ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ»
-
ИФТИТОҲИ МТМУ №13-И НОҲИЯИ СПИТАМЕН АЗ ҶОНИБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ИФТИТОҲИ МТМУ №13-И НОҲИЯИ СПИТАМЕН АЗ ҶОНИБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН 20 сентябри соли 2026, дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар ноҳияи Спитамен Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Иншооти мазкур дар деҳаи Янгиободи Ҷамоати деҳоти Турсун Улҷабоев дар доираи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» (LEARN) таъмиру азнавсозӣ гардида, барои 640 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Муассиса аз ду бино иборат буда, дорои 31 синфхона, аз ҷумла, лабораторияҳои физика, химия ва биология, синфхонаи компютерӣ, толори варзишӣ, толори маҷлис, ошхона ва маркази инкишофи кӯдак мебошад. Ҳамзамон, бино бо системаи гармидиҳӣ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассиса 83 ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда мешавад. Ифтитоҳи иншоот дар фазои тантанавӣ дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами муҳим дар самти фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи хонандагон ва беҳтар намудани муҳити таълим ба ҳисоб меравад.571
21.09.2026
-
Ба истифода додани мактаби №27-и ноҳияи Ёвон 26 августи соли 2026 бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27, воқеъ дар деҳаи Калфи Сабади ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон, дар доираи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» (LEARN) аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Муассиса дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шуда, барои 240 хонанда пешбинӣ шудааст. Бинои дуошёна дорои синфхонаҳои муосир, лабораторияҳо, синфхонаи компютерӣ, китобхона, ошхона ва дигар шароити зарурӣ мебошад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани мактаб 37 ҷойи кори доимӣ фароҳам гардид. Сохтмони мактаби нав дар доираи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» (LEARN) дар роҳи беҳтар намудани муҳити таълим ва шароити таҳсилу таълим барои хонандагону омӯзгорони деҳа саҳми муҳим мегузорад.694
28.08.2026
-
МУАРРИФИИ НАТИҶАҲОИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ» 5 майи соли 2026 мулоқоти ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Наврӯз Мирзозода бо ҳайати Миссияи кории Бонки умумиҷаҳонӣ ва намояндагони лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо аз раванди татбиқи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» дар Донишкада, баргузории рафти омӯзишҳо дар асоси маҷмӯи маводи таълимии курсҳои такмили ихтисос дар шакли модулӣ аз наздик шинос шуданд. Ҳайати миссияро намояндагони лоиҳа ва Бонки умумиҷаҳонӣ Тигран Шмис, Саураф Дев Бхатта, Алмира Закиева ҳамроҳӣ намуданд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз татбиқи самараноки бандҳои "Харитаи роҳ", азхудкунии маводи таълимӣ аз ҷониби шунавандагон, раванди омӯзишҳо ва омодагии тренеронро натиҷагирӣ намуда, самтҳои минбаъдаи рушди ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд.1008
05.05.2026