БАРНОМАИ ДАСТГИРИИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ II
-
Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дар таҳқиқоти байналмилалии PISA 2025-ро бо муваффақият ба анҷом расонид 15-уми январи соли 2026 дар шакли онлайн (MS Teams) ҷаласаи хотимавии PISA CBIS QTJ доир гардида, ба анҷоми расмии иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳқиқоти байналмилалии муқоисавии сифати таҳсилот PISA 2025 бахшида шуда буд. Дар ҷаласа намояндагони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, Шӯрои австралиягӣ оид ба таҳқиқоти таълимӣ (ACER), намояндагони Шӯрои идоракунии PISA (PGB), Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастаи миллии PISA, Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо, ширкати Eductrade, инчунин дигар шарикони миллӣ ва байналмилалӣ иштирок намуданд. Дар рафти вохӯрӣ расман тасдиқ карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми талаботи таҳқиқоти PISA 2025-ро бомуваффақият иҷро намуда, татбиқи ҳамаи чорабиниҳои ба нақша гирифташударо дар муҳлатҳои муқарраршуда ба итмом расонид. Шарикони байналмилалӣ сатҳи ҳамоҳангсозӣ, омодагии техникӣ ва ҷалби касбии дастаи миллии PISA ва Маркази миллии тестиро баланд арзёбӣ карданд. OECD ва ACER ба лоиҳаи “Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои дастгирии ҳамаҷонибаи молиявӣ ва техникӣ дар давоми тамоми давраи PISA 2025 миннатдорӣ баён намуданд. ACER инчунин ҳамкории самарабахш бо шарикони миллӣ ва рушди назарраси иқтидори институтсионалӣ ва касбии дастаи Тоҷикистон, аз ҷумла рушди салоҳиятҳои роҳбарӣ ва таҳлилиро қайд кард. Дар доираи муҳокимаҳо иштирокчиён оид ба масъалаҳои татбиқи таҳқиқот, таҳкими иқтидори миллӣ ва рушди таҷрибаи арзёбӣ мубодилаи афкор намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба аҳамияти таҷрибаи андӯхташуда, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва имкониятҳои иштироки минбаъдаи Тоҷикистон дар ташаббусҳои байналмилалии арзёбӣ зоҳир карда шуд. Намояндагони OECD аҳамияти стратегии маълумоти PISA-ро барои банақшагирии ислоҳоти оянда дар соҳаи маориф ва қабули қарорҳои асосноки идоракунӣ таъкид карданд. Инчунин дурнамои иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳлил ва паҳнкунии натиҷаҳои PISA 2025 дар соли 2026, инчунин иштироки эҳтимолии кишвар дар давраи PISA 2029 мавриди баррасӣ қарор гирифт.1468
19.01.2026
-
Арзёбии ташаккулдиҳанда ҳамчун воситаи рушди саводнокии функсионалии хонандагон 3 ноябри соли 2025 омӯзиши мавзӯии «Арзёбии ташаккулдиҳанда ҳамчун воситаи рушди саводнокии функсионалии хонандагон» баргузор гардид. Дар омӯзиш омӯзгорон, роҳбарони методии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва намояндагони шӯъбаҳои маориф иштирок намуданд. Ҳадафи асосии омӯзиш — баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи омӯзгорон оид ба татбиқи арзёбии ташаккулдиҳанда ва таҳкими саводнокии функсионалии хонандагон буд. Дар ҷараёни чорабинӣ коршиносони Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо ва коршиносони маҳаллӣ дар мавзӯъҳои гуногун суханронӣ намуданд. Казжанова Айгул, коршиноси калони байналмилалӣ оид ба таҳсилоти умумӣ (Лоиҳаи ИА), Холис Садурдинов коршиноси миллӣ меъёрҳои арзёбии ташаккулдиҳандаро дар фанҳои гуманитарӣ ва фанҳои дақиқ тавзеҳ доданд.1861
04.11.2025
-
Гурӯҳи ТИМК ва Барномаи Дастгирии Буҷет давраи омӯзишҳои тақвияти иқтидорро дар саросари Тоҷикистон идома медиҳанд Гурӯҳи ТИМК ва Барномаи дастгирии буҷет силсилаи омӯзишҳои тақвияти иқтидорро бо мақсади рушди таҳсилоти касбии фарогир ва бар асоси салоҳият дар саросари Тоҷикистон оғоз намудааст. Нахустин даври омӯзиш дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, дар он омӯзгорон, методистон ва тренерон аз шаҳр ва минтақаҳои ҳамсоя ширкат варзиданд. Давраи омӯзишҳо ҳамин ҳафта дар шаҳри Бохтар идома ёфта, имкониятҳои навро барои такмили малакаҳои касбӣ ва татбиқи усулҳои муосири таълимии мутобиқ ба ниёзҳои бозори меҳнат фароҳам меорад.1902
31.10.2025