БАРНОМАИ ДАСТГИРИИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ II
Дар бораи лоиҳа
Тавсиф
Маблағгузории Иттиҳоди Аврупо
БАРНОМАИ ДАСТГИРИИИ ТАЪЛИМИ БОСИФАТ II
Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баланд бардоштани натиҷаҳои таҳсил ва имконияти корёбии духтарону писарони ҷавони тоҷик бо диққати махсус ба гурӯҳҳои осебпазир.
Лоиҳаи “Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар доираи Барномаи дастгирии таҳсилоти бо сифат II (QESP II), ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, рӯзи 25 ноябри соли 2022 оғоз гардид. Ин лоиҳа аз ҷониби консорсиуми таҳти роҳбарии Eductrade (S.A.) амалӣ мегардад.
Лоиҳаи “Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба мушкилоти системавӣ дар соҳаҳои маориф ва бозори меҳнат тамаркуз намуда, ба рушди иқтидорҳои институтсионалӣ ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ мусоидат мекунад. Дар шароити бекории баланди ҷавонон ва номувофиқатии малакаҳо, барнома ҳадафҳои баланд бардоштани мувофиқати таҳсилоти салоҳиятнок, такмили системаи иттилоотии бозори меҳнат (LMIS) барои мувофиқ намудани талабот ва пешниҳоди малакаҳо ва таҳкими идоракунии низомҳо тавассути моделҳои маблағгузории фарогир ва ислоҳоти сиёсиро дар бар мегирад.
Қисмҳои асосии лоиҳа:
· Дастгирии иштироки аввалини Тоҷикистон дар арзёбии байналмилалии натиҷаҳои таълим (PISA) ва ҷорӣ намудани равишҳои нави арзёбӣ.
· Таҳия ва навсозии барномаҳои таълимӣ дар асоси салоҳият, ва барномаҳои омӯзиши омӯзгорон барои мутобиқ кардани таҳсилот ба ниёзҳои бозори меҳнат.
· Эҷоди шарикии давлат ва бахши хусусӣ (PPP) барои ҳамгироии таҷрибаи кории саноатӣ ба таҳсилоти касбӣ.
· Навсозии системаи иттилоотии бозори меҳнат (LMIS) барои қарорсозии боэътимод ва таҳияи сиёсати самарабахш.
· Пешбурди таҳсилоти баробар ва фарогир тавассути навовариҳои рақамӣ ва рушди иқтидор.
Дар мувофиқат бо стратегияҳои миллӣ ва Ҳадафҳои Рушди Устувори Тоҷикистон, ҳадафи лоиҳа ташкили қуваи кории устувор ва таъмини дастрасии баробар ба таҳсилоти босифат ва имкониятҳои шуғл равона мебошад.
Изҳороти Роҳбари лоиҳа
Аз номи Барномаи дастгирии таҳсилоти бо сифат II
Бароям шараф аст, ки фикру мулоҳизаҳои худро дар бораи корҳои зери роҳбарии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими соҳаи маориф баён намоям. Иттиҳоди Аврупо, тавассути Барномаи дастгирии таҳсилоти бо сифат II (QESP II), шарафманд аст, ки дастгирӣ ба ин кӯшишҳо, ки ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди маорифи Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030 мутобиқанд, саҳмгузорӣ мекунад.
Зери роҳбарии Вазорат, пешравиҳои назаррас дар беҳбуди сифати таҳсилот, мувофиқсозии он бо талабот ва фарогирии он дар Тоҷикистон ба даст омадаанд. Нақши лоиҳаи мо дар ин раванд иборат аз он аст, ки бо истифодаи аз захираҳо, пешниҳоди тахассуси техникӣ ва фароҳам овардани фазои муколама байни ҷонибҳои манфиатдор ба ҳалли мушкилоти мушаххас ҳамкорӣ кунем.
Дар як соли гузашта, зери назари стратегии Вазорат:
- Омодагӣ барои иштирок дар PISA 2025 карда шуд. Таъсиси Маркази миллии PISA ва омӯзиши зиёда аз 1,000 омӯзгор аз садоқати Вазоратро ба қабули стандартҳои байналмилалӣ барои беҳбуди натиҷаҳои таълим шаҳодат медиҳад.
- Барномаҳои таълимии модулӣ дар асоси салоҳият таҳия шуданд, ки ин ба мутобиқати таҳсилоти касбиро бо талаботи бозори меҳнат ва омода кардани хатмкунандагон ба шуғли пурсамар мусоидат мекунад.
- Таҳқиқотҳои васе, аз ҷумла Таҳқиқоти меҳнати кӯдакон, Таҳқиқоти корфармоён ва Таҳқиқоти пайгрии хатмкардагон, ба фаҳмиши равшани масъалаҳои муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ мусоидат карданд ва ба Ҳукумати Тоҷикистон имкон доданд, ки қонунгузории дар асоси маълумоти воқеӣ таҳия намояд.
Ин дастовардҳо на танҳо кори як барнома ё шарикӣ мебошанд, балки натиҷаи заҳмати муштараки мутахассисони садоқатманд дар Вазорат, муассисаҳои таълимӣ ва шарикони рушд мебошанд.
Дастгирии Иттиҳоди Аврупо тавассути QESP II танҳо як қисми хурди як стратегияи бузург ва дарозмуддат аст, ки аз ҷониби роҳбарон ва омӯзгорони Тоҷикистон пеш бурда мешавад. Нақши ман ва тамоми дастаи лоиҳа дар он аст, ки дар ҷойҳои зарурӣ дастгирӣ намоем ва бо Вазорат паҳлӯ ба паҳлӯ кор карда, барои расидан ба ҳадафҳои баробарӣ, сифат ва инноватсия дар маориф саҳмгузорӣ кунем.
Аз номи дастаи лоиҳа ва Иттиҳоди Аврупо, сипоси самимии худро ба Вазорати маориф ва илм барои роҳбарии устувораш ва ба ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, ки барои ташаккули ояндаи дурахшони хонандагони Тоҷикистон заҳмат мекашанд, изҳор медорам.
Борои мо шараф аст, ки шоҳиди ин тағйироти бузург бошем ва ба он мусоидат кунем. Ин кушишҳо таъсири дарозмуддат ба низоми маориф мегузоранд, ки ба наслҳои оянда манфиат меорад.
Бо эҳтироми зиёд,
Штефан Зиверт, Ph.D., MBA
Барномаи дастгирии таҳсилоти бо сифат II
Роҳбари лоиҳаи “Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Дастаи лоиҳа
Штефан Зиверт - Роҳбари лоиҳа
Айгул Казжанова - Мутахассиси асосӣ оид ба таҳсилоти умумӣ
Данило Анишенко - Коршиноси асосӣ оид ба таҳсилоти касбӣ
Лоиқҷон Миров - Мушовири миллӣ оид ба бозори меҳнат
Микаела КЕТС - Коршиноси байналмалалӣ оид ба таҳсилоти касбӣ
Нигора Лашкарова - Мушовири калони, Шурои ҳамоҳангсозии донорҳо дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Холис Садурдинов - Мушовири калони миллӣ
Музафаров Ҳиматшо - Мутахассиси мониторинг ва арзёбӣ
Шерали Гурезов - Мушовири миллӣ оид ба таҳсилоти умумӣ
Гуля Холмахмадзода - Ҳамоҳангсози лоиҳа
Илҳом Хашимов - Мутахассиси логистика ва коммуникатсия
Юлдашева Аиша - Ассистенти лоиҳа