1-УМИ СЕНТЯБР – ДАРСИ СУЛҲ

01-09-2019
Ҳамасола дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи якуми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш таҷлил карда мешавад. Ҳузури бевоситаи Пешвои миллат ба муассиҳои таълимӣ ва баргузор кардани Дарси сулҳ ба аҳли устодону корманди соҳаи маорифу илм рӯҳияи тоза мебахшад.
Рӯзи якуми сентябри соли 2019 кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дарси сулҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Рӯзи дониш, ки зимни ифтитоҳи бинои нави Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, тариқи шабакаҳои телевизионӣ тамошо намуданд.
Пешвои миллат дар сухани табрикотии хеш устодону омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ, падару модарон ва бахусус кӯдаконе имсол ба боргоҳҳои маърифат қадами нахустин мегузоранд табрик намуда иброз доштанд, ки дар оғози соли нави таҳсил яъне дар рӯзе, ки мо ба донишу маърифат ҳамчун калиди худогоҳиву бедорӣ ва ибтикору созандагӣ арҷ мегузорем нерӯи ақлу хирад, донишу маърифат ва иродаву садоқат роҳи шуморо дар идома додани корномаи бузургони гузаштаи миллати тоҷик равшан хоҳад кард.
Бояд қайд кард, ки ҳайати омӯзгорону кормандон ва хонандагон Дарси сулҳи Пешвои миллатро дар тамоми муассисаҳои таълимӣ мустақиман тамошо намуданд.
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО