Ҳ. Вализода: 48,2 фоизи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба низоми кредитии таҳсил гузаштанд

04-04-2018
Дар шароити ҷаҳонишавии таҳсилот дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ татбиқи низоми кредитии таҳсилот ба миён омадааст. Низоми мазкур имкон фароҳам меорад, ки  мутахассисони  рақобатпазир на танҳо  барои бозори дохилӣ, балки бозори ҷаҳонии меҳнат омода карда шаванд. Амалишавии ҳадафи мазкур ислоҳоти куллии низоми таҳсилоти касбиро тақозо мекунад. Дар раванди татбиқи низоми кредитии таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи касбӣ баҳисобгирии хусусиятҳои миллӣ муҳим мебошад. Омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи низоми кредитӣ нишон медиҳад, ки ҳар яке аз ин низомҳо афзалият ва камбудиҳои худро дошта, истифодаи онҳо бе ворид намудани тағйироту иловаҳо (бо дарназардошти хусусиятҳои миллии ин ё он мамлакат) болоравии сифати таълимро таъмин карда наметавонад. Вобаста ба амалишавии низоми кредитӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешравӣ ва мушкилот дар ин самт суҳбате доштем бо сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми кишвар Ҳокимхон Вализода, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.
- Муҳтарам Ҳокимхон Вализода! Нахуст дар бораи муҳимияти гузариш ба низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ маълумот медодед.
- Таҷрибаи мамлакатҳои мутараққӣ дар соҳаи маориф нишон медиҳад, ки гузариш ба низоми кредитии таҳсилот болоравии сифати таълим ва ҳавасмандии донишҷӯёнро нисбат ба донишандӯзӣ ва инкишофи тафаккури интиқодӣ таъмин менамояд. Ҳамчунин, низоми кредитии таҳсилот яке аз омилҳои пайдо намудани ҷойҳои корӣ дар хориҷи кишвар маҳсуб меёбад.
Маълум аст, ки ҳадафи асосии гузариш ба низоми кредитии таҳсилот таъмини болоравии сифати таълим мебошад. Дар қатори вазифаҳои асосие, ки дар панҷ Баёния (декларатсия)-и Болония дарҷ ёфтаанд, ба таъмини болоравии сатҳи сафарбаршавии донишҷӯёну устодон, интихоби озодонаи самти таҳсилот, эътирофи дараҷаҳои академӣ ва касбии ҳамдигар аҳамияти махсус дода шудааст. Иҷрои бомуваффақияти ин вазифаҳо бе ташкили низоми кредитии  миллии самарабахши кафолати сифати таҳсилот ғайриимкон аст. 
- Маълум аст, ки барои роҳандозии ҳар гуна низоми нав таҳияи заминаҳои ҳуқуқии он муҳим аст. Имрӯз барои амалишавии низоми кредитии таҳсилот чӣ корҳо ба сомон расонида шудааст?
- Айни замон дар ҷумҳурӣ 66 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷ) (54 муассисаи таълимии давлатӣ ва 12 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ) аз рӯйи 166 ихтисос ва 7 равия (техникӣ-технологӣ, омӯзгорӣ, тиббӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ, варзиш ва ҳуқуқ) мутахассис омода менамоянд.
Вобаста ба иҷрои банди 1 - и номгӯи чорабиниҳои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008–2015 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2007, №529) доир ба гузариши муттасили муассисаҳои таҳсилоти миёна ба низоми кредитии таҳсил аз тарафи Вазорати маориф ва илми кишвар  як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд.
Бо мақсади ба танзим даровардани фанҳои блоки 1 ва 2-и нақшаҳои таълимӣ “Талаботи минимуми ҳатмии Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва табиию риёзӣ дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо  нишон додани ҳаҷми кредит тасдиқ гардид. Миқдори умумии кредитҳо (соатҳо)-и аудиторӣ барои тайёр намудани мутахассисони таҳсилоти миёнаи касбии муҳлати таҳсилашон 3 - сола 180 кредит (4320 соат) ва муҳлати таҳсилашон 4 - сола 240 кредит  (5760  соат)-ро ташкил менамояд.
Дар робита бо қабули ҳуҷҷати мазкур Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва Таснифоти самту ихтисосҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 01.10.2016, №418) ба тасвиб расид. 
Инчунин, Низомнома оид ба ташкили раванди низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия гардида, бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28.07.2017, №11/35) тасдиқ карда шуд.
Ҳаҷми меҳнатталабии фаъолияти таълимии донишҷӯён вобаста ба азхудкунии барномаҳои таълимии фанҳо ба ҳисоби 1 кредит дар низомномаи пештара агар 16 соатро ташкил дода бошад, пас дар низомномаи нави тасдиқшуда, 1 кредит 24 соат муқаррар карда шудааст.
Ҳамзамон, тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, 78 номгӯйи стандартҳои давлатии тахассусӣ аз рӯйи ихтисос бо қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илм тасдиқ ва дастраси муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ гардидаанд. 
Дар асоси “Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Талаботи минимуми ҳатмии Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва табиию риёзӣ” соли 2017 нақшаҳои таълимӣ дар заминаи таҳсилоти миёнаи асосӣ (синфи 9) ва таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) таҳия карда шудааст.
Инчунин, бо ҷалби мутахассисони дараҷа ва унвони илмидошта барномаҳои таълимии фанҳои блоки якум ва дуюми нақшаҳои таълимӣ (дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ) таҳия шуда, 15 номгӯйи он (забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони хориҷӣ (англисӣ), фалсафа, тарбияи ҷисмонӣ, сотсиология, диншиносӣ, сиёсатшиносӣ, мантиқ, экология, география ва асосҳои демографии Тоҷикистон, мудофиаи шаҳрвандӣ, технологияи информатсионӣ, консепсияҳои табиатшиносии муосир ва таърихи халқи тоҷик) аз Шӯрои миллии таҳсилот гузаронида, бо қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илм (аз 28.07.2017) тасдиқ гардиданд.
Ҳамчунин, ҷиҳати ба танзим даровардани раванди таълими низоми кредитии таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ як қатор ҳуҷҷатҳо: варақаи холгузории кори (лоиҳаи) курсӣ, варақаи холгузории таҷрибаомӯзӣ, варақаи санҷиши фосилавӣ, журнали қайди дарсҳо ва давомоти донишҷӯён, маълумотномаи академӣ, нақшаи таълими фардӣ, транскрипт (маълумотномаи академӣ) омода ва дастраси муассисаҳои таълимӣ гардид.
- Яке аз масъалаҳое, ки ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст, пурра нагузаштани муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба низоми кредитӣ мебошад. Чанд муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба низоми мазкур гузаштаанд?
-Аз оғози соли таҳсили 2013-2014 ҷиҳати ба таври заминавӣ (пилотӣ) гузаштани як ихтисос ба низоми кредитии таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз 19.02.2013, №14/2-611 мактуб ирсол карда шуда буд. Соли таҳсили 2013-2014 аз 53 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ 18 муассисаи таълимӣ (34,0 %) аз 1 то 3 ихтисос ба ин низоми таҳсил гузаштаанд.
Айни замон аз 66 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ 28 муассисаи таълимӣ (42,4 %) пурра ба низоми кредитии таҳсилот гузашта, 38 муассисаи дигар дар ҳолати гузариш ба низоми мазкур қарор доранд. 
Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии соҳаҳои тиббӣ, кишоварзӣ, варзиш ва фарҳанг бо вуҷуди дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин низоми таҳсил то ҳол нагузаштаанд.
Агар гузариши муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи касбиро ба низоми кредитии таҳсилот аз рӯйи ихтисосҳои амалкунанда дар минтақаҳо таҳлил намоем, дар вилояти Хатлон 19 ихтисос, вилояти Суғд 51 ихтисос, шаҳри Душанбе 53 ихтисос ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 36 ихтисос ба низоми кредитӣ гузаштаанд, ки дар маҷмӯъ 48,2 фоизи ихтисосҳои амалкунандаи ин зинаи таҳсилотро ташкил медиҳад.
- Дар самти гузариш ба низоми кредитии таҳсилот чӣ мушкилот мавҷуд аст?
- Ҷиҳати татбиқи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуда бошад ҳам, то ҳол як қатор мушкилот ҷой доранд. Ҳанӯз ҳам дар аксари муассисаҳои таълимӣ раванди қабули санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои ҷорӣ тибқи талабот ба роҳ монда нашудааст. Бинобар сабаби норасоии компютер ва дигар таҷҳизоти техникӣ, инчунин, дастрас нашудани барномаи махсуси компютерӣ дар санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳо санҷиши тестҳо аз ҷониби омӯзгорон дастӣ ба амал бароварда мешавад. Чунончи, дар коллеҷҳои омӯзгории ноҳияи Қубодиён, Зафаробод, Мастчоҳ, шаҳрҳои Конибодом, Ҳисор, Панҷакент, Турсунзода, Қӯрғонтеппа, коллеҷҳои кӯҳии ба номи С. Юсупова, муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод, муҳандисию техникии шаҳри Роғун, металлургии шаҳри Турсунзода бо ҳамин тарз қабул карда мешаванд.
Бо мақсади муайян намудани сатҳи дониши донишҷӯён дар муассисаҳои таълимӣ ҳар нимсола ҷамъбасти сессия ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод карда мешавад. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки сатҳи дониши донишҷӯён дар низоми кредитии таҳсилот 93,6 %-ро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба азхудкунии донишҷӯён дар низоми анъанавӣ 0,8 %  (92,8 %) зиёд аст. 
Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани раванди таълим дар низоми кредитии таҳсилот тибқи Низомнома оид ба ташкили раванди низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки дар сохтори муассисаҳои таълимӣ воҳидҳои кории иловагӣ ташкил карда шавад. Мутаассифона, дар аксари муассисаҳои таълимие, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, ҷиҳати ҷудо намудани ҷойҳои иловагии воҳиди корӣ монеа эҷод менамоянд. 
Дар муассисаҳои таълимие, ки аз рӯйи низоми кредитии таҳсилот фаъолият менамоянд, маркази тестӣ, офиси бақайдгиранда ва эдвайзерҳо ташкил карда шудаанд, ки аз ҳисоби суратҳисоби махсуси муассисаи таълимӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.
Бинобар сабаби аз ҳисоби суратҳисоби махсуси муассисаҳои таълимӣ маблағгузорӣ шудани воҳидҳои корӣ дар коллеҷҳо шумораи эдвайзерҳо вобаста ба теъдоди донишҷӯён муқаррар карда нашудааст, ки ин амал ба раванди таълим дар низоми мазкур таъсири манфӣ мерасонад.
Бо назардошти пурра ба ин низом гузаштани муассисаҳои таълимӣ зарур аст, ки сохтор ва воҳидҳои кории муассисаҳои таълимиро новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм аз ҷониби муассис тасдиқ карда шуда, маблағгузорӣ дар асоси он ба роҳ монда шавад.
- Низоми кредитии таҳсил аз низоми анъанавии таҳсил чӣ бартариву афзалият дорад?
- Бартарии низоми кредитии таҳсилот аз низоми анъанавии таҳсил, пеш аз ҳама, дар сарфаи вақт ва ҳавасмандии корҳои мустақилонаи донишҷӯён буда,  характери рӯякӣ аз худ кардани донишро аз даст дода, боиси бошуурона аз худ кардани малакаҳои дониш мегардад, сабаби баланд гардидани сифати таълим ва зиёд шудани музди меҳнати устодон мешавад, мавҷудияти ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили порагирӣ, ришвахӯрӣ, қасдгирӣ ва ғайра аз байн меравад, баҳогузории объективонаро ба дараҷаи дониши донишҷӯён таъмин менамояд, барои озодии интиқодӣ ва равандҳои демократӣ мусоидат менамояд.
Хулоса, низоми кредитии таҳсилот афзалияти зиёд дошта, иштироки бевоситаи донишҷӯ дар таҳияи нақшаи фардии таълим, муайян намудани самти таҳсили ӯ, имкони озодона интихоб намудани қисми фанҳои дар нақшаи таълимӣ дарҷёфта, таъсиси хадамоти машваратчиёни академӣ (эдвайзерҳо ва тюторҳо) бо мақсади ёрирасонӣ ба донишҷӯён дар интихоби фанҳои таълимӣ, истифодаи низоми нави баҳодиҳӣ тибқи холҳо, мустақилият ва озодии академии факултаҳо, кафедраҳо ва устодон дар ҷодаи ташкили раванд ва интихоби усулҳои таълим, баҳисобгирии дараҷаи  меҳнатталабии кори таълимии устодон на аз рӯи вақт (соатҳои дарсӣ), балки аз рӯи ҳаҷми маводи дарсии ба донишҷӯ расонидашуда, ба роҳ мондани раванди таълим тавассути истифодаи технологияи иттилоотии муосир, болоравии сатҳи такмили ихтисоси устодон ва сифати дарсдиҳии онҳо, ба роҳ мондани усули қабули имтиҳонҳои ҷорӣ, фосилавӣ ва ҷамъбастӣ, интихоби устодон аз тарафи донишҷӯён, имкони гузаштани  як муассисаи таълимӣ ба муассисаи дигар, аз як донишгоҳ  ба донишгоҳи дигар, аз як барнома ба барномаи (ихтисос)-и дигарро ба донишҷӯ таъмин менамояд.
Суҳбаторо
Насриддин ОХУНЗОДА