорчӯби нави миллӣ барои муассисаҳои интихобшудаи Тоҷикистон мебошад, ки дар доираи Қисмати 1-и лоиҳа таҳия шудааст. Ин ба мактабҳои интихобшуда дар амалӣ намудани чорабиниҳои зерин мусоидат мекунад: (i) барқарорсозӣ ё ивазкунии биноҳо мувофиқи стандартҳои ҳадди ақал, (ii) навсозии муҳити таълим ва омӯзиш бо мақсади беҳтар намудани сифати таълим ва омӯзиш, аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо дигар донорҳо ва (iii) васеъ кардани шумораи синфхонаҳо барои кам кардани басти омӯзиш, ба ин васила зиёд кардани вақти таълиму омӯзиш ва фароҳам овардани имкониятҳои омӯзишӣ барои хонандагони сустхон ва пешниҳоди фаъолиятҳои беруназсинфӣ. Қисмати мазкур инчунин таъмини мактабҳои лоиҳаро бо маводи зарурии илмӣ ва технологияҳои иттилоотӣ барои таъмини стандартҳои муҳити муосири таълим ва омӯзиш дастгирӣ хоҳад кард.
- ҚИСМАТИ 3: Баланд бардоштани иқтидор дар арзёбии таҳсилот ва идоракунии лоиҳаҳо
- Мақсади қисмати 3 аз таҳкими иқтидори коршиносӣ ва институтсионалии кишвар дар гузаронидани арзёбии миллӣ ва байналмилалӣ ва баланд бардоштани иқтидори ҳукумат дар идоракунии лоиҳаҳо, мониторингу арзёбӣ иборат мебошад. Он аз ду зерқисмати зерин иборат аст:
- Зерқисмати 3.1. Арзёбии омӯзиш ва дастгирии техникӣ барои PISA ва арзёбии миллӣ;
- Зерқисмати 3.2. Идоракунии лоиҳа, мониторинг ва арзёбӣ.